Тазодҳои ҳаёт

№5 (4267) 14.01.2021

Пилакони ишқ

Ҳаштод сол пеш дар Чин Лю ном ҷавони нуздаҳсола ошиқи як зани бистунуҳсолаи бева мешавад, ки Жу ном дошт. Дар он замон ишқи ҷавон ба зани аз худаш калон ғайриахлоқӣ маҳсуб мешуд.

Онҳо ба вилояти Жиёнг мераванд ва дар ғоре зиндагӣ мекунанд. Дар аввали зиндагии муштарак онҳо ҳатто ба барқу ғизо дастрасӣ надоштанд. Ноилоҷ гиёҳ ва решаи дарахтонро мехӯрданд. Дар соли дувуми зиндагӣ Лю кори хориқулодаеро шурӯъ менамояд. Ӯ бо дасти холӣ кандани зинапояҳоро дар дили кӯҳ оғоз месозад, то ҳамсараш тавонад ба осонӣ аз кӯҳ поин биёяд. Вай ин корро панҷоҳ сол идома медиҳад.

Ним қарн баъд ин зану шӯи пирро ҳамроҳи шаш ҳазор зинапояи бо даст кандашуда пайдо карданд.

Чанде пеш Лю дар 82 — солагӣ фавтид. Жу рӯзҳои зиёд дар канори марқади шавҳараш буд. Давлати Чин тасмим гирифт, ки «Пилакони ишқ» ва маҳали зиндагии ин зану шавҳари вафодорро ба музей табдил диҳад.

 Қудрати бовар

Занбӯр бо мор баҳс кард. Гуфт:

- Инсонҳо аз тарси зоҳири хавфноки ман мемиранд, на ба хотири неш заданам.

Занбӯр ин ҳарфи морро қабул накард. Мор ба хотири исбот занбӯрро бо худ бурд ва дар роҳ ба чӯпоне вохӯрданд, ки дар сояи дарахте хобида буд.

Мор ба занбӯр гуфт:

- Ман ӯро неш мезанаму пинҳон мешавам, ту дар болои сараш чархида парвоз кун.

Мор чӯпонро неш заду пинҳон шуд ва занбӯр дар болои сари чӯпон ба парвоз даромад. Чӯпон аз хоб хест ва занбӯрро дашном доду ҷои нешзадаи морро макида безарар гардонд. Сипас, миқдоре гиёҳ ба рӯи захм гузошт.

Баъди чанде чӯпон дар сояи ҳамон дарахт барои рафъи хастагӣ ба хоб рафт. Ин бор мор ва занбӯр нақшаи дигар кашиданд. Занбӯр чӯпонро неш заду пинҳон шуд ва мор худро ба чӯпон намуд. Чӯпон ҳамин ки морро дид рӯ ба гурез овард ва каме баъд аз шиддати дард нақши замин шуд.

Пас аз марги чӯпон мор ба занбӯр гуфт:

- Инсонҳо аз тарси мор мемиранд, на аз неши он!

 Шайтон ва ҳавво

Шайтон Одаму Ҳавворо фиреб дод ва Худо онҳоро аз биҳишт берун андохт. Бинобар ин, Ҳавво тасмим гирифт, ки аз Шайтон қассос гирад.

Як рӯз Шайтон бачаи Ханносро пеши Ҳавво гузошт ва аз пушти коре рафт. Ҳавво фурсатро ғанимат дониста бачаи Шайтон — Ханносро пора карда, ба ҳар гӯша андохт. Вақте ки Шайтон баргашт, барои нишон додани қудраташ фарзандашро ҷеғ зад:

- Ханнос!

Фавран тиккаҳои бадани Ханнос аз ҳар гӯша ба ҳамдигар васл гардиданд.

Чанд рӯз баъд Шайтон боз писарашро дар назди Ҳавво гузошта, ба ҷое рафт. Ҳавво ин бор бачаи Шайтонро кушта хӯрд. Вақте Шайтон баргашт ва фарзандашро суроғ кард, Ҳавво хандиду гуфт:

- Ин дафъа дастат ба тухми шайтон намерасад. Ман ӯро кушта хӯрдам.

Шайтон инро шунида писарашро садо зад:

- Ханнос!

- Лаббай! – аз даруни Ҳавво овоз омад.

- Ҷоят хуб аст?

- Бале, падарҷон!

Шайтон посухи фарзандашро шунида гуфт:

- Манзили нав муборак бод! Ҳамон ҷо мон ва Ҳавворо ҳидоят кун.

 Рӯи занашро диду ба бало монд

Зани арабистонӣ, барои он ки шавҳараш баъд аз сӣ соли зиндагӣ рӯи ӯро дидааст, ба ғазаб омада талаб намуд вайро талоқ диҳад. Ин зани панҷоҳсола дар деҳае таваллуд шудааст, ки он ҷо суннати аҷиб роиҷ аст. Тибқи он зан бояд тамоми умр рӯи худро аз ҳама пӯшонад.

Шавҳари бечораи он зан, ки сӣ сол бо ӯ дар як бистар сар мондааст, орзу мекунад, ки ақаллан як бор рӯи ҳамсарашро бинад. Зан ба ғазаб омада, рӯзи дигар барои талоқ гирифтан ба суд муроҷиат мекунад. Дар додгоҳ мегӯяд:

- Шавҳарам аз ин амали қабеҳе, ки анҷом дод, пушаймон шудааст, вале тибқи суннат, ман дигар наметавонам бо ӯ зиндагӣ кунам.

Таҳияи ВОРИС,

«Садои мардум»