Тафсири Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон

№13 (3493) 30.01.2016

МАҲКАМ МАҲМУДЗОДА

БАХТИЁР ХУДОЁРЗОДА

(Идома аз шумораҳои гузашта)

Моддаи 96. Уҳдадории бобою бибӣ (модаркалон) оид ба таъминоти набераҳои худ

Набераҳои ноболиғи муҳтоҷи ёрӣ дар сурати аз падарӣ, мо­дарӣ худ гирифта натавонистани таъминот ҳуқуқ доранд ба тартиби судӣ аз бобою бибии (модаркалони) худ, ки дорои маб­лағи зарурӣ мебошанд, алимент гиранд.

Чунин ҳуқуқ инчунин ба наберагони корношоями болиғи муҳтоҷе дода мешавад, ки агар онҳо аз ҳамсар (ҳамсари собиқ) ё падару модарашон таъминот гирифта натавонанд.

Бобою бибӣ (модаркалон) ба монанди бародарону хоҳарон ба гурӯҳи алиментсупорандагони навбати дуюм дохил мебошанд. Қонунгузор шартҳоеро пешбинӣ кардааст, ки ҳангоми мавҷуд будани онҳо набераҳо аз бобою бибӣ (модаркалон) ҳам аз тарафи модарӣ ва ҳам аз тарафи падарӣ ҳуқуқи талаб кардани алиментро пайдо менамоянд.

Аввалин шарт аз он иборат аст, ки набераи ноболиғ ё набе­раи болиғи корношоям муҳтоҷи ёрӣ бошад. Дуюм шарт аз он иборат аст, ки онҳо дар ҳақиқат аз падару модари худ, ҳамсарон (ҳамсарони собиқ), фарзандони болиғи худ имконияти гирифтани алиментро надоранд. Шарҳи ин шарт дар моддаи 95 КО Ҷумҳурии Тоҷикистон муфассал нишон дода шудааст. Шарти дигар аз он иборат аст, ки худи бобою бибӣ бояд дорои маблағи зарурӣ бошанд, то ин ки аз уҳдаи супоридани алимент бароянд. Дар ин маврид алиментсупоранда бобою бибӣ мебошанд ва онҳо қобили меҳнат ё ғайри қобили меҳнат буданашон ягон аҳамият надорад.

Суд ҳангоми баррасии даъво бояд ҳамаи шартҳои пешбининамудаи қонунро дар муҳокимаи судӣ бо далелҳо санҷад. Аз исбот шудан ё инкори шартҳои зикргардида қонеъ гардонидан ё рад кардани даъво вобаста аст. Дар ҳар ҳолат рӯёнидани алимент моҳиятан сатҳи рӯзгузаронии бобо ё бибиро набояд паст намояд. Суд алиментро бо маблағи устувор ҳармоҳа мерӯёнад.

Бояд қайд кард, ки бобою бибӣ (модаркалон) метавонанд ба таври ихтиёрӣ дар бораи ба наберагони худ пардохти алимент созишнома бандад. Дар ин маврид онҳо андоза ва тартиби пардохти алиментро дар созишнома нишон медиҳанд. Созишнома бо риоя кардани талаботи моддаҳои 100 – 106 КО Ҷумҳурии Тоҷикистон баста мешавад.

Моддаи 97. Уҳдадориҳои набера оид ба таъминоти бобою бибӣ (модаркалон)

Бобою бибии (модаркалони) муҳтоҷи корношоям дар сурати аз фарзандони болиғи қобили меҳнат ё ҳамсари (ҳамсари собиқи) худ гирифта натавонистани таъминот ҳуқуқ доранд ба тартиби судӣ аз наберагони болиғи қобили меҳнати худ, ки дорои маблағи зарурӣ мебошанд, алимент талаб кунанд.

Наберагон нисбати бобою бибӣ (модаркалон) ҳам аз тарафи модар ва ҳам падар алиментсупорандаи навбати дуюм мебошанд. Чунки онҳо он вақт ба супоридани алимент ҷалб карда мешаванд, агар бобою бибии (модаркалон) муҳтоҷи корношоям аз фарзанди болиғи қобили меҳнат ё ҳамсари (ҳамсари собиқи) худ таъминот гирифта натавонад.

Доираи наберагоне, ки уҳдадории таъминоти бобою бибиро (модаркалонро) ба зимма доранд, қонунгузор ба таври маҳдуд нишон додааст. Субъекти чунин алиментсупорӣ на ҳамаи наберагон, балки танҳо наберагони болиғи қобили меҳнат шуда метавонанд. Агар онҳо бо таври ихтиёрӣ дар асоси созишнома ба бобою бибии худ алимент (таъминот) пардохт накунанд, он гоҳ бо тартиби судӣ масъала ҳал мешавад. Созишномаи бастаи онҳо бояд ба талаботи моддаҳои 100-106 КО Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқат намояд.

Дар асоси аризаи даъвогии бобою бибӣ (модаркалон), намояндагони онҳо суд парвандаро бо роҳи пешбурди даъвогӣ баррасӣ менамояд. Суд бояд ҳолатҳои парвандаро пурра санҷад. Ӯ дар навбати аввал бояд корношоям ва муҳтоҷ будани даъвогарро муайян намояд, чунки муайян кардани ин ҳолат яке аз шартҳои гирифтани алимент мебошад. Мазмуни ифодаи «корношоям ва муҳтоҷ будан» дар қисми 2 моддаи 83 КО Ҷумҳурии Тоҷикистон шарҳ дода шудааст. Ғайр аз ин, дар муҳокимаи судӣ масъалаи аз фарзанди болиғи қобили меҳнат ё ҳамсар (ҳамсари собиқ) гирифта натавонистани таъминот бояд ҳаллу фасл гардад. Дигар шарте ки ба қонеъ кардани даъво алоқаманд аст, аз дорои маблағи зарурӣ будани набераи болиғи қобили меҳнат иборат мебошад. Маблағи устуворе, ки ҳармоҳа рӯёнида мешавад набояд ба сатҳи рӯзгузаронии ҷавобгар моҳиятан зарар расонад. Бо талаби ҷавобгар суд ҳангоми муайян кардани андозаи маблағи устувори алимент, вазифадор аст дигар наберагонро, ки онҳо низ барои алиментсупорӣ уҳдадоранд, ба инобат гирад.

Моддаи 98. Уҳдадории писарандар ва духтарандар оид ба таъминоти падарандар ва модарандар

1. Падарандар ва модарандари корношоями муҳтоҷе, ки писарандар ва духтарандари худро тарбия ва нигоҳубин кардаанд, агар онҳо аз фарзандони болиғи қобили меҳнат ё ҳамсари (ҳамсари собиқи) худ таъминот гирифта натавонанд, ҳуқуқ доранд аз писарандар ё духтарандари болиғи қобили меҳнат, ки маблағи зарурӣ доранд, ба тартиби судӣ таъминот талаб намоянд.

2. Суд ҳуқуқ дорад писарандар ва духтарандарро аз вазифаи таъмин кардани падарандар ё модарандар озод кунад, агар падарандар ё модарандар онҳоро на камтар аз се сол тарбия ва таъмин карда бошанд, инчунин агар онҳо уҳдадориҳои худро вобаста ба тарбияи писарандар ва духтарандар номатлуб анҷом дода бошанд.

Писарандар ва духтарандар ба таври ихтиёрӣ дар асоси созишнома ба падарандар ва модарандар метавонанд ёрӣ расонанд. Ҳангоми бастани созишномаи тарафайн талаботи моддаҳои 100-106 КО Ҷумҳурии Тоҷикистон риоя карда мешавад. Дар акси ҳол, қонунгузор тарзи судии рӯёнидани таъминотро пешбинӣ кардааст. Қонунгузор шартҳоеро пешбинӣ кардааст, ки аз мавҷуд будани онҳо пешниҳод ва тақдири даъво вобаста буданаш мумкин аст. Пеш аз ҳама, падарандар ё модарандар корношоями муҳтоҷ бошад, яъне ӯ дар ин маврид субъекти муроҷиат шуда метавонад. Мазмуни корношоям ва муҳтоҷ будан дар қисми 2 моддаи 83 КО Ҷумҳурии Тоҷикистон шарҳ дода шудааст. Дигар шарт аз он иборат аст, ки падарандар ё модарандар агар аз фарзанди болиғи қобили меҳнат ё ҳамсари (ҳамсари собиқи) худ таъминот гирифта натавонад. Яъне, писарандар ва духтарандар ҳамчун алиментсупорандагони (таъминотгарони) навбати дуюм пас аз алиментсупорандагони навбати аввал (фарзанд, ҳамсар) барои таъминоти падарандар ва модарандар ҷалб карда мешаванд. Даъвогар бояд далелҳои аз фарзандони болиғи қобили меҳнат, ҳамсари (ҳамсари собиқ) худ гирифта натавонистани таъминотро ба суд пешниҳод намояд. Ба ин далелҳо ҳалномаи суд дар бораи рад кардани даъвои онҳо оид ба рӯёнидани алимент аз фарзандони болиғи қобили меҳнат, ҳамсар (ҳамсари собиқ), ҳуҷҷатҳои тиббӣ оид ба корношоям будани фарзандони болиғ, ҳамсари онҳо ва ғайра шуда метавонад. Яке аз шартҳое, ки ба тақдири даъво таъсир мерасонад, маблағи зарурӣ доштани ҷавобгар барои супоридани таъминот мебошад. Суд бояд муайян созад, ки писарандар ё духтарандар то кадом андоза имконияти моддии иҷрои уҳдадории таъминоти падарандар ё модарандарро дорад. Қонеъ кардани даъво набояд сатҳи рӯзгузаронии ҷавобгарро маҳдуд кунад. Дар мавриди надоштани маблағи зарурӣ барои таъминот даъво бояд рад карда шавад.

Қисми 2 моддаи 98 КО Ҷумҳурии Тоҷикистон ба суд ҳуқуқ додааст, ки писарандар ва духтарандарро аз уҳдадории таъмин кардани падарандар ва модарандар озод намояд. Қонунгузор ду ҳолатро пешбинӣ кардааст, ки суд аз ҳуқуқи худ оид ба озод кардани писарандар ва духтарандар аз уҳдадории таъминот истифода намояд. Якум ҳолати бо муҳлат алоқаманд буда аз он иборат аст, ки падарандар ё модарандар дар муддати аз се сол камтар писарандар ё духтарандарро тарбия ва таъмин карда бошанд. Ин ҳолат бо нишондодҳои шоҳидон – хешу табори тарафҳо, ҳамсояҳо, муаллимони мактаб, маълумоти идораи хонаҳо, кумитаҳои маҳаллӣ ва ғайра исбот мегардад. Дар таҷрибаи судӣ на ҳама вақт ба муҳлати муқарраркардаи қисми 2 моддаи 98 КО ҶТ эътибор медиҳанд. Масалан, шаҳрванд С.М., нисбати духтарандараш О.С., дар бораи рӯёнидани таъминот ба суд даъво пешниҳод кард. Суди ноҳияи Марказӣ даъворо бори аввал баррасӣ карда даъворо бо он сабаб, ки даъвогар ҷавобгарро ҳамагӣ 4 сол то ба балоғат расиданаш тарбия кардааст, рад кард. Ҳангоми такроран баррасӣ кардани даъво муқаррар гардидааст, ки даъвогар (модарандар) корношоям буда ба кумак муҳтоҷ аст, дар муддати 4 сол ҷавобгарро тарбия ва таъмин кардааст. Духтарандари ӯ ҳоло мустақилона зиндагӣ карда даромадӣ кофӣ дорад ва аз уҳдаи расонидани кумак мебарояд. Аз ин рӯ, суд талаботи қисми 2 моддаи 98 КО ҶТ-ро иҷро карда даъвои С.М.-ро қонеъ кард. Дуюм ҳолат аз номатлуб иҷро кардани уҳдадориҳо аз ҷониби падарандар ё модарандар вобаста ба тарбияи писарандар ва духтарандар иборат мебошад. Номатлуб иҷро кардани чунин уҳдадорӣ он маъноро дорад, ки онҳо нисбати писарандар ва духтарандар оид ба тарбияи маънавӣ, инкишофи ҷисмонӣ ва тайёр кардан ба меҳнати ҷамъиятӣ ғамхорӣ зоҳир накардаанд. Дар таҷрибаи судӣ ҳангоми мавҷуд будани чунин ҳолат даъво рад карда мешавад. Шаҳрванд Ш., нисбати духтарандараш Д., ба суди ноҳияи Марказӣ бо даъвои таъминот гирифтан даъво пешниҳод кард. Ҳангоми баррасии парванда маълум гашт, ки даъвогар бо ҷавобгар 8 сол зиндагӣ кардааст. Дар ин муддат (модарандар) бо ҷавобгар (духтарандараш) муомилаи дағал дошта, ба ӯ корҳои вазнинро фармуда, ӯро бераҳмона истисмор мекардааст. Дар натиҷа Д., мактаби миёнаро маҷбуран тарк карда, ба кор рафтааст. Дар чунин ҳолат Ш., уҳдадориҳои худро вобаста ба тарбияи духтарандараш Д., дар муддати 8 сол номатлуб иҷро кардааст ва суд ба ин воқеият баҳои қонунӣ дода даъворо дуруст рад кардааст.

Ҳар ду ҳолати номбурда дар алоҳидагӣ ба суд имконият медиҳад, ки ҷавобгаронро аз уҳдадории супоридани таъминот озод намояд.

(Давом дорад)