12 май - Рӯзи «Шашмақом»

Тоҷиддин Раҳимзода: «Шашмақом» матнҳои сустро намепазирад»

№58 (3852) 12.05.2018

Шашмаком2Суҳбат бо устоди мақоми дастаи «Шашмақом»-и ба номи Фазлиддин Шаҳобови Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  Тоҷиддин Раҳимзода.

- Пас аз он ки бо Фармони  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 12 майи соли 2000-ум ба Ансамбли «Шашмақом»-и ба номи Фазлиддин Шаҳобови Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми давлатӣ дода шуд, ба чӣ дастовардҳо ноил гардидед?

- Мақоми давлатиро касб намудани ансамбл ба санъати касбии мусиқӣ умри дубора бахшид ва барои рушду нумӯи он заминаи мусоид фароҳам овард. Бо супориши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз соли 2000 дар шаҳру ноҳияҳои кишвар ансамблҳои мақомхонӣ, студияҳои бачагонаи мақомхонӣ кушода шуданд. Имрӯз онҳо дар шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Қӯрғонтеппа, Конибодом, Исфара, Ҷаббор Расулов, Истаравшан, Панҷакент, Бобоҷон Ғафуров, Файзобод ва ғайра фаъолияти босамар доранд. Инчунин, ансамбли бачагонаи мақомхониро дар назди Ансамбли «Шашмақом» ташкил намудем, ки натиҷаи хуб дода истодааст.

Аз ҷониби ЮНЕСКО ба феҳристи шоҳкориҳои шифоӣ ва ғайримоддии мероси ҷаҳонӣ ворид гардидани «Шашмақом» низ дастоварди муҳим ба шумор рафта, боиси ифтихори мост.

- Суруду навоҳои «Шашмақом» нисбат ба дигар жанрҳои мусиқӣ ба шунавандагон аз кадом лиҳоз таъсири бештар доранд?

- Ин шоҳасари мусиқӣ яке аз зинаҳои баландтарини мусиқии классикӣ буда, онро «Шаҳодатнома»-и мусиқӣ низ мегӯянд. Аз ҷониби дигар, ин жанр матнҳои сода ва аз ҷиҳати мазмун суст­ро намепазирад ва аз иҷрокунанда ҳунари воло, завқу дарки баланди мусиқӣ ва маърифату ҷаҳонбинии васеъро тақозо менамояд.

«Шашмақом» дарси хештаншиносӣ, меҳанпарастӣ, дӯстиву рафоқат, накукориро меомӯзад.

- Дар мавриди суруду оҳангҳои нави «Шашмақом», ки дар замони соҳибистиқлолӣ эҷод ва суруда шуданд, чӣ назар доред?

- Дар замони соҳибистиқлолии кишвар таҳаввулоти ҷиддӣ дар санъати мусиқии «Шашмақом» ба амал омад. Дар «Шашмақом», аз ҷумла  таронаҳои сохтори созӣ, яъне қисмати сарахборҳо (сурудҳои «Уфар», «Амал», «Фурӯғ») ҷой додани матн­ҳои  нав имконпазир аст. Биноан, дар пардаҳои «Шашмақом» ғазалҳои навро ҷой дода, сароидем. Ашъори шоирони муосирро, ки дар васфи Ватан, сулҳ, дӯстӣ, Ваҳдат, Модар, Истиқлолият, Наврӯз эҷод шудаанд, дар пардаҳои «Шашмақом» ҷо намудем, ки пешравӣ ва дигаргунӣ дар ин санъати олӣ аст.

- Чун соли 2018 «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гардидааст, чӣ нақша доред?

- Ба ин муносибат ҳайати ансамбл ба вилояти Хатлон, аниқтараш ба қалъаи Ҳулбук сафари ҳунарӣ намуд ва барномаи ҷолибу хотирмонеро ба дӯстдорони санъати суннатӣ иҷро кард. Дар Қалъаи Ҳисор низ барномаи ҳунариро иҷро намудем ва сайёҳони зиёд аз суруду наво, сарулибосҳои зардӯзиву пурнақшу нигори ҳунармандон баҳра бурданд. Навоҳои «Шашмақом»-ро, ки барояшон хеле аҷиб буд, сабт намуда, акс гирифтанд. Аз ин ифтихор дорем, ки дар «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» метавонем ҳунарҳои миллати хешро бештар рушд диҳем ва ба сайёҳон беҳтар муаррифӣ намоем.

 Некуи Иқбол,

рӯзноманигор