Нигаронӣ

Талоқ. Чаро як идда онро «роҳи осон»-и ҳалли баҳсҳои хонаводагӣ медонанд?

№69 (3863) 05.06.2018

divorcepicПошхӯрии аз меъёр зиёди оилаҳоро вобаста ба паёмадҳои иҷтимоиву равонӣ «мушкили аср» ҳисобидаанд.

Аз рӯи маълумоти оморӣ дар се моҳи аввали соли равон дар ҷумҳурӣ 3043 оила пош хӯрдааст. Соли гузашта 10100 талоқ ба қайд гирифта шуда буд.

Сабаби  афзоиши  талоқро таҳлилгарон дар ҷаҳонишавӣ ва шаҳрнишинӣ (глобализатсия ва урбанизатсия) мебинанд, ки омезиши фарҳангҳоро ба вуҷуд оварда, махсусият ва таомулҳои мардумиро осебпазир гардонидааст.

Фарҳанги тоҷикӣ аз қадимулайём пойдории оиларо тарғиб намуда, дар ин замина осори арзишманди зиёдро ба миён овард. Фарҳанги исломӣ низ оиларо муқаддас ва ҳифзи онро ҳатмӣ шуморида, дар ин маврид меъёрҳои ахлоқии зиёдро ҷорӣ намудааст. Аз таърих низ бармеояд, ки тоҷикон оилаҳояшонро бо истифода аз тамоми васила ҳимоят намуда, баҳри ҳифзи он ҳатто аз ҷон гузар мекарданд.

Яке аз сабабҳои хонавайронии оилаҳои ҷавон дар никоҳи бармаҳал ва иҷборӣ арзёбӣ гардад ҳам, талоши волидон ҷиҳати ҳар чӣ зудтар оиладор кардани фарзандон, бахусус духтарон, то ҳол ба мушоҳида мерасад. Ҳар падару модар дар фикри хушбахтии фарзанд аст, вале никоҳи бармаҳалу баъзан маҷбурӣ натиҷаи баръакс медиҳад.

Аз ҷиҳати равонӣ омода накардани фарзандон ба ҳаёти мустақилона, маҷбур ба шавҳар додани духтарон, дахолати якҷонибаи бархе аз волидон ба ҳаёти навхонадорон, хушунати хонаводагӣ, нашъ­амандӣ ва майпарастии ҷавонписарон, саркашӣ аз масъулиятҳои оилавӣ ва хиёнат заминаҳои вайроншавии оилаҳо дар ҷомеа ба ҳисоб мераванд.

Оилаҳои ҷавон, новобаста аз моликияти зеҳниву моддӣ, дар баробари мушкилоти рӯзгор ба маслиҳату кумаки шахсони зиндагидида ниёз доранд. Аз зиёдшавии талоқҳо маълум мешавад, ки  назорати оилаҳои ҷавон аз тарафи волидон он қадар ҷиддӣ нест ва барои пойдории он кам талош меварзанд. То замоне имкониятҳои бешумори созиш вуҷуд дорад, аз рӯи қаҳру эҳсосот онҳоро нодида мегиранд ва вақте кор аз кор гузашт, тақдир баҳона мешавад.

Мушкилгурезии ҷавонон низ ҷой дорад, ки роҳи дурусти ҳалли масъаларо наёфта, роҳи аз нигоҳи худ аз ҳама «осон» — талоқро интихоб мекунанд. Яке аз сабабҳои дигари зиёд шудани оилавайрониро коршиносон ба нодуруст фаҳмида шудани озодии талоқ ва дастрас будани он рабт медиҳанд. Дастрасии онро бархе чун  воситаи фишор ва таҳдид низ ба ҳамсарон истифода мебаранд.

Вақте як ҷуфт ақди никоҳ мебанданд, ин тасмим ба ҳисоб меравад. Зиёданд ҳолатҳое, ки ҳуҷҷатгузорӣ, ки ҳуқуқҳои духтаронро ба манзил баъди талоқ таъмин мекунанд, амалӣ намегардад. Дар натиҷа, келини хонавода баъди талоқ гирифтан бо як ё якчанд кӯдаки хурдсол ба хонаи падар бармегардад. Таҳлилҳои мақомот нишон доданд, ки дар бархе аз оилаҳо келин ҳатто ба қайди дафтари ҳавлӣ гирифта нашудааст.

Ҷудошавии оилаҳо аксаран паёмадҳои нохуш дорад ва замоне ҳатман пушаймонии як тараф ё ҷонибҳоро ба бор меорад. Сардшавии муносибат байни хешовандон ба миён меояд,  риштаи дӯстии рафиқони қадрдон канда мешавад. Зиёни равонии он ба шахсони ҷудошуда исбот шудааст ва аксаран инсонҳоро ба эҳсосоти шадид рӯ ба рӯ карда, боиси пайдоиши бемориҳои рӯҳӣ мегардад.  Ин фишорҳо метавонанд боиси даст ба худкушӣ задан низ гарданд. Моҳи июли соли 2015 як ҷавонзани тоҷик дар пайи талоқи ногаҳонӣ худу се тифли хурдсолашро ба дарё андохта буд.

Дар ин ҳолат кӯдакон ба тарбияи модарон афтода, тад­риҷан ба фарзандони душвортарбия мубаддал мегарданд. Мутаассифона, ин қабил кӯдакон аксаран аз тарбияи комили хонаводагӣ бенасиб мемонанд ва шахсияташон аз нигоҳи иҷтимоӣ осебпазир мегардад.

Занҳо дар ҳолати надоштани падару модар маҷбур мешаванд, ки барои дарёфти рӯзии худу фарзандон ба ҳар кор даст зананд. Аксарияти занҳои пешхизмати ошхонаҳо қурбониёни талоқанд. Занҳои сабукпо, ки мавҷудияти онҳо махфӣ нест, самараи ин раванд мебошанд.

Мушкилоти иҷтимоии давлат низ дар пайи он зиёд гардида, қисмате аз кӯдакони қурбонии талоқро дар муассисаҳои махсус бо харҷи зиёд ба таълиму тарбия фаро гирифтан лозим аст.

Ба андешаи равоншиносон, дастрасӣ ба талоқ дар заминаи ҳуқуқӣ бояд то ҷое маҳдуд карда шавад, то онро минбаъд ҷавонон чун «роҳи осон» — и ҳалли баҳсҳои хонаводагӣ истифода набаранд.

Бо таваҷҷуҳ ба мушкилоти ҷойдошта ва бо ҳадафи баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ, таҳкими оила ва танзими муносибатҳои оилавӣ, инчунин коҳиш додани пошхӯрии оилаҳои ҷавон соли 2015 аз тарафи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  «Соли оила» эълон шуд. Таъкид гардида буд, ки дарсҳои одоби оиладорӣ дар синфҳои болоии мактабҳо дуруст ба роҳ монда шавад. Тадбирҳои зиёде дар ин самт анҷом дода шуданд ва ҳамон сол мизони оилавайронӣ паст фаромад. Аммо бо гузашти  солҳо  он афзоиш ёфт. Чаро? Посухи масъулинро интизорем.

Шарофат АБДУЛВОҲИДОВА,

«Садои мардум»