«Тоҷикистон — кишвари сайёҳӣ: аз дастовардҳо то имкониятҳо»

№118 (3912) 29.09.2018

IMG_9020Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон — «Ҷумҳурият» озмунеро, ки баҳри амалӣ намудани ҳадафҳои «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент аз 20 апрел то 10 сентябри соли ҷорӣ ҷараён гирифт, ҷамъбаст намуд. Дар он шоиру нависандагон, олимон, рӯзноманигорон ва дигар аҳли зиёи кишвар иштирок ва беш аз 100 матлаб пешниҳод намуданд, ки ҳафтодтои он дар саҳифаҳои рӯзнома дарҷ гардид.

IMG_9012Дар натиҷа, мақоми аввал ба доктори илми география, профессор Холназар Муҳаббатов барои мақолаи «Тоҷикистон — кишвари сайёҳӣ: аз дастовардҳо то имкониятҳо», ду ҷойи дуюм ба фарҳангшинос Ҷонибек Асрориён («Чакомаи гесу»), доктори илми таърих Ҳамза Камол («Маконҳои муқаддас. Нақши онҳо дар шиносоии таъриху фарҳанг»), се ҷойи сеюм ба нависанда, барандаи Ҷоизаи адабии ба номи Садриддин Айнӣ Маҷид Салим («Тоҷикистон. Ҷаҳони нав барои сайёҳон»), директори Осорхонаи ҷумҳуриявии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакии шаҳри Панҷакент Фотима Рафиева («60 сол. Таърихи як осорхона») ва рӯзноманигор Меҳрангез Қодирова («Сайёҳии байналмилалӣ. Таваҷҷуҳи бештар мебояд») сазовор дониста шуд.

Ҳамчунин, бо ҷоизаҳои махсуси Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент ва Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон — «Ҷумҳурият» Нависандаи халқии Тоҷикистон Абдулҳамид Самад, Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло, Нависандаи халқии Тоҷикистон Бароталӣ Абдураҳмон ва муовини раиси шаҳри Панҷакент Зайнура Азимӣ қадрдонӣ гардиданд.

Мукофоту туҳфаҳои хотиравиро ба ғолибону иштирокчиёни фаъол узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси шаҳри Панҷакент Шафеиён Ислом Зиёзода, мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Масрур Абдуллозода ва раиси Иттифоқи публитсистони ҷумҳурӣ, журналист ва нависанда Умари Шерхон супорида, ба онҳо барори нав ба нави эҷодӣ таманно намуданд.

Ва басо рамзӣ буд, ки маросими тантанавии ҷамъбасти шашумин озмун (дар тӯли ду сол)-и нашрияи расмии мамлакат дар Рӯзи Рӯдакӣ (22 сентябр) ва дар зодгоҳи Рӯдакӣ — Маҷмааи фарҳангӣ-фароғатии «Кохи Лоиқ»-и шаҳри Панҷакент сурат гирифт.

Қабл аз оғози чорабинӣ қисме аз иштирокдорон дар пояи муҷассамаҳои Сардафтари адабиёти классики тоҷику форс Абӯабдуллоҳи Рӯдакию шоир Лоиқ Шералӣ гулчанбар гузошта, аз баъзе ҷойҳои таърихии шаҳри Самарқанд дидан карданд.

- Соли 2018 бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон дар мамлакат «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гардид, ки барои пешрафти соҳаи сайёҳию ҳунарҳои мардумӣ заминаи мусоид ба вуҷуд оварда, даҳҳо иншооту инфрасохтори зарурӣ ба истифода дода шуданд, хатсайрҳои нави сайёҳӣ боз гардиданд, ҳунарҳои мардумӣ ривоҷу равнақи тоза гирифта, бисёр навъи ҳунарҳои фаромӯшшуда аз нав эҳё шуданд. Бинобар ин, ба роҳбарият ва ҳайати эҷодии рӯзномаи «Ҷумҳурият» барои ташкил ва баргузории озмуни эҷодӣ сипосгузорӣ намуда, изҳори умед мекунем, ки он дар муаррифии шаҳри Панҷакент ҳамчун яке аз марказҳои сайёҳии кишвар саҳми муносиб хоҳад гузошт, — гуфт мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Масрур Абдуллозода.

«САДОИ МАРДУМ»