Маслиҳати мутахассис

Тарс ҳам метавонад ҳаёти инсонро барбод диҳад

№56 (3536) 28.04.2016

Организми инсон ҳам заъф дораду ҳам далерӣ. Духтур  бояд омилҳои далерӣ ва заъфу бемадории организмро махсусан ба бемороне, ки дар натиҷаи асабоният рӯҳафтода шудаанд, дуруст фаҳмонида тавонад, то рӯҳи  беморро болида созад ва ӯро бовар кунонад, ки  ҷисми ӯ қобилияти бар зидди ҳар гуна касалиҳо мубориза бурданро дорад.

Пеш аз ҳама, зарур аст, ки худи духтур далеру шуҷоъ ва раҳмдил буда, дарди беморро дарди худ донад. Олими маъруф А. П.Чехов гуфтааст, ки як маротиба табассум намудани духтур ба сӯи бемор, ба ивази як сӯзандору хизмат мекунад. Духтур бояд, ки беморро мисли узви хонадони худ дониста, ба ӯ меҳрубон бошад. Тарзе рафтор намояд, ки бемор ба ӯ бовар карда, рӯҳаш болида гардад, итминонаш комил бошад, ки шифо ёфта, дарду ранҷҳоро  паси сар мекунад.

Тавре аз мушоҳидаҳо бармеояд, имрӯз тарсу ваҳм нисбат ба солҳои пеш дар вуҷуди беморон зиёд шудааст. Аз як тараф, иттилооти нодурусти зараррасон ба воситаи интернет ва дигар  расонаҳои хабарӣ доир ба ҷангу мухолифатҳои ҷаҳонӣ, аз тарафи дигар камбудиҳои оилавӣ ва дигар нохушиҳо ба организм таъсири манфӣ расонида, одамро бемор мекунад. Мо бояд мушкилотро сидқан  қабул накунем, организмро ба тарсу ҳарос мувоҷеҳ накарда, муътақид бошем, ки ҳама гуна мушкилӣ бартарафшаванда аст. Ҳамеша тасалло диҳем ва организмро барои мубориза ба муқобили тарс омода созем, зеро агар тарсу ваҳмро ба дил гирем, он гоҳ беморӣ дар вуҷуди мо «хона»  карда, доимӣ мемонад. Сипас, бо каме тарс боз беморӣ авҷ мегирад.

Дар натиҷа хастагии доимӣ, бехобӣ, нооромӣ, бемадорӣ ва дидани хобҳои  бад ба вуқӯъ  мепайвандад. Минбаъд, зуд-зуд бағазабоӣ сар зада, бо одамони гирду атроф муносибат  бад мешавад. Чунин шахс  дар ҷои кор ҳам ором фаъолият карда наметавонад. Тарси доимӣ ба сардардӣ, бехобӣ, фишорбаландии шараёнӣ, дарди меъдаю гурда ва хароб гаштани пӯсти бадану намнокшавии он бурда мерасонад. Бемор ҳама вақт дар ҳаяҷон мемонад ва фикр мекунад, ки ин беморӣ ӯро аз байн мебарад.

Касалиҳое, ки аз тарс ба вуҷуд меоянд, ҳатто ба вайроншавии оила бурда мерасонанд. Ғайр аз ин, муносибатҳои ҷинсии зану мард  низ қатъ мегардад. Аз ин рӯ, зимни дар рӯҳияи худ эҳсос намудани  ноҷӯриҳо сари вақт ба равонпизишк муроҷиат намоед. Муроҷиати саривақтӣ ҳар гуна оқибатҳои номатлубро пешгирӣ мекунад.

 Бибиҳоҷар АХИЕВА, духтури оилавии  Маркази саломатии шаҳрии № 5-уми ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе