Тафсири кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон

№152 (3453) 11.11.2015

маҳкам маҳмудзода

Бахтиёр Худоёрзода

(идома аз шумораҳои гузашта)

Моддаи 71.    Оқибати маҳрум кардан аз ҳуқуқи падару мо­дарӣ

1. Падару модаре, ки аз ҳуқуқи падару модарӣ маҳрум карда шудаанд, аз тамоми ҳуқуқҳое, ки дар асоси далели хешӣ бо кӯдак муайян шудаанд, аз ҷумла ҳуқуқи гирифтани таъминот (моддаи 88 ҳамин Кодекс) аз кӯдаке, ки нисбати вай аз ҳуқуқи падару модарӣ маҳрум гардидаанд, инчунин аз ҳуқуқи имтиёзоту ёрдампулиҳои давлат, ки барои шаҳрвандони фарзанддор муқаррар шудаанд, маҳрум мегарданд.

2. Маҳрум кардани падару модар аз ҳуқуқи падару модарӣ онҳоро аз вазифаи таъмин кардани фарзандашон озод намекунад.

3. Масъалаи минбаъд якҷоя зиндагӣ кардани фарзандон ва падару модарро (яке аз онҳоро), ки аз ҳуқуқи падару модарӣ маҳрум шудаанд, суд мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи қонунҳои манзил ҳал мекунад.

4. Кӯдаке, ки нисбати ӯ падару модар (яке аз онҳо) аз ҳу­қуқи падару модарӣ маҳрум шудаанд, ҳуқуқи моликиятро ба манзили истиқоматӣ, ё ҳуқуқи истифодаи манзили истиқоматӣ, инчунин ҳуқуқи амволии дар асоси далели хешӣ бо падару модар ва хешовандони дигар муайяншуда, инчунин ҳуқуқи гирифтани меросро нигоҳ медорад.

5. Дар сурати имконнопазирии ба падар ё модар додани кӯдак ё дар сурати аз ҳуқуқи падару модар маҳрум шудани падару модар кӯдак ба тарбияи мақомоти васояту парасторӣ супорида мешавад.

6. Ба фарзандхондӣ гирифтани кӯдак дар сурати аз ҳуқуқи падару модараш маҳрум кардани падару модар (яке аз онҳо) танҳо пас аз гузаштани муҳлати на камтар аз шаш моҳ баъди баровардани ҳалномаи суд дар хусуси маҳрум кардани падару модар (яке аз онҳо) аз ҳуқуқи падару модарӣ мумкин аст.

 

Ҳалномаи ба қувваи қонунӣ даромадаи суд оид ба маҳрум кардан аз ҳуқуқи падару модарӣ исботи он аст, ки падару модар (яке аз онҳо) аз тамоми ҳуқуқҳои дар асоси хешӣ бо кӯдак доштаро аз даст медиҳанд. Аммо баъзе аз уҳдадориҳои онҳо, ки қонун муқаррар кардааст, ба монанди таъминоти кӯдак (моддаи 80 Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон), ҷуброни зарари кӯдаки ноболиғ расонида (моддаи 1090 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон) боқӣ мемонад.

Бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи падару модарӣ падару модар аз ҳуқуқҳои дар Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда ба монанди шахсан тарбия кардани кӯдак ва муошират бо кӯдак (моддаи 63), ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои фарзандон (моддаи 64), гирифтани алимент аз фарзандон (қисми 5 моддаи 88) маҳрум мегарданд. Инчунин онҳо аз имтиёзҳои дигари давлатие, ки дигар соҳаҳои қонун муқаррар кардааст, маҳрум мегарданд. Онҳо аз имтиёзҳои Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон (моддаҳои 161 қисми 2, 162, 163, 165, 167-173) ба монанди маҳдуд кардани кори шабона; кор дар рӯзҳои истироҳат ва идҳо; фиристодан ба сафари хизматӣ; истифода аз рухсатии нигоҳубини тифл; аз истифодаи вақти нопурраи корӣ ва ғайра муқарраркарда маҳрум мегарданд. Инчунин дар асоси талаботи моддаи 525 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон (таҳрири соли 1963, ки ҳоло Кодекс дар ин қисм амал дорад) падару модар пас аз фарзандонашон, ки нисбат ба онҳо аз ҳуқуқи падару модарӣ маҳрум шудаанд ва дар ҳуқуқи падару модарӣ барқарор нашудаанд, ҳуқуқ ба мерос аз рӯи қонун надоранд.

Бо маҳрум кардани падару модар аз ҳуқуқи падару модарӣ ӯҳдадориҳои онҳо оид ба таъминоти кӯдак ва ҷуброни зарари расонидаи фарзанди ноболиғ боқӣ мемонад. Уҳдадории таъминоти кӯдак ба мақсади ҳимояи манфиати амволии кӯдак мувофиқ меояд. Инчунин мутобиқи моддаи 1090 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон падар ё модари аз ҳуқуқи падару модар маҳрумшуда масъулияти ҷуброни зарареро, ки фарзандони ноболиғи онҳо дар ҷараёни се соли баъди аз ҳуқуқи падару модар маҳрум гардидани онҳо расонидаанд, агар рафтори кӯдаконе, ки боиси расонидани зарар гардидааст, оқибати ба таври муносиб анҷом надодани уҳдадории тарбияи фарзанд аз ҷониби падару модар бошад, ба зимма доранд.

Маҳрум кардан аз ҳуқуқи падару модарӣ худ аз худ ба масъалаи манзилӣ на ҳама вақт вобаста аст. Аммо қисми 3 моддаи 71 Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон танзими муносибатҳоро вобаста ба зиндагии якҷоя дар як манзил ба Кодекси манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳавола кардааст. Кодекси манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон (боби 4 қисми 1 моддаи 70) пешбинӣ кардааст, ки агар зиндагии шахсони аз ҳуқуқи падару модарӣ маҳрумгашта бо ҳамроҳии фарзандоне, ки аз ҳуқуқи падару модарӣ ба онҳо маҳрум гаштаанд, имконнопазир дониста шуда бошад, аз хонаи истиқоматӣ бе додани хонаи дигар кӯчонда мешаванд. Яъне, дар ин маврид дур кардани кӯдак аз таъсири манфии падару модар (яке аз онҳо) мақсади ҳимояи манфиатҳои ӯро дорад. Бояд қайд кард, ки чунин кӯчонидани шахсро аз хонаи истиқоматӣ қонунгузор танҳо дар хонаҳои фонди давлатӣ ва ҷамъиятӣ иҷозат додааст. Аз ҳуқуқи падару модарӣ маҳрум кардани падару модар ба ҳуқуқи моликият ба хонаи истиқоматӣ таъсир намерасонад.

Дар мавриде, ки хонаи истиқоматӣ моликияти шахсии кӯдак бошад, (мумкин ба таври мерос қабул карда бошад ва ғайра) падару модар нисбати ӯ аз ҳуқуқи падару модарӣ маҳрум шудааст ва якҷоя зиндагӣ кардани онҳо ғайриимкон бошад, мутобиқи талаботи моддаи 123 Кодекси манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон бидуни додани хонаи истиқоматӣ аз хона бароварда мешаванд.

Бояд қайд кард, ки қонунгузор баҳри ҳимояи ҳуқуқҳои амволии кӯдак, ки ба хешу таборӣ асос ёфтааст, афзалият боқӣ гузоштааст. Аммо чунин афзалият ба падару модари аз ҳуқуқи падару модарӣ маҳрумшуда дода нашудааст. Пас аз маҳрум кардани падару модар аз ҳуқуқи падару модарӣ кӯдак ба манзили чунин падару модар ҳуқуқи амволӣ ва ҳуқуқи истифода аз онро аз даст намедиҳад. Ғайр аз ин, кӯдакон аз ҷумлаи меросхӯрони навбати аввал боқӣ мемонанд.

Қисми 5 моддаи 71 Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ду ҳолати супоридани кӯдакро ба тарбияи мақомоти васояту парасторӣ пешбинӣ кардааст. Якум ҳолат аз он иборат аст, ки дар мавриди аз ҳуқуқи падару модарӣ маҳрум кардани яке аз падару модар кӯдакро ба тарбияи дигаре аз падару модар додан аз имкон берун аст (касалии рӯҳӣ, маълум набудани ҷои истиқомат, дар ҳабсхона будан ва ғайра). Дуюм ҳолат аз ҷониби қонунгузор аз ҳуқуқи падару модарӣ маҳрум кардани ҳар дуи падару модарро муқаррар карда шудааст. Дар ҳар ду ҳолат ҳам кӯдак бепарастор мемонад ва суд вазифадор аст, ки ҳангоми баровардани ҳалнома дар он масъалаи ба мақомоти васояту парастории ҷои истиқомати кӯдак супоридани ӯро ҳал намояд. Баровардани таъиноти алоҳида аз ҷониби суд дар ин бора зарурат надорад. Дар таҷрибаи судии ҷумҳурӣ он судҳое, ки масъалаи зикргардидаро дар ҳалномаи судӣ бо даъвои асосӣ – маҳрум кардан аз ҳуқуқи падару модарӣ ҳал менамоянд, дуруст рафтор мекунанд.

Қисми 6 моддаи 71 Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дарҳол ба фарзандхонӣ гирифтани кӯдакро баъди баровардани ҳалномаи суд дар бораи маҳрум кардан аз ҳуқуқи падару модарии падару модари кӯдак махсус то шаш моҳ муҳлат муқаррар кардааст. Ин муҳлат барои тағйир додани муносибати падару модари аз ҳуқуқи падару модарӣ маҳрумшуда ба тарбияи кӯдак ва аз байн бурдани асоси маҳрум кардани ҳуқуқи падару модарӣ пешбинӣ шудааст. Пас аз шаш моҳ аз мавриди ба қувваи қонунӣ даромадани ҳалнома фарзандхондии кӯдак бо талаботи моддаи 130 Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад. Дигар тарафи масъала аз он иборат аст, ки баъди фарзандхондӣ барқарор кардани ҳуқуқи падару модарӣ мумкин нест (қисми 4 моддаи 72 Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон).

(Давом дорад)