Тафсири кодекси оилаи ҷумҳурии Тоҷикистон

№144-145 (3445-3446) 29.10.2015

Маҳкам Маҳмудзода

Бахтиёр Худоёрзода

(идома аз шумораҳои гузашта)

Моддаи 67. Ҳуқуқи бобо, бибӣ (модаркалон), бародарону хоҳарон ва дигар хешовандон барои муошират бо кӯдак

1. Бобою бибӣ (модаркалон), бародарону хоҳарон ва хешован­дони дигар барои муошират бо кӯдак ҳуқуқ доранд.

2. Дар сурате, ки агар падару модар (яке аз онҳо) барои муоширати хешовандони наздик бобою бибӣ (модаркалон), бародару хоҳарон бо кӯдак имконият надиҳанд, мақоми васояту парасторӣ метавонад падару модарро (яке аз онҳоро) вазифадор созанд, ки монеи ин муошират нашаванд.

3. Агар падару модар (яке аз онҳо) ба қарори мақомоти васояту парасторӣ итоат накунанд, бобою бибӣ (модаркалон), бародару хоҳарон ё мақомоти васояту парасторӣ метавонанд ҷиҳати рафъи монеаи муошират бо кӯдак ба суд бо даъво муроҷиат намоянд. Суд баҳсро бо назардошти манфиати кӯдак ва фикру хоҳиши ӯ ҳал менамояд.

Дар сурати иҷро накардани ҳалномаи суд нисбати падар ё модари гунаҳкор чораҳои пешбининамудаи қонунҳои мурофиаи гражданӣ татбиқ мешаванд.

Қисми якуми моддаи 67 Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷи­кистон аввалин маротиба дар ҷумҳурӣ ба таври қонунӣ ҳуқуқи бобою бибӣ (модаркалон), бародарону хоҳарон ва хешовандони кӯдакро барои муошират бо ӯ пешбинӣ кардааст. Ашхоси номбурда танҳо ба муошират ҳуқуқ доранд на ба тарбияи кӯдак. Танҳо падару модар ҳуқуқи тарбия намудани фарзандонашро доранд. Бобою бибӣ ва дигар ашхоси номбурда ҳуқуқи ба таври мунтазам бо кӯдак бевосита муошират карданро доранд. Барои истифодаи ин ҳуқуқ падару модар бояд ба онҳо имконият диҳанд. Муоширати бевоситаи кӯдак бо бобою бибӣ ва дигар хешу табори наздик ба манфиати ӯ буда, ба тарбияи кӯдак таъсири мусбат мерасонад. Ҳангоми дар як ҳавлӣ якҷоя зиндагӣ кардани бобою бибӣ (модаркалон) ва дигар хешу табор проблемаи муоширати онҳоро бо кӯдак аз байн мебарад. Ҳангоми ҷудо зиндагӣ кардан, муоширати мунтазами онҳо бо кӯдак, ӯро аз таҷрибаи ҳаёт бохабар менамояд, қаноатмандии рӯҳӣ мебахшад, меҳрашро бо хешу табор зиёд мекунад, дар вуҷуди ӯ ҳурмату эҳтиромро нисбат ба калонсолон, дигар хислатҳои ҳамидаи инсониро ташаккул медиҳад.

Падару модар бе асосҳои қонунӣ бобою бибӣ (модаркалон), бародарону хоҳаронро аз муошират бо кӯдак маҳрум кар­да наметавонанд. Дар мавриди бе асосҳои кофӣ манъ намудани падару модар ба муоширати онҳо бо кӯдак, бобою бибӣ (модаркалон), бародарону хоҳарон барои амалӣ гаштани ҳуқуқашон ба муошират бо кӯдак метавонанд ба мақомоти васояту парасторӣ муроҷиат намоянд. Агар монеаи падару модар (яке аз онҳо) ғайриқонунӣ бошад ва он бо роҳи маслиҳат ҳал нагардад, мақомоти васояту парасторӣ метавонад бо ба инобат гирифтани манфиати кӯдак падару модарро (яке аз онҳоро) бо қарори худ вазифадор намояд, ки монеаи муоширати бобою бибӣ (модаркалон), бародарону хоҳарон бо кӯдак нашаванд ва тартиби муоширати онҳоро муайян созанд. Аммо қарори мақомоти васояту парасторӣ дар ин бора бо чораҳои маҷбуркунӣ аз ҷониби давлат таъмин нагардидааст.

Дар мавриди падару модар (яке аз онҳо) ба қарори мақо­моти васояту парасторӣ итоат накардан субъектҳои дар боло номбаршуда ё худи мақомоти васояту парасторӣ ҳуқуқ дорад, ки барои бартараф кардани монеаи муошират бо кӯдак ба суд бо даъво муроҷиат намояд. Қонунгузор баҳри ҳимояи ҳуқуқи хешу табори кӯдак ба муошират ба мақомоти васояту парасторӣ ҳуқуқи даъво пешниҳод карданро додааст. Ғайр аз ин, мақомоти номбурда дар суд асоснокии қарори баровардаи худро дастгирӣ менамояд. Дар суд предмети баҳс танҳо ҳуқуқи хешу табор ва кӯдак ба муошират мебошад. Барои ҳамин ҳам суд ҳангоми ҳал кардани баҳс манфиати кӯдак ва фикру хоҳиши ӯро ба эътибор мегирад. Манфиати кӯдак дар назар дорад, ки муошират бо хешу таборони наздик ба тарбияи муътадили ӯ халал нарасонад ва ба худи ӯ таъсири бад надошта бошад. Агар дар суд муқаррар гардад, ки ҳангоми муошират кӯдакро муқобили падару модар (ё яке аз онҳо) даъват менамоянд, ё ин ки ба кӯдак бадахлоқӣ, дигар хислатҳои манфии инсонӣ меомӯзонанд ва он зидди манфиати кӯдак аст, он гоҳ даъвои бибию бобо (модаркалон) ва дигар хешу табор оид ба муошират бо кӯдак рад карда мешавад. Суд баҳсро бо назардошти фикру хоҳиши кӯдак низ ҳал менамояд. Баён кардани фикр ва дар маҷлиси судӣ шунидани фикри кӯдак аз талаботи меъёрҳои ҳуқуқи байҳналмилалӣ (моддаи 12 Конвенсия дар бораи ҳуқуқҳои кӯдак) низ бармеояд. Суд фикру хоҳиши кӯдакро ҳамон вақт ба инобат мегирад, ки агар аз рӯи синну сол ва ақлу фаҳм ӯ манфиати худро дарк карда тавонад. Дар мавриди исбот гаштани чунин ҳолат, ки муоширати хешовандони наздик бо кӯдак ба нафъи тарбияи ӯ мебошад ва монеъ шудан ба муошират танҳо хоҳиш надоштани падару модар (ё яке аз онҳо) ба он бошад, он гоҳ суд даъворо қонеъ мегардонад. Ҳангоми қонеъ гардонидани даъво суд тартиби муоширати хешовандони наздикро бо кӯдак муайян месозад.

Аз рӯи тартиби умумӣ ҳалномаи ба қувваи қонунӣ даромадаи суд бояд иҷро гардад. Банди 2 қисми 3 моддаи 67 Кодекси оилаи Ҷум­ҳурии Тоҷикистон муқаррар кардааст, ки нисбати падару модар дар иҷро накардани ҳалномаи ҷавобгарии пешбининамудаи моддаи 426 Кодекси мурофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ мегардад. Ин модда барои иҷро накардани ҳалнома ҷарима муқаррар кардааст, инчунин пешбинӣ кардааст, ки татбиқи ҷарима падару модарро (ё яке аз онҳоро) аз иҷрои ҳалнома озод намекунад.

Моддаи 68. Ҳимояи ҳуқуқи падару модар

1. Падару модар ҳуқуқ доранд баргардонидани фарзандонашонро аз ҳар шахсе, ки бе асоси қонунӣ ё ҳалномаи суд онҳоро дар наздаш нигоҳ медорад, талаб намоянд. Дар сурати ба миён омадани баҳс падару модар метавонанд барои ҳимояи ҳуқуқашон ба суд муроҷиат намоянд.

Ҳангоми баррасии ин талабот суд бо назардошти фикру хоҳиши кӯдак метавонад даъвои падару модарро қонеъ нагардонад, агар ба хулоса ояд, ки ба падару модар баргардонидани кӯдак ба манфиати кӯдак нест.

2. Агар суд муқаррар намояд, ки на падару модар ва на шахсоне, ки кӯдак дар наздашон мебошад, ба тарбияи сазовори ӯ қодир нестанд, он гоҳ суд кӯдакро ба тарбияи мақоми васояту парасторӣ медиҳад.

Ҳуқуқи падару модар таҳти ҳимоя қарор дорад. Онҳо фарзандонашонро шахсан тарбия медиҳанд. Барои ҳамин ғайриқонунӣ ва беасос нигоҳ доштани кӯдакон аз ҷониби дигарон ҳуқуқи падару модарро халалдор менамояд. Агар ин ҳолат аз ҷониби шахсони дигар бартараф нагардад, ба таври ихтиёрӣ кӯдакро ба падару модарашон барнагардонанд, он гоҳ ҳуқуқи падару модар таҳти ҳимояи судӣ қарор мегирад. Онҳо ба ҳамон суде муроҷиат мекунанд, ки дар маҳали зисти он кӯдак ва шахсони ӯро нигоҳдоранда зиндагӣ доранд.

Қонун шарти муроҷиат кардани падару модар ба суд оид ба талаб карда бозгардонидани кӯдакро нишон додааст. Ин шарт пешбинӣ мекунад, ки кӯдак дар тарбияи дигарон набояд дар асоси қонун ё дар асоси ҳалномаи суд бошад. Масалан, кӯдак дар асоси ҳалнома дар тарбияи фарзандхонд бошад, он гоҳ ин ҳолат асоси қонунӣ дорад. Барои ҳамин ҳам кӯдак ба дасти дигарон бо сабабҳои дигари асоси ҳуқуқӣ надошта бояд гузашта бошад. Ин сабабҳо дар таҷрибаи судӣ гуногунанд. Яке аз ин сабабҳо дар он ифода меёбад, ки аз сабаби касалии вазнин шудани падару модар (ё яке аз онҳо) кӯдак ба хешу табораш дода шудааст, ё ин ки баъди вафоти модари кӯдак бобою бибияш ӯро дар тарбияашон гирифта барои ба тарбияи падараш бозгардонидани кӯдакро намехоҳанд ва ғайра.

Суд ҳангоми баррасии баҳс тамоми ҳолатҳои воқеии парвандаро бо ба инобат гирифтани фикру ақидаи муайянкардаи кӯдак ҳалнома мебарорад. Агар далелҳои ҷамъоварда дар маҷмӯъ исбот намояд, ки ба падару модар баргардонидани кӯдак ба манфиати ӯ нест, новобаста аз он ки падару модар ҳуқуқи афзалияти тарбия кардани фарзандашонро доранд, даъвои падару модар рад карда мешавад (дар бораи манфиати кӯдак нигар ба тафсири қисми 3 моддаи 65 Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон). Рад кардани даъво барои анҷом додани ҳуқуқи падару модар (яке аз онҳо) ба муошират бо кӯдак монеъ намешавад.

Агар ҷараёни мурофиаи судӣ нишон диҳад, ки на падару модар ва на шахси кӯдак дар нигоҳубинаш буда аз уҳдаи тарбияи кӯдак намебароянд ва далелҳои ҷамъоварда аз он шаҳодат диҳанд, ки бо онҳо мондани кӯдак хавфнок аст (ҳарду тараф майзада ва нашъаманди ашаддӣ, бо оворагардӣ ва бо дигар фаъолияти зиддиҷамъиятӣ машғул бошанд) суд кӯдакро ба тарбияи мақомоти васояту парасторӣ медиҳад. Дар ин маврид суд бо ҳалномаи худ даъворо рад карда, якбора масъалаи ба мақомоти васояту парасторӣ додани кӯдакро ҳал менамояд. Дар адабиёти юридикӣ оиди ба мақомоти васояту парасторӣ додани кӯдак фикр баён шудааст, ки вобаста ба ин масъала суд таъиноти алоҳида мебарорад. То қабули Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ин масъала дар КоНО Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳалли худро наёфта буд ва дар мавриди муайян кардани чунин ҳолат суд дар асоси талаботи қонуни мурофиавӣ ба нишонии мақомоти васояту парасторӣ таъиноти хусусӣ мебаровард. Дар асоси ин таъинот мақомоти номбурда оид ба тарбияи кӯдак чора меандешид. Дар мавриде, ки Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳалли ин масъаларо ба низом даровардааст, мувофиқи мақсад аст, ки масъалаи ба тарбияи мақоми васояту парасторӣ додани кӯдак дар ҳалнома бо даъвои асосӣ ҳалли худро ёбад.

(Давом дорад)