Тафсири Кодекси оилаи ҷумҳурии Тоҷикистон

№143 (3444) 27.10.2015

Маҳкам Маҳмудзода

Бахтиёр Худоёрзода

тафсир(идома аз шумораҳои гузашта)

Моддаи 66.  Татбиқи ҳуқуқу уҳдадориҳои падару модар аз ҷониби падар ё модаре, ки аз фарзандаш ҷудо зиндагӣ мекунад

1. Падар ё модаре, ки аз фарзанд ҷудо зиндагӣ мекунад, барои муошират бо кӯдак ҳуқуқ дорад ва вазифадор аст дар тарбияи ӯ ва ҳалли масъалаи гирифтани таҳсилоти кӯдак иштирок намояд.

Падар ё модаре, ки фарзанд бо ӯ зиндагӣ мекунад, набояд монеи муоширати фарзанд бо падар ё модар бошад.

2. Падару модар метавонанд дар хусуси тартиби татбиқи ҳуқуқу уҳдадориҳои худ аз ҷониби падар ё модаре, ки ҷудо зин­дагӣ мекунад, созишномаи хаттӣ банданд.

Агар падару модар мувофиқа карда натавонанд, баҳсро суд бо талаби падару модар (яке аз онҳо), бо иштироки мақоми васояту парасторӣ ҳал менамояд.

3. Дар сурати иҷро накардани ҳалномаи суд, нисбати падар ё модари гунаҳкор чораҳои пешбининамудаи қонунҳои мурофиаи гражданӣ татбиқ мешаванд. Ҳангоми қасдан иҷро накардани ҳалномаи суд, бо дарназардошти манфиати кӯдак ва фикру хоҳиши ӯ суд метавонад бо талаби падар ё модаре, ки ҷудо зиндагӣ мекунад, дар хусуси ба ӯ додани кӯдак ҳалнома қабул намояд.

Падар ё модаре, ки аз кӯдак ҷудо зиндагӣ мекунад, ҳуқуқ дорад аз муассисаҳои тарбиявӣ, табобатӣ ва ғайра дар хусуси фарзанди худ маълумот гирад. Ин гуна маълумот он гоҳ дода намешавад, ки ба ҳаёт ва саломатии кӯдак аз тарафи падар (модар) таҳдид мавҷуд бошад. Оид ба дода нашудани маълумот ба суд шикоят кардан мумкин аст.

Дар мавриди аз ҳамдигар ҷудо зиндагӣ кардани падару модар воқеан кӯдак дар оилаи пурра зиндагӣ намекунад. Кӯдак бо яке аз падару модаре, ки бо ӯ якҷоя зиндагӣ мекунад, дар иртиботи доимӣ буда, дар шароити фароҳам овардаи ӯ тарбия меёбад. Аз ҳуқуқи падару модар истифода кардани падар ё модаре, ки ҷудо зиндагӣ мекунанд ва мунтазам зоҳир кардани ғамхорӣ ба кӯдак ба манфиати ӯ мебошад. Чунин падар ё модар дар тарбияи кӯдак иштирок намуда, ба ташаккул ёфтани кӯдак ҳамчун шахсият кумак мерасонад. Падар ё модари ҷудо зиндагӣ мекардагӣ вазифадор аст, ки дар ҳалли масъалаи аз ҷониби кӯдак гирифтани таҳсилот бо роҳи додани тавсия, таклиф оид ба интихоби шакли муассисаи таълимӣ, шакли таълим ва ҷиҳати таъмини кӯдак бо маводи таҳсил иштирок намояд. Чунин тарзи иштироки падар ё модари ҷудо зиндагӣ мекардагӣ дар таълими кӯдак аз он шаҳодат медиҳад, ки воқеан ӯ имконияти пурра аз ҳуқуқҳои худ истифода карданро надорад, чунки ӯ бо кӯдак вақти камтар мегузаронад. Интихоби шакли муассиса ва таълими кӯдак бевосита аз падару модари бо кӯдак якҷоя зиндагӣ мекардагӣ вобаста аст.

Муоширати падар ё модари ҷудо зиндагӣ мекардагӣ бо кӯдакаш ҳуқуқи шахсиаш мебошад ва он бояд ба нафъи тарбияи кӯдак истифода шавад. Дар ин маврид падар ё модаре, ки фарзанд бо ӯ зиндагӣ дорад, ба тарафи дигар дар муоширати вай бо фарзандаш ҳуқуқи монеа бавуҷуд овардан надорад. Хусусан агар асоси мамониат ба муошират хусумати шахсии байни падару модар бошад, ба он роҳ додан бар зарари тарбияи кӯдак аст. Агар муоширати падар ё модари ҷудо зиндагӣ мекардагӣ бо кӯдак бар зарари ҷисмонӣ, саломатии рӯҳӣ ва рушду камоли кӯдак анҷом дода шавад, он гоҳ манфиати кӯдак талаб мекунад, ки чунин муошират пешгирӣ карда шавад.

Мутобиқи талаботи қисми дуюми моддаи 66 КО Ҷумҳурии Тоҷикистон падару модар дар байни худ оид ба тартиби татбиқи ҳуқуқу уҳдадориҳояшон метавонанд созишномаи хаттӣ банданд. Мазмуни ин созишнома бояд ба манфиати кӯдак мутобиқ бошад. Созишномаи мазкур дар шакли хаттии одӣ баста мешавад, чунки дар моддаи мазкур дар бораи тасдиқи нотариалии он сухан намеравад. Дар мавриди иҷро накардани шартҳои созишнома нисбати тарафҳо чораи маҷбуркунӣ пешбинӣ нашудааст.

Банди 2 қисми 2 моддаи 66 Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми вайрон шудани ҳуқуқи падару модар ба муошират бо фарзандонашон ҳимояи судии ин ҳуқуқро муқаррар кардааст. Баҳси мазкур дар асоси аризаи даъвои падару модар ё яке аз онҳо аз ҷониби суд бо иштироки ҳатмии мақоми васояту парасторӣ баррасӣ мегардад. Ба суд дар ҳалли масъала мақоми васоят ва парасторӣ бо хулосаи худ кумак мерасонад. Хулосаи мазкур бо назардошти манфиати кӯдак тартиб дода мешавад. Аз он нуқтаи назар, ки падар ё модари ҷудо зиндагӣ мекардагӣ ҳуқуқи муошират бо кӯдакро дорад ва дар ин муошират ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои кӯдак бояд ба инобат гирифта шавад, суд бояд тартиби чунин муоширатро муайян созад. Суд дар ҳалномааш вақт, макон, давомнокӣ ва дигар ҳолатҳои муоширатро бо назардошти синну соли кӯдак, вазъи саломатии ӯ, рушду камоли кӯдак ва меҳраш ба ҳар яке аз падару модар, низоми таълим дар муассисаҳои таълимӣ ва ғайра, ки ба тарбияи кӯдак таъсир мерасонанд, бояд муайян созад. Агар чунин муошират бар хилофи манфиати кӯдакон бошад, суд дар асоси далелҳои ҷамъоварда, ки ин воқеиятро исбот менамояд, даъворо бояд рад намояд.

Қисми сеюми моддаи 66 Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба иҷрои ҳалномаи суд бахшида шуда, бештар ба меъёри муро­фиавӣ тааллуқ дорад. Нисбати падар ё модаре, ки аз иҷрои ҳалномаи суд оид ба татбиқи тартиби муошират бо кӯдакон сар­кашӣ мекунанд, чораи маҷбуркунӣ пешбинӣ кардааст. Ин чора дар моддаи 77 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истеҳсолоти иҷро» нисбати падар ё модаре, ки ҳалномаро иҷро намекунад, дар намуди ҷарима муқаррар шудааст. Татбиқи ҷарима падар ё модарро аз иҷро кардани ҳалномаи суд озод намекунад.

Дар мавриди қасдан иҷро накардани ҳалномаи суд дар асоси аризаи даъвои падар ё модаре, ки ҷудо зиндагӣ мекунанд, талаби ӯро оид ба зиндагии якҷоя бо кӯдак баррасӣ менамояд. Ҳангоми баррасии даъво суд фикру хоҳиши кӯдакро дар бораи бо падар ё модар зиндагӣ карданаш муайян месозад. Розигии кӯдак ва ба манфиати кӯдак мувофиқ омадани зиндагии якҷоя бо падар ё модари дигар асос барои қонеъ кардани даъво мегардад.

Қисми 4 моддаи 66 Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба талаботи банди 4 Конвенсия дар бораи ҳуқуқҳои кӯдак оид ба гирифтани маълумот аз муассисаҳои дахлдор аз ҷониби падар ё модаре, ки аз кӯдак ҷудо зиндагӣ мекунад, мувофиқат мекунад. Татбиқи ҳуқуқи падар ё модаре, ки ҷудо зиндагӣ мекунад, аз донистани маълумот дар бораи кӯдак вобастагӣ дорад. Барои ҳамин ҳам бо талаби падар ё модаре, ки ҷудо зиндагӣ мекунад, ҳар муассисае, ки дар он кӯдак ҷойгир шудааст, вазифадор аст ба ӯ маълумот диҳад. Қонун ба таври умумӣ дар бораи чунин маълумот гуфтааст. Маълумот дар бораи саломатии кӯдак, пешрафти ӯ дар таҳсил, муддати таҳсили кӯдак ва ғайра шуданаш мумкин аст. Танҳо дар як ҳолат додани маълумот дар бораи кӯдак манъ аст, агар ба ҳаёт ва саломатии кӯдак аз тарафи падар ё модар таҳдид мавҷуд бошад. Қонун ин ҳолатро мушаххас нишон надодааст. Пас ин ҳолатро дар таҷриба вобаста ба воқеият муайян менамоянд. Тахмин кардан мумкин аст, ки надодани маълумот дар бораи кӯдак ба падар ё модари майзада ва нашъаманди ашаддӣ, аз саркашӣ кардан ё ба касалии вазнини рӯҳӣ дучор будани ӯ ба манфиати кӯдак мебошад. Дар он маврид, ки падар ё модар ҳисоб кунад, ки ҳуқуқаш ҳамчун падар ё модар вайрон карда шудааст, ӯ дар ин бора ба суд ҳуқуқи шикоят карданро дорад.

 

(Давом дорад)