Эй забон, эй ганҷи бепоёни мо

Тоҷик аз сеҳри каломаш гашт машҳури ҷаҳон

№121 (3758) 12.10.2017

Аз таърих медонем, ки миллати тоҷик бо вуҷуди мавриди ҳамлаи ғосибон қарор  гирифтан забону ҳувияти миллии худро гум накард. Фарзандони фарзона дар ҳар давру замон на танҳо забони ширину шевои  тоҷикиро аз ҳамлаи бегонагон ҳифз намуданд, балки онро шуҳраи офоқ гардониданд. Номзади илмҳои таърих Қаҳҳор Расулиён навиштааст, ки танҳо дар водии Кашмир дар байни асрҳои XVI-XVIII зиёда аз ҳазор шоир ба забони форсӣ- тоҷикӣ эҷод кардаанд. Қаламрави забони тоҷикӣ аз Озарбойҷон то Банғола (Бангладеш) паҳн шуда буд. Ба қавли Хоҷа Ҳофизи Шерозӣ:

Шаккарфишон шаванд ҳама тӯтиёни Ҳинд,

З- ин қанди порсӣ, ки ба Банғола меравад.

Далели устуворию бузургии забони тоҷикӣ он аст, ки бисёр халқҳо, аз ҷумла сокинони таҳҷоии Мисру Лубнон, Сурияву Ироқ ва ғайра забонашонро гум карда, арабзабон шуданд.

Мутафаккирони халқу  миллатҳои гуногун бузургии забони тоҷикиро эътироф карда, асарҳояшонро бо ин  забони илму  адаб эҷод кардаанд. Аллома Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ яке аз онҳост. Ӯ ҷавонмардона эътироф кардааст, ки :

Гарчӣ ҳиндӣ дар узуббат шаккар аст,

Тарзи гуфтори дарӣ ширинтар аст.

Бо талоши иддае аз равшанфик­рон, аз ҷумла Муҳаммад Осимӣ, Акбари Турсон, Лоиқ Шералӣ, Муҳаммадҷон Шакурӣ ва дигарон соли 1989 Қонуни забони тоҷикӣ қабул шуд ва мақоми давлатӣ гирифт. Мутаассифона, ҷанги шаҳрвандӣ ва мушкилоти иқтисодию иҷтимоии солҳои навадуми асри гузашта монеи пурра  амалишавии қонуни мазкур гардид.

Баъди ба эътидол омадани вазъияти сиёсию иқтисодии ҷумҳурӣ мавқеи фарҳангу маънавиёт боз боло рафт. Бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 5 октябри соли 2009 бо дарназардошти таҳаввулоте, ки дар ҳаёти аҳли ҷомеаи мамлакат ба вуқӯъ пайваст, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардид. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар яке аз  суханрониҳои худ ба муносибати Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин баён доштанд:

«Акнун замоне фаро расидааст, ки мардумро бештар бо намунаҳои беҳтарини осор ва забони  ноби тоҷикӣ ошно созем, асолати забонро барои ворисони он, бахусус насли ҷавон бозгӯ намоем ва забони асили адабиро, ки замоне бо ҳадафҳои ғаразнок ҳамчун забони куҳна маҳкум гардида буд, ба мақому мартабаи пешинаи он бозгардонем» .

Дар корхонаю ташкилот, идораҳои давлатӣ, муассиса ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ коргузорӣ ба забони давлатӣ сурат мегирад. Ашхосе, ки дар муҳокимаҳои судӣ ширкат меварзанду забони коргузории судро намедонанд, ҳуқуқ доранд, ки дар мурофиа ва корбурди судӣ тавассути истифодаи хизмати тарҷумон бо ҳуҷҷату рафти кор пурра шинос шуда, бо забони модариашон сухан кунанд. Аз ин бармеояд, ки қонуни зикршуда ба сифати қонуни миллӣ, вале дар айни замон моҳиятан демок­ратӣ, ҳуқуқу озодиҳои миллатҳои ҷумҳуриамонро кафолат медиҳад.

Шоири  ширинкалом Сайид Ғоиб дар бораи бузургдошти забони тоҷикӣ чунин фармудааст:

Дар тани миллат чу ҷон бошад, забони модарӣ,

Беҳтарин ганҷи ҷаҳон бошад, забони модарӣ…

Тоҷик аз сеҳри каломаш гашт машҳури ҷаҳон,

Бартар аз теғу камон бошад, забони модарӣ.

Дар такомули забони тоҷикӣ нақши  воситаҳои ахбори омма хеле калон аст. Мутаассифона, баъзан дар рӯзномаҳо хатоҳое ба чашм мерасанд, ки минбаъд ислоҳ нашудани онҳо метавонад боиси оммавӣ шудани чунин  ғалатгӯиву ғалатнависиҳо шавад. Аз Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатӣ» бармеояд, ки мавқеи забони тоҷикӣ дар низоми санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ҷойи намоёнро ишғол намуда, он дар моддаи 2 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин дарҷ шудааст: «Забони давлатии Тоҷикистон забони тоҷикӣ аст».

Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи поку  беолоиш ҳифз намудани забони модарӣ чунин таъкид намудаанд: «Ҳар як фарди соҳибзабон бояд забони модарӣ ва ба воситаи он ҳувияти миллӣ ва фарҳанги миллии худро ҳифз кунад ва  гиромӣ дорад».

Мо бояд ба қадри  забони шевои тоҷикӣ бирасем, зеро омили асосии рушди ҳар миллат забони ӯст.

 Зокирҷон АМИНОВ,

муовини раиси Суди Олии

иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон