Тарабхонаи хӯрокҳои миллии тоҷикӣ дар дили Россия

№34 - 35 (4140 - 4141) 19.03.2020

Ба он ҷо барои ғизои маънавӣ ҳам меоянд

20191101_180543Зимни сафари корӣ дар шаҳри Москва яке аз дӯстон моро ба тарабхона, барои хӯрдани хӯрокҳои миллии тоҷикӣ, даъват кард, ки дар назди истгоҳи метрои «Площадь Ильича» (Майдони Илич) ҷойгир буда, аз он ҷо то Кремл пиёда 25 дақиқа роҳ аст.

Сарвариашро ҷавони саховатманд Фурқат Раҷабов ба уҳда дошта, он дар шафати тарабхонаи «Самарқанд — сити» воқеъ гардидааст. Фурқат дар тарабхона аз ҳама минтақаи Тоҷикистон ошпазҳои моҳирро ба кор гирифтааст. Дар умум 76 нафар он ҷо кор мекунанд ва ба меҳмонон 14 номгӯй ғизо пешниҳод мешавад. Оши палав, шӯрбо, манту, самбӯса, угро, мастоба ва дигар ғизоҳои хуштаъме, ки дар тарабхона мепазанд, мазаашон то дер гоҳ аз даҳони мизоҷон намеравад. Аз ин рӯ, бисёрии онҳо такроран меоянд ва дар дафтари қайдҳо хотирот низ сабт кардаанд.

Аксар ҳамватанон ба тарабхона танҳо барои шикамсеркунӣ не, балки барои гирифтани ғизои маънавӣ низ меоянд. Зеро дер боз ин макон ба маркази фарҳангии тоҷикони мусофиру муқими шаҳри Москва табдил ёфтааст.

Вақте ба он ҷо омадем, ҳозирин аз шунидани сабти таронаҳои сарояндаи хушилҳон шодравон Субҳони Саид лаззат мебурданд. Дар чанд монитори калон манзараҳои зебои кӯҳистони Тоҷикистон, гулгашту хиёбонҳои шаҳри Душанбе ва обҳои зулоли кишвар таваҷҷуҳи меҳмононро ҷалб мекард. Масъулон чунон фазоеро омода карда буданд, ки кас худро дар як гӯшаи Тоҷикистон тасаввур мекард.

Мушовири фарҳангии директори тарабхона Боқӣ Убайдов, ки дар шаҳри Москва бо тахаллуси «Махдуми Садриддин» машҳур аст, чорабиниҳои фарҳангии ҷолиб баргузор мекунад. Бо ташаббуси ӯ ҳунарпешагони шинохта Афзалшоҳи Шодӣ, Хосият Ортиқова, Бобоҷони Амонулло, Баҳром Ғафурӣ, Ҳасани Камол ва дигарон дар тарабхона борҳо хотири ҳамватанонро бо базми шеъру суруд шод гардонидаанд. Замоне ки меҳмони тарабхона шудем, ҳунарпешаи хушовоз Тоҳирҷон Ҷӯраев бо сафари ҳунарӣ дар он ҷо қарор дошт ва бо садои ҷаззоб чанд суруди классикӣ хонда, табъи ҳозиринро болида гардонд.

- Шукрона, ки Ватани ободу зебо ва тинҷу осуда дорем. Ва бояд дар ҳар куҷое бошем, барои ободии он, ҳифзи забону фарҳанги миллӣ ва баланд бардоштани номи Тоҷикис­тон ҳисса гузорем, — мегӯяд Фурқат Раҷабов.

Гуфтаҳои ӯро Боқӣ Убайдов ҷонибдорӣ карда, илова намуд, ки оростани маҳфилҳои фарҳангӣ муҳоҷирони меҳнатии кишвар ва тоҷикони муқими шаҳри Москваро муттаҳид гардонида, меҳрашонро ба миллату Ватан зиёд мекунад.

- Ба ҳамватанон мегӯем, ки назар ба солҳои навадуми асри гузашта сатҳи зиндагӣ дар кишвар бамаротиб баланд гашта, шаҳру деҳоти мамлакат ободтар шудаанд. Танҳо бо якдиливу ваҳдат ва меҳнати ҳалол ҷумҳуриро ба кишвари мутараққӣ табдил дода метавонем, — гуфт Б. Убайдов ва ин байти Муҳаммад Иқболи Лоҳуриро мисол овард:

Тан сиҳат бошад агар, хотир ҷамъ,

Дон, ки Луқмону Сикандар аз ту кам.

Ғайр аз тарабхона, ки дар ошёнаи дуюми бино воқеъ аст, Фурқат Раҷабов, инчунин, дар ошёнаи якум дӯкони фурӯши хушкмеваю шириниҳои тоҷикӣ, қаҳвахона, ошхона, дӯкони самбӯсаю шаурма низ дорад. Ҳангоми ба онҳо ворид шудан касро ҳисси баланди ифтихори миллӣ фаро мегирад, зеро иншооти мазкур на танҳо ба ҳамватанон ҷойи корӣ фароҳам овардаанд, балки муаррификунандаи ҳунари пазандагию фарҳанги тоҷикон низ мебошанд.

Шарики тиҷоратии Фурқат-зодаи шаҳри Москва Игор Владимирович иброз дошт, ки даҳ сол аст бо ҷавони лаёқатманду ҳалолкори тоҷик ҳамкорӣ мекунад.

- Ҳамроҳи Фурқат корро аз ифтитоҳи мағоза оғоз кардем. Дарк намудам, ки ӯ ҷавони заҳматкашу ростқавл ва поквиҷдон аст. Ҳеҷ гоҳ аз ҷониби ӯ дар масъалаи пулу молу додугирифт хиёнат надидаам. Баракати ҳалолкорию ростқавлӣ буд, ки ҳоло соҳиби тарабхонаю қаҳвахона ва нуқтаҳои зиёди хизматрасонӣ ҳастем. Алҳол аз Фурқат дида, дӯсти наздиктар надорам. Қавлу амалаш як буда, саҳархезу тозагидӯстдор мебошад. Ба ҳар чизе ноил гашта бошад, аз меҳнати ҳалол аст. Касе дили софу дасти пок дошта бошад, файзу баракат мебинад. Ман ба тарбиятдиҳандагонаш раҳмат мегӯям, — иброз дошт Игор Владимирович.

Ҳангоми худоҳофизӣ ба Фурқату ҳамкоронаш барори кор хоста, таманно кардем, ки сафи ҷавонмардони номбардори миллат боз ҳам бештар гардаду намояндагони дигар миллатҳо ба онҳо мисли Игор Владимирович баҳои баланд диҳанд.

Самариддин АСОЗОДА,

Сайфиддин СУННАТӢ,

«Садои мардум».

Душанбе — Москва – Душанбе