Тафсири Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон

№155(3456) 17.11.2015

Маҳкам Маҳмудзода

Бахтиёр Худоёрзода

 (идома аз шумораҳои гузашта)

Моддаи 72. Барқарор намудани ҳуқуқи падару модарӣ

1. Ҳуқуқи падару модарӣ (яке аз онҳо) дар сурате барқарор шуда метавонад, ки агар рафтору кирдор, тарзи зиндагӣ ва муносибати онҳо нисбат ба тарбияи кӯдак ба тарафи мусбӣ тағйир ёфта бошад.

2. Ҳуқуқи падару модарӣ ба тартиби судӣ дар асоси аризаи падар ё модари аз ҳуқуқи падару модарӣ маҳрумгардида, бо иштироки мақомоти васояту парасторӣ, инчунин прокурор барқарор карда мешавад.

3. Ҳамзамон бо даъвои падару модар (яке аз онҳо) дар хусуси барқарор намудани ҳуқуқи падару модарӣ мумкин аст талаби баргардонидани кӯдак ба падару модар баррасӣ карда шавад.

4. Суд метавонад бо назардошти фикри кӯдак даъвои падару модарро (яке аз онҳоро) барои барқароркунии ҳуқуқи падару модарӣ рад кунад, агар он хилофи манфиатҳои кӯдак бошад.

Барқарор намудани ҳуқуқи падару модарӣ нисбати кӯдаки ба синни даҳсолагӣ расида танҳо бо назардошти фикри ӯ мумкин аст.

Агар кӯдак фарзандхонд шуда бошад ва фарзандхондӣ беэътибор дониста нашуда бошад (моддаи 140 ҳамин Кодекс) барқарор намудани ҳуқуқи падару модарӣ мумкин нест.

Дар ҳар як ҳолати мушаххас имконияти бозгашти ҳуқуқҳои аз даст дода, аз ҷумла бозгашти ҳуқуқи падару модарӣ нисбати кӯдак бояд ҷой дошта бошад. Чунин бозгашт бо меъёрҳои муайян маҳдуд мегардад. Ин меъёрҳо дар қонун муайян карда шудаанд. Кодекси оилаи  Ҷумҳурии Тоҷикистон барқарор кардани ҳуқуқи падару модариро танҳо нисбати фарзандони ноболиғ пешбинӣ кардааст, чунки ин воқеият бо тарбияи кӯдак алоқамандӣ дорад. Дар мавриди ба синни ҳаждаҳсолагӣ (балоғат) расидани кӯдак барқарор кардани ҳуқуқи падару модарӣ нисбати ӯ аз имкон берун аст.

Пас аз маҳрум кардани ҳуқуқи падару модарӣ қонунгузор ба падару модар (яке аз онҳо) имконияти муроҷиат карданро ба суд оид ба барқарор кардани ҳуқуқи падару модарӣ додааст. Бояд қайд кард, ки аз асоси маҳрум кардан ҳалли масъалаи барқарор намудани ҳуқуқи падару модарӣ вобастагӣ дорад. Аз ин лиҳоз барои барқарор кардани ҳуқуқи падару модарӣ шартҳо пешбинӣ шудааст. Яке аз ин шартҳо аз он иборат аст, ки то рӯзи пешниҳоди даъво дар бораи барқарор кардани ҳуқуқи падару модарӣ рафтору кирдори даъвогар ба тарафи мусбӣ тағйир ёфта бошад. Вай бояд шароити пурраи таъмини кӯдакро ба таври амалӣ иҷро намояд, ба таълими кӯдак, маълумотгирии кӯдак, инкишофи ҷисмонӣ ва маънавии ӯ мусоидат намояд. Шарти дигар дар он ифода меёбад, ки дар рӯзи муроҷиат тарзи зиндагии даъвогар ба тарбияи кӯдак мувофиқ ояд. Даъвогар агар пеш майзада ё нашъаманд бошад, аз ин касалӣ шифо ёфта ахлоқу рафтораш ба ахлоқи ҷомеа мутобиқ бошад. Ғайр аз ин, даъвогар дар муносибат бо кӯдакон, дар ҷараёни тарбия нисбати кӯдакон ба дағалӣ, бераҳмӣ, ки бар зарари тарбияи кӯдак аст, роҳ надиҳад. Яъне, он хислатҳое, ки дар рафтору кирдори даъвогар пештар ҷой дошт ва асоси маҳрум кардани ӯ аз ҳуқуқи падару модарӣ буд, бояд аз байн рафта бошад.

Қонунгузор ҳуқуқи пешниҳоди аризаи даъво ба суд оид ба барқарор кардани ҳуқуқи падару модариро ба падар ё модари маҳрумгашта додааст. Чунки ин ҳуқуқи бевоситаи онҳо аст ва дар тарбияи кӯдак бевосита худи онҳо иштирок менамоянд. Дар ин парвандаҳо ба сифати ҷавобгар яке аз падару модар, васӣ ё парастор, мақомоти васояту парасторӣ, муассисаҳои кӯдакона, ки дар он кӯдак тарбия меёбад, мактаб — интернатҳо ва ғайра шуда метавонанд.

Дар Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз кадом муҳлат падару модари аз ҳуқуқи падару модарӣ маҳрумшуда аз ҷониби суд дар ҳуқуқҳояшон барқарор карда мешаванд, ба таври мушаххас муқаррар нашудааст. Қонунгузор махсус ин муҳлатро нишон надодааст, чунки барои тағйир ёфтани тарзи зиндагӣ, рафтору ахлоқи падару модар (яке аз асосҳои маҳрум кардан аз ҳуқуқи падару модарӣ) шаш моҳ кам нест. Ё ин ки қисми 6 моддаи 71 Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон на камтар пас аз шаш моҳи баъди баровардани ҳалномаи суд дар хусуси маҳрум кардани падару модар (яке аз онҳо) аз ҳуқуқи падару модарӣ ба фарзандхонӣ гирифтани кӯдакро иҷозат додааст. Яъне, тахмин кардан лозим аст, ки дар давоми шаш моҳ барои тағйир додани рафтор, тарзи зиндагӣ, ба падару модари (яке аз онҳо) аз ҳуқуқи падару модарӣ маҳрумгашта имконият дода мешавад. Бояд қайд кард, ки дар таҷрибаи судҳои ҷумҳурӣ даъвоҳо оид ба барқарор кардан дар ҳуқуқи падару модарӣ хеле ва хеле камёфт мебошанд.

Дар баррасии парвандаҳо оид ба маҳрум кардан аз ҳуқуқи падару модарӣ мақомоти васояту парасторӣ ва прокурор иштирок менамоянд, айнан онҳо дар парвандаи барқарор кардани ҳуқуқи падару модарӣ низ ҳатман иштирок менамоянд. Тартиби мазкур як сабаб дорад, ин ҳам бошад, ҳар чӣ бештар ҳимоя намудани кӯдак аст, то ин ки ӯ дуюмбора ба ҳолати вазнини тарбия наафтад.

Баъд аз он ки падару модар (ё яке аз онҳо) аз ҳуқуқи падару модарӣ маҳрум мегарданд, кӯдаки ноболиғ дар тарбияи яке аз падару модар мемонад ё ин ки барои тарбия ба васӣ, парастор, муассисаҳои кӯдакона дода мешаванд. Пас дар мавриди барқарор кардан дар ҳуқуқи падару модарӣ даъвогар якбора ба ӯ баргардонидани кӯдакро метавонад талаб кунад. Чунин талабот асоси қонунӣ дорад, чунки аз мазмуни ҳимояи ҳуқуқи падару модар бармеояд. Ҳамин тавр, дар асоси талаботи қисми 3 моддаи 72 Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон суд бо даъвои барқарор кардани ҳуқуқи падару модарӣ якбора даъвои баргардонидани кӯдакро ба падару модар (яке аз онҳо) баррасӣ менамояд. Дар ҳолати ба манфиати кӯдак мувофиқ омадан даъво аз ҷониби суд қонеъ карда мешавад. Агар даъвои баргардонидани кӯдак ба падару модар (яке аз онҳо) рад карда шавад ҳам, даъвогар ҳамчун падар ё модар ҳуқуқи бо кӯдак муошират карданро пайдо менамояд. Тарафи дигар ба ин муошират набояд мамониат кунад.

Тақдири барқарор кардани ҳуқуқи падару модарӣ на танҳо аз тағйир ёфтани тарзи зиндагии падару модар, инчунин аз фикру ақидаи кӯдак оид ба ин масъала вобастагӣ дорад. Кӯдаки ба синни даҳсолагӣ расида қобилияти дарки рафтори падару модарро дорад. Ғайр аз ин, дар кӯдак ҳиссиёти муайян нисбати падару модар ва тарбия ба вуҷуд меояд, ки вобаста ба он ӯ фикру ақидаашро баён менамояд. Ҳангоми мухолифат кардан ба манфиати кӯдак ва зид будани кӯдаки ба синни даҳсолагӣ расида даъвои барқарор кардани ҳуқуқи падару модарӣ аз ҷониби суд рад карда мешавад.

Аз рӯи тартиби умумии муқарраркардаи банди 3 қисми 4 моддаи 72 Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳолати фарзандхонд шудани кӯдак барқарор кардани ҳуқуқи падару модарӣ мумкин нест. Ин талабот аз он бармеояд, ки пас аз ҳуқуқи падару модарӣ маҳрум кардани падару модар фарзандхонд шудани кӯдак ба манфиати кӯдак аст. Лекин нуқтаи назари ҳуқуқ ба ҳимояи судӣ доштани шахс имконият медиҳад, ки падару модари (яке аз падару модари) аз ҳуқуқи падару модарӣ маҳрумшуда аввал бояд кӯшиши аз байн бурдани монеаро иҷро намоянд. Бо ин мақсад онҳо ҳуқуқи бо даъво оид ба бекор ё беэътибор ҳисоб карда фарзандхондии кӯдак ба суд муроҷиат карданро доранд. Вобаста аз натиҷаи баррасии даъво дуюм масъала оид ба барқарор кардани ҳуқуқи падару модарӣ пайдо шуданаш мумкин аст. Ин дар ҳамон вақт ҷой дошта метавонад, агар даъвои аввал оид ба бекор ё беэътибор донистани фарзандондӣ аз ҷониби суд қонеъ гардад. Дар мавриди рад кардани даъво оид ба бекор ё беэътибор донистани фарзандхонӣ даъвои барқарор кардани ҳуқуқи падару модарӣ аз ҷониби суд мусбат ҳал карда намешавад. Яъне, ин даъво чун асоси қонунӣ надошта рад карда мешавад.

Дар моддаи мазкур лаҳзае, ки аз он барқарор кардани падару модарӣ амал мекунад, нишон дода нашудааст. Тахмин карда мешавад, ки аз рӯи тартиби умумии муқарраршуда барои падару модар (яке аз онҳо) лаҳзаи барқарор кардани ҳуқуқи падару модарӣ аз рӯзи ба қувваи қонунӣ даромадани ҳалномаи суд оид ба ин масъала ба шумор меравад. Дар ин маврид тамоми ҳуқуқ ва уҳдадориҳои падару модар, ки ҳангоми маҳрум кардан аз ҳуқуқи падару модарӣ аз даст дода буд, барқарор карда мешавад.

(Давом дорад)