«Тоҷикистон – сарзамини орзуҳо»

№108 (4370) 31.08.2021

Чунин ном дошт корвони иттилоотии журналистон, ки дар арафаи ҷашни 30 — солагии Истиқлолияти давлатӣ Иттифоқи журналистони Тоҷикиcтон (ИЖТ) ташкил намуд. Бино ба гуфти масъулон, ин ташаб­бус имкон фароҳам меорад, ки намояндагони воситаҳои ахбори омма бо зиндагии сокинон, рафти сохтмони иншооти бунёдшаванда, дар маҷмӯъ, дастовардҳои даврони соҳиб­истиқлолӣ шинос гарданд.

Сафари аввал бо сарпарастии ширкати ватании «Сиёма» 27-30 августи соли 2021 ба вилояти Суғд ҷараён гирифта, рӯзноманигорон дар баробари ошноӣ бо дастовардҳо дар суҳбати гирди миз, ки бо иштироки коршиносони соҳа баргузор шуд, иштирок намуданд.

- Ташкили корвонҳои журналистӣ барои баррасии мавзӯъҳои доғ, табодули таҷрибаи байниҳамдигарӣ ва дарёфти роҳҳои беҳтар намудани фаъолият ва рақобатпазир будани ВАО дар шароити таҳоҷуми иттилоотӣ имконияти васеъ фароҳам меорад, — гуфт раиси ИЖТ Зинатуллоҳ Исмоилзода.

Сентябр — ноябри соли ҷорӣ сафари журналистон ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилояти Хатлон ва водии Рашт низ ба нақша гирифта шудааст.

«Садои мардум»