Китобиёт

Тараннуми ҳамсоядории нек

№34 (3984) 30.03.2019

ЭрматовЧанде пеш нашриёти «Шарқи озод» китоби  нависандаи хушсалиқа Сулаймон Эрматовро бо номи «Гуфтугӯ аз дӯстӣ дорем мо» ба табъ расонд. Он ба дӯстии ҷовидонаи халқҳои тоҷику ӯзбек, ки ба шарофати сиёсати дурандешонаи сарварони ду давлат — Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев ба марҳилаи нав ворид шуд, бахшида шудааст.

Бешубҳа, яке аз  муҳимтарин ҳодисаҳои соли 2018 барои мардум эҳё ва тақвияти муносибатҳои дӯстона миёни ҷумҳуриҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон буд. Муаллиф ин нуктаро дар китоб дарҷ намуда, лаҳзаҳои хотирмони истиқболи гарми меҳмонони  олиқад­ри ду кишвари ҳамсояро  инъикос кардааст. Ӯ бо камоли ихлосу эҳтиром сарварони ҳар ду ҷумҳуриро «Боғбонҳои боғи дӯстӣ» номидааст: «Шубҳае нест, ки муносибати ҳамсоягӣ рӯз аз рӯз инкишоф меёбад, боз ҳам мустаҳкамтар мегардад, зеро дарахти дӯстие, ки аз сарчашмаҳои асрҳои дур об мехӯрад, боғбон дорад. Дарахти дӯстие, ки сарварони ду кишвари бузург боғбонӣ мекунанд, нашъунамо хоҳад ёфт».

Яке аз чорабиниҳои фараҳбахши соли гузашта баргузории Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон буд. Сулаймон Эрматов, ки дар он иштирок дошт, хотираҳояшро дар мақолаи «Уфуқҳои нурафшони дӯс­тии тоҷику ӯзбек» чунин нигоштааст: «Кӯча ва хиёбонҳои шаҳри Тошканд, ки либоси идона пӯшида буд, бо навиштаҷоти «Марҳабо, эй дӯстони бо ҷон баробар, марҳабо!», «Марҳабо, эй Тоҷикистони бародар, марҳабо!», «Хонаи мо хонаи шумост, дӯстон!», бо шиору овезаҳо, парчами ду кишвар, суратҳои сарварони ду давлат оро дода шуда, аз одамони гулдастабадаст пур буд… Вақте ки намояндагони фарҳанги тоҷик суруду таронаҳои форам ва рақсҳои зебои худро ба дӯстони ӯзбек тақдим мекарданд, чаппакзаниҳои давомдор, ҳамду санои бешумори онҳо ба чашм мерасид. Ҳамбастагии оҳанг, садо ва дилҳо ҳувайдо буд».

Дар боби «Дӯстии адабӣ — дӯстии абадӣ» муаллиф силсилаи мақолаҳоро дар бораи дӯстии адибони тоҷик бо адибони ӯзбек, аз ҷумла Шароф Рашидову Зулфия бо Мирзо Турсунзода, Ҳамза Ҳакимзода, Абдулло Қодирӣ, Ғафур Ғулом, Ҳамид Олимҷон бо Садриддин Айнӣ ҷой додааст.

Мақолаи Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, узви пайвастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуҷаббор Раҳмонзода зери унвони «Равобити адабию фарҳангӣ — рукни муҳими таҳкими дӯстии тоҷикон ва ӯзбекон» низ хеле ҷолиб буда, таърихи ҳамсоядории ду халқи бо ҳам дӯстро бозгӯйӣ мекунад.

Инчунин, аз эҷодиёти шоирони муосири тоҷику ӯзбек, ба монанди Мирзо Турсунзода, Боқӣ Раҳимзода, Лоиқ Шералӣ, Қутбӣ Киром, Саидалӣ Маъмур, Ғафур Ғулом, Собир Абдулло, Зулфия, Мирмуҳсин, Абдулло Орипов ва дигарон, ки дар бораи дӯстии ду халқи бародар навиштаанд, намунаҳо оварда шудааст.

Сайфиддин СУННАТӢ, «Садои мардум»