Тафсири кодекси оилаи ҷумҳурии Тоҷикистон

№162 (3463) 28.11.2015

Маҳкам Маҳмудзода

Бахтиёр Худоёрзода

(идома аз шумораҳои гузашта)

Моддаи 76. Бекор кардани маҳдудияти ҳуқуқи падару модарӣ

 1. Агар асосҳои барои маҳдуд кардани ҳуқуқи падару модарӣ сабабшуда аз байн раванд, суд мувофиқи даъвои падару модар (яке аз онҳо) метавонад дар хусуси ба падару модар (яке аз онҳо) баргардонидани кӯдак ва бекор кардани маҳдудиятҳои дар моддаи 74 ҳамин Кодекс пешбинишуда ҳалнома қабул намояд.

2. Суд бо назардошти фикру хоҳиши кӯдак метавонад даъворо қонеъ нагардонад, агар ба падару модар (яке аз онҳо) баргардонидани кӯдак хилофи манфиатҳои кӯдак бошад.

Бекор кардани маҳдудияти ҳуқуқи падару модарӣ ба салоҳияти суд дахл дорад. Баррасии чунин парвандаҳо бо даъвои падару модар (яке аз онҳо) аз ҷониби суд сурат мегирад. Доир ба парванда ба сифати ҷавобгар одатан мақомоти васояту парасторӣ, ҳамчунин васӣ ё парастор, муассисаҳои барои кӯдакон ва монанди он ҷалб карда мешаванд. Мутобиқи талаботи қонун суд ду талаботи даъвогарро оид ба бекор кардани маҳдуд кардани ҳуқуқи падару модарӣ ва баргардонидани кӯдакро баррасӣ менамояд.

Суд ҳамон вақт даъворо қонеъ менамояд, ки агар асосҳои барои маҳдуд кардани ҳуқуқи падару модарӣ сабабшуда аз байн равад. Аз рӯи қоидаи умумии мурофиавӣ исбот кардани аз байнравии асосҳои қонун пешбиникарда ба зиммаи даъвогар гузошта шудааст. Ҳангоми асоси маҳдуд кардани ҳуқуқи падару модарӣ аз иродаи падару модар (яке аз онҳо) вобаста набуда (касалии рӯҳӣ, бемории куҳна) ҷой дошта бошад, даъвогар (падару модар ё яке аз онҳо) пеш аз ҳама бояд муолиҷа ёфтани худро исбот намояд. Ин ҳолат бо пешниҳод намудани маълумотномаи беморхона, нишондодҳои духтурони муолиҷакунанда ва ғайра исботи худро меёбад. Агар асоси маҳдуд кардани ҳуқуқи падару модарӣ бадрафтории падару модар (яке аз онҳо) бошад, пас даъвогар оид ба беҳшудани рафтораш бояд далел пешниҳод намояд. Дар ин маврид даъвогар бояд далелҳои доштани ҷои кор, муолиҷа аз майзадагӣ ва монанди онро пешниҳод намояд. Пас аз он ки дар маҷлиси судӣ аз байн рафтани шароити хатарнок барои тарбия ва ҳаёту саломатӣ зараровар барои кӯдак дар оила исботи худро ёбад, суд дар бораи бекор кардани маҳдудияти ҳуқуқи падару модарии падару модар (яке аз онҳо) ҳалнома мебарорад. Ғайр аз ин, суд метавонад дар ин ҳалнома масъалаи ба падару модар (яке аз онҳо) баргардонидани кӯдакро ҳал намояд. Ба ин мақсад даъвогар бояд далелҳоеро пешниҳод намояд, ки баргардонидани кӯдак ба ӯ ба манфиати кӯдак мувофиқат доштанашро исбот намояд. Пас аз он ки ҳалномаи суд дар бораи бекор кардани маҳдудияти ҳуқуқи падару модарӣ ва ба падару модар (ё яке аз онҳо) баргардонидани кӯдак ба қувваи қонунӣ медарояд, тамоми маҳдудиятҳои ҷойдошта нисбати падару модар (ё яке аз онҳо) аз байн бардошта мешавад.

Дар қисми 2 моддаи 76 Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон асоси рад кардани даъво оид ба баргардонидани кӯдак ба падару модар (яке аз онҳо) пешбинӣ шудааст. Рад кардани даъво ба хоҳиши барнагаштани кӯдак ба назди падару модар (яке аз онҳо) ва ба инобат гирифтани манфиати кӯдак вобаста карда шудааст. Қонеъ намудани талабот оид ба бекор намудани маҳдудияти ҳуқуқи падару модарӣ маънои онро надорад, ки талаботи дигар оид ба баргардонидани кӯдак ба падару модар (яке аз онҳо) ҳатман қонеъ мегардад. Агар кӯдак хоҳиши баргаштан ба оилаи падару модар (яке аз онҳо) надошта бошад ва ин хоҳиш ба манфиати кӯдак бошад, талаботи дигари падару модар (яке аз онҳо) оид ба баргардонидани кӯдак ба онҳо рад карда мешавад. Новобаста аз он ки ҳардуи талабот ба якдигар алоқамандӣ доранд, аммо қонеъ кардан ё рад кардани яке аз онҳо ба оқибатҳои ҳуқуқии гуногун оварда мерасонад. Рад кардани даъво оид ба бекор кардани ҳуқуқи падару модарӣ бевосита ба рад кардани даъвои дигар оид ба баргардонидани кӯдак ба падару модар (яке аз онҳо) оварда мерасонад. Агар ҳар ду даъвои номбурда қонеъ карда шавад ва кӯдак ба падару модар (яке аз онҳо) баргардонида шавад, он гоҳ амали қарор оид ба васоят ё парасторӣ нисбати кӯдак қатъ мегардад. Мутобиқи моддаи 40 КГ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми баргардонидани кӯдак ба падару модараш васӣ ё парастор аз иҷрои вазифаҳояшон озод мегарданд.

(Давом дорад)