«Тоҷикободам, тапишҳои диламро гӯш кун…»

№99 (4049) 17.08.2019

Ҳар гоҳ мусофире ба Тоҷикобод  аз шарқ ва ё ғарб ворид гардад, дар даромадгоҳи ноҳия ин шеърро мехонад:

Тоҷикободам, дари дилро ба рӯям боз кун.

Тоҷикам, дилдодаат, дилдодаро дамсоз кун.

Гарчи об аз кӯҳсоронат накардам нӯш ман,

Савту сози обшоронат накардам гӯш ман.

Гарчи нашнидам навои кабку мурғони туро,

Ҳам надидам кӯҳсору чашмасорони туро.

Гарчи дида бори аввал дар барат накшодаам,

Кӯдакона пой дар хоки дарат нанҳодаам.

Дӯст медорам туро чун гӯшаи хоки Ватан,

Гӯшаи ҳамноми халқам-халқи бебоки Ватан.

Дил ҳамехоҳад кунад парвоз ҳар дам сӯи ту,

Ишқ варзад, маст гардад дар канори ҷӯи ту.

Тоҷикободам, тапишҳои диламро гӯш кун,

Омадам сӯят, маро фарзандвор оғӯш кун.

1486352969_goib-safarzoda-20.02.10Умуман, дар васфи Тоҷикобод ва мардуми заҳматқарини он адибони маъруф бисёр шеър эҷод кардаанд, ки мояи ифтихори сокинони ноҳия аст. Метавон шеърҳои шоирони халқии Тоҷикистон Бозор Собир, Меҳмон Бахтӣ, Гулназар Келдӣ, Сафармуҳаммад Аюбӣ ва шоири маъруф    Нуриддин Садриддинро мисол орем, ки баъди шиносоӣ бо обу хоки диёр ва мардуми шарифу сарбаланд бо ихлоси тамом иншо гардидаанд.

Аммо шеъре, ки дар оғоз гуфтем, барои сокинони Тоҷикобод азизу таърихист.  Он ба қалами шоири шаҳиру ҷавонмарги тоҷик Ғоиб Сафарзода тааллуқ дорад, ки соли 1962 эҷод гардидааст.

Саволи матраҳ ин аст, ки Ғоиб Сафарзода зодаи кадом минтақаи кишвар аст ва бо дӯстдориву самимияти беандоза меҳри Тоҷикобод ва мардуми он кай ба қалбаш маъво гирифта бошад? Оё то таълифи шеър боре қадам ба Тоҷикобод гузошта буд ё на?

Шодравон Ғоиб Сафарзода соли 1940 дар ноҳияи  Ховалинг таваллуд ёфтааст.  Сенздаҳсола буд, ки оилаи онҳо ба деҳаи Кадучии ноҳияи Восеъ кӯчида омад.  Мактаби миёнаи ин деҳаро соли 1957 бо медали нуқра хатм мекунад ва бо сад умеду орзу барои идомаи таҳсил роҳи Душанберо пеш мегирад…

Дар осори мунтахаби шоир, ки баъди фавташ соли 1978 бо сарсухан ва тавзеҳоти адиб Шоҳҳайдар  Ёдгорӣ аз тариқи нашриёти «Ирфон» дар ҳаҷми сесаду сию шаш саҳифа зери уновни «Мероси ҷавонӣ» ба табъ расида, ба чанде аз шеърҳои муаллиф тавзеҳот дода шудааст, ки ба кадом муносибат эҷод гардидани онҳо ба хонанда маълум гардад.

Хушбахтона, тавзеҳот нисбат ба шеъри «Тоҷикобод» ҳам дода шудааст, ки паҳлуҳои норавшанро возеҳ мегардонад. Он ҷо омадааст: «Тоҷикобод ба муносибати баъди хатми институт (соли 1962) ба ин ҷо ба кори муаллимӣ роҳхат гирифтанаш».

Солҳои ҳафтодум Ғоиб Сафарзода аз машҳуртарин қаламкашони тоҷик буд, ки бо мақолаҳои проблемавӣ дар матбуоти тоҷик шӯру валвалаеро бедор намуда буд. Аз ҷумла, силсиламақолаҳои ӯ доир ба эҳтироми забони модарӣ, ифшои камбудиҳои зимомдорони вақт ва худкомагиҳои режими яккатози ҳизби коммунист дар эҳёи худшиносии миллат хизмати бебаҳо намудаанд.

То таълифи шеъри «Тоҷикобод» Ғоиб Сафарзода ба ин диёр сафар накарда буд. Дар давраи рӯзноманигориаш низ ба Тоҷикобод омада буд ё не, номаълум аст.

Бо муқоисаи асноду далели оварда ба хулосае расидан мумкин аст, ки шодравон Ғоиб Сафарзода шеъри «Тоҷикобод» -ро моҳҳои июн-июли соли 1962 вобаста ба сафари қарибулвуқӯаш ба сифати муаллими ҷавон ба ноҳияи Тоҷикобод эҷод кардааст. Муаллими ҷавон, ки бо амри тақдир ба як гӯшаи ноошно чанде пас нияти сафар дорад,  пешакӣ муҳаббаташро ба ин гӯшаи Ватан баён намудааст. Чунон гуфтааст, ки хонандаи нозукбин гумон мекунад, ки ӯ миёни манзараҳои зебои Тоҷикобод қадам зада, аз ҳавои тозааш нафас кашидаву аз тамошои кӯҳҳои барфпӯш лаззат бурда, эҷод кардааст.

Шоири ширинкалом, рӯзноманигори варзида, ки адабиёт ва матбуоти тоҷик аз ӯ сарсабзиҳои зиёдеро умед дошт, соли 1972 дар синни 32 — солагӣ бар асари садамаи автомобилӣ дар ағбаи Шар-Шар ҳалок гардид. Аммо ашъори ӯ, аз ҷумла, шеъри ба Тоҷикобод бахшидаи ӯ вирди забони пиру барно аст. Ӯро ба некӣ ёд мекунанд ва то замоне ки ин диёру ин марзу бум вуҷуд дорад, шоир зинда аст.

Б. АБДУСАТТОРОВ,

Диловари МИРЗО,

ноҳияи Тоҷикобод