Тафсири кодекси оилаи ҷумҳурии Тоҷикистон

№№ 137-138 (3438-3439) 17.10.2015

Маҳкам Маҳмудзода

Бахтиёр Худоёрзода

тафсир(идома аз шумораҳои гузашта)

Моддаи 64.  Ҳуқуқу уҳдадориҳои падару модар ба ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои фарзандон

1. Ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои кӯдакони ноболиғ ба зиммаи падарӣ, модарӣ онҳо гузошта мешавад.

Падару модар намояндагони қонунии фарзандони худ буда ҳуқуқу манфиатҳои онҳоро бе ваколатҳои махсус дар муносибат бо ҳама гуна шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, аз ҷумла дар судҳо ҳимоя менамоянд.

2. Падару модар наметавонанд аз ҳуқуқи фарзандони худ намояндагӣ кунанд, агар мақоми васоят ва парасторӣ муқаррар карда бошад, ки байни манфиатҳои падару модар ва фарзандон ихтилоф вуҷуд дорад. Дар сурати ихтилофот байни падар ё модар ва кӯдакон мақоми васоят ва парасторӣ вазифадоранд ҷиҳати ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои кӯдакон намоянда таъин кунанд.

Падару модар ҳифзи ҳуқуқу манфиати кӯдакони ноболиғро ба уҳда доранд. Онҳо ин уҳдадориро барои он иҷро мекунанд, ки кӯдакони ноболиғ қобилияти амалкунии пурра надоранд ва ба ҳимояи пурраи падару модар (шахсони онҳоро ивазкунанда) муҳтоҷ мебошанд, бе ҳимоя намонанд. Падару модар ҳуқуқҳои дар моддаҳои 55-58 ва 60 КО Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишудаи кӯдаконро, инчунин дигар ҳуқуқҳои онҳоро, ки аз муносибатҳои ҳуқуқии гражданӣ, маъмурӣ, меҳнатӣ ва дигар муносибатҳои ҳуқуқӣ бармеоянд, вазифадоранд ҳимоя намоянд. Дар иҷрои вазифа оид ба ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои кӯдакон падар ва модар ҳуқуқи баробар доранд. Яъне, ҳам падар ва ҳам модар ҳимояи ҳуқуқу манфиати кӯдакро анҷом дода метавонанд. Усулҳои ҳимояи ҳуқуқи кӯдакон ҳамчун аъзои оила гуногун мешаванд. Вобаста аз он ки кадом ҳуқуқи субъективии шахсӣ ё амволии кӯдак вайрон шудааст, ба ҳамон мувофиқ усули ҳимоя татбиқ мегардад. Усулҳои ҳимоя дар моддаи 8 КО Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври мукаммал шарҳ дода шудааст. Воситаҳои ҳимояи ҳуқуқ – ариза, даъво, шикоят мебошанд. Баҳри ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои кӯдак, падару модар аз воситаҳои номбурда истифода менамоянд.

Уҳдадориҳои падару модар оид ба ҳифзи ҳуқуқу манфиат­ҳои кӯдаконашон дар қонун муқаррар шудааст. Аз ин рӯ, онҳо намояндаи қонунии фарзандони ноболиғи худ мебошанд. Барои ҳамин ҳам падару модар бе ягон ваколатҳои махсус (дар асоси шиносномаи худ ва шаҳодатномаи таваллуди кӯдак) дар муносибат бо мақомоти ҳокимияти иҷроия, мақоми асноди ҳолати шаҳрвандӣ, мақоми таъминоти иҷтимоӣ, нотариат, прокуратура, милиса, суд ва дигар шахсони ҳуқуқӣ, инчунин нисбати шахсони воқеӣ ҳуқуқу манфиатҳои кӯдакони ноболиғашонро ҳимоя менамоянд.

Падару модар дар муносибатҳои ҳуқуқии граждании ба вуқӯъ омада, ҳуқуқ ва манфиатҳои кӯдаконро аз рӯи талаботи қонунгузории гражданӣ ҳимоя менамоянд. Онҳо ҳамчун намояндаи қонунӣ аз номи фарзанди хурдсолашон аҳдро анҷом медиҳанд. Лекин онҳо чунин ваколатро нисбати фарзандони аз 14 то 18-сола надоранд. Падару модар нисбати кӯдакони аз 14 то 18-сола дар муносибатҳои ҳуқуқии гражданӣ баромад карда, барои бастани аҳдномаи фарзандашон бо шахси дигар розигии хаттӣ медиҳанд. Яъне, онҳо аз рӯи талаботи моддаҳои 27, 29 ва 38 КГ Ҷумҳурии Тоҷикистон амал мекунанд. Дар ин бора ҳангоми тафсири қисми 3 моддаи 60 КО Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумоти пурра дода шудааст.

Падару модар инчунин намояндагиро дар мурофиаи граж­данӣ дар суд иҷро менамоянд (моддаи 109 КМГ Ҷум­ҳурии Тоҷикистон). Ноболиғони то 14-сола қобилияти амали мурофиавӣ надоранд. Дар ин маврид онҳо аз номи ин но­болиғон амалиётҳои мурофиавиро иҷро менамоянд. Нобо­лиғони аз 14 то 16-сола худашон танҳо ҳуқуқи пешбурди парвандаро надоранд ва дар он намояндагии падару модар ҳатмист. Лекин дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонун доир ба парвандаҳои аз муносибатҳои ҳуқуқии гражданӣ (моддаҳои 22, 27 ва 28 КГ Ҷумҳурии Тоҷикистон), меҳнатӣ (моддаҳои 27 ва 176 КМ Ҷумҳурии Тоҷикистон), оилавӣ (моддаҳои 57, 142 ва 153 КО Ҷумҳурии Тоҷикистон), маъмурӣ (моддаҳои 24, 28 ва 770 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон) ва дигар муносибатҳои ҳуқуқӣ ба вуқӯъ омада, ноболиғони аз 14 то 18 — сола ҳуқуқи шахсан ҳимоя кардани ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии худро дар суд доранд. Дар ин маврид иштироки падару модар дар мурофиа ба салоҳдиди суд гузошта шуда, ҳуқуқи намояндагии падару модар аз расонидани кӯмак ба фарзандони ноболиғашон иборат аст.

Падару модар инчунин дар мурофиаи ҷиноятӣ низ ба сифати намояндаи қонунии фарзандонашон дар тафтишоти пешакӣ ва суд баромад менамоянд (моддаҳои 49, 202, 207, 251, 329 ва дигар моддаҳои КМҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон).

Дар таҷрибаи зиндагӣ байни манфиати падару модар ва фарзандони ноболиғ ихтилофот вобаста ба муносибатҳои шахсӣ ё амволӣ ба вуҷуд омаданаш аз эҳтимол дур нест. Қисми 3 моддаи 64 КО Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар кардани чунин ихтилофотро ба салоҳияти мақоми васояту парасторӣ гузоштааст. Одатан ихтилофоти пайдошуда дар дохили оила ҳалли худро меёбад. Лекин вақте ки ихтилофот моҳиятан ҳуқуқи ноболиғро вайрон мекунад, он гоҳ ба падару модар ҳифзи ҳуқуқи кӯдакони ноболиғро бовар кардан мумкин нест. Мақоми васоят ва парасторӣ ин ихтилофотро муайян карда, вазифадор аст, ки барои ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии кӯдак намоянда таъин кунад.

Аз рӯи талаботи қонуни гражданӣ падару модар набояд аҳдеро банданд, ки боиси аз даст додани ҳуқуқи фарзанди ноболиғашон гардад. Масалан, вобаста аз ҳуқуқи фарзанди ноболиғ оид ба гирифтани мерос. Яке аз падару модар намояндагии фарзанди ноболиғи худро ба уҳда дорад. Дар суд пешбурди парванда оид ба баҳси мерос байни фарзанди ноболиғ ва хешу табори наздики ӯ (падару модараш) қарор дорад. Пас намояндаи қонунӣ барои хешу табори наздикаш низ манфиатдор аст. Дар ҳолати номбурда аз даъво даст кашидани намояндаи қонуниро ба манфиати хешу табори наздики худаш суд набояд қабул кунад, чунки он зидди ҳуқуқ ва манфиати қонунии фарзанди ноболиғ аст. Чунин маҳдуд кардани ҳуқуқи намояндаи қонунӣ кафолат додан ва таъмин кардани ҳуқуқу манфиатҳои қонунии кӯдакони ноболиғ мебошад.

 (Давом дорад)