Тафсири Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон

№119 -120 (3420-3421) 07.09.2015

Маҳкам Маҳмудзода

 Бахтиёр Худоёрзода

тафсир(Идома аз шумораҳои гузашта)

Моддаи 56.     Ҳуқуқи кӯдак барои муошират бо падару модар ва дигар хешу ақрабо

1. Кӯдак ҳуқуқи муоширатро бо падару модар, бобо, бибӣ (модаркалон), бародарону хоҳарон ва дигар хешу ақрабо дорад. Бекор кардани ақди никоҳ аз ҷониби падару модар, беэътибор донистани он ё зиндагии ҷудогонаи падару модар ба ҳуқуқи кӯдак таъсир намерасонад.

Дар сурати ҷудо зиндагӣ кардани падару модар кӯдак ҳуқуқ дорад, ки бо ҳар кадоми онҳо муошират кунад. Кӯдак инчунин ҳуқуқ дорад дар сурати дар давлатҳои мухталиф зиндагӣ кардани падару модар ва баъди бекор кардани ақди никоҳ низ бо онҳо муошират кунад.

2. Фарзанде, ки дар ҳолати фавқулода қарор дорад (ҳангоми дастгир кардан, ҳабс, дар маҳбас нигоҳ доштан, дар муассисаи тиббӣ будан ва ғайра) мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи қонун барои муошират бо падару модар ва дигар хешу ақрабои худ ҳуқуқ дорад.

Ҳуқуқи кӯдак барои муоширати мунтазам ва доимӣ бо падару модар ва хешу табор ба тарбияи ӯ бетаъсир намемонад. Дар амал иҷро шудани ин ҳуқуқ ба рӯҳан инкишоф ёфтани кӯдак кумак мерасонад. Инчунин ба амали ҳуқуқи номбурдаи кӯдак муҳити худи оила таъсир расониданаш мумкин аст. Лекин аз рӯи талаботи қонун агар ақди никоҳи падару модари кӯдак бекор ё беэътибор ҳисоб карда шавад ё ин ки падару модараш ҷудо зиндагӣ кунанд ҳам, ин ҳолат ба ҳуқуқи кӯдак оид ба муошират таъсир намерасонад. Бояд қайд кард, ки муоширати кӯдак бо падару модар ва хешу ақрабояш набояд зидди манфиати ӯ бошад ва ба тарбияи дурусти кӯдак набояд таҳдид кунад. Барои ҳамин ҳам қонунгузор ҳолатҳои манъ кардан ва то як вақти муайян ба таъхир гузоштани муоширати кӯдакро бо падару модар пешбинӣ намудааст.

Новобаста аз он ки падару модар ҷудо зиндагӣ дошта бошанд ҳам, кӯдак ҳуқуқи бо ҳар кадоми онҳо муошират карданро дорад. Дар ҳаёт чунин мешавад, ки падар ва модари кӯдак дар давлатҳои гуногун зиндагӣ мекунанд, ё ин ки никоҳи онҳо бекор мегардад. Ба ин ҳолат нигоҳ накарда кӯдак аз ҳуқуқи муошират маҳрум намегардад. Вай ба таври мунтазам бо падару модараш ҳуқуқи муошират карданро дорад. Чунин ҳуқуқи кӯдак дар моддаи 10 Конвенсия дар бораи ҳуқуқи кӯдак сабт шудааст. Талаботи ин меъёри байналмилалиро давлатҳои онро эътирофнамуда ҳатман риоя менамоянд. Мутобиқи қисми 2 моддаи 10 Конвенсияи номбурда кӯдаке, ки падару модараш дар давлатҳои мухталиф зиндагӣ менамоянд, ҳуқуқ дорад, ки ба таври мунтазам бо онҳо муошират намояд. Бо ин мақсад давлатҳои иштирокчии ин Конвенсия уҳдадоранд, ки ҳуқуқи кӯдак ва падару модари онро оид ба тарк кардани давлатҳои мухталиф, аз ҷумла давлати худ ва ба мамлакати худ баргаштанро эҳтиром намоянд. Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирокчии ин Конвенсия аст ва уҳдадориҳои ба зимма гирифтаашро иҷро менамояд.

Қисми 2 моддаи 56 КО Ҷумҳурии Тоҷикистон баъзе аз ҳолатҳои фавқулодаро номбар намуда таъкид менамояд, ки ҳуқуқи кӯдак дар хусуси муошират бо падару модар ва хешу ақрабояш бо тартиби муқарраркардаи қонун амалӣ мешавад. Ба ҳолатҳои фавқулода афтидани кӯдак, ба монанди дастгир кардан ва ба ҳабс гирифтани кӯдак бо меъёрҳои КМҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба низом дароварда шудааст. Яъне, дар ин маврид ноболиғ барои содир кардани ҷиноят гумонбар мебошад. Дар ҳамин ҳолат ҳам қонунгузор кӯдакро аз ҳуқуқи муошират бо падару модар ва хешу ақрабояш маҳрум намесозад. Оид ба татбиқи ин ҳуқуқи кӯдак КМҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби махсус пешбинӣ кардааст. Мутобиқи талаботи моддаи 412 (ба шахсони дастгиршуда иҷозат додани мулоқот), моддаи 424 (тартиби додани иҷозати мулоқот бо шахсоне, ки ба ҳабс гирифта шудаанд) КМҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ноболиғони дастгиршуда ва маҳбус бо иҷозати шахсони мансабдор ва мақомоте, ки бо пешбурди парванда машғуланд, ба ноболиғон барои мулоқот бо падару модар ва хешу ақрабояш имконият дода мешавад.

Дар мавриде, ки ноболиғ маҳкум шудааст ва дар колонияҳои тарбиявӣ муҳлати ҷазо адо менамояд, он гоҳ ба танзим даровардани масъалаҳои додани иҷозат ба ноболиғ барои муошират бо падару модар ва хешу табораш салоҳияти Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Ба маҳкумшудагони ноболиғ мутобиқи қисми 3 моддаи 63 Кодекси номбурда мулоқоти кӯтоҳмуддат бо падару модар ва ё ашхоси ивазкунандаи онҳо як маротиба дар як моҳ бо давомнокии то се соат иҷозат дода мешавад.

Номгӯи ҳолатҳои фавқулода маҳдуд нест ва он дар ҳар як маврид мушаххас ифода меёбад. Барои ҳамин ҳам ҳуқуқи муоширати кӯдак дар ҳолатҳои дигари фавқулода бо соҳаҳои мухталифи қонун ба таври мушаххас ба низом дароварда мешавад.

(Давом дорад)