Убайдуллоҳи Раҷаб хушбахтиро интихоб кардааст

№39-40 (3519-3540) 19.03.2016

Убайд РачабДар арафаи Наврӯзи оламафрӯз, аниқтараш, 20-уми марти соли 2016, Убайдуллоҳи Раҷаб, ҳунарпешаи ҳаҷвнигори тоҷик, ба синни 75 хоҳад расид. Ин ҷо аз сифату фазилатҳои бешумораш 25-то рӯи коғаз меорам ва таманно мекунам, ки онҳо ба 25 сол табдил шаванд ва ба умри ин устоди забардасти саҳна зам гарданд. Ӯ бояд  то 100-солагӣ ба миллати худ  ҳамчунон беминнат хидмат кунад,  зеро ба ин қодир аст.

 

1. Ӯ ҷасорат  дорад.  Сифатҳои дигарашро ба шарофати ҷасорат соҳиб шудааст.

2. Моҳияти инсонии  ӯ дар ниятҳо, талошҳо ва офаридаҳои бузургаш  ифода ёфтааст.

3. Ӯ эътибори ҳазлу шӯхиро  на танҳо дар саҳна, балки дар ҷомиа  ҳам боло бурд.

4. Эҷод номҳои бисёр дорад: барои беҳунарон – тасаввурнопазир, барои камҳунарон – миёншикан, барои   ӯ – ҳадаф, ниёз, рисолат…

5. Ӯ  дар  саҳна, дар қиёс ба зиндагӣ, як зина болотар  аст.

6. Дар саҳнаи театр  ё  экрани телевизор  ҳанӯз  лаб  накушода тамошобинро механдонад.

7. Ӯ бозичаи дасти тақдир нест, зеро рисолати  хешро дар зиндагӣ шинохтааст.

8. Аксари пешниҳодҳои коргардонҳоро пазируфта наметавонад, сахтгирии зиёди ҳунариаш намегузорад.

9. Ӯ бо одамони гуногункасбу  гуногунмақом  яксон, табиӣ, ботаваҷҷуҳ ва эҳтиромона гуфтугӯ мекунад.

10. Юмори ӯ душмани фанатизму хурофоту зуҳуроти дигари  номатлуб  аст ва алайҳи онҳо  муваффақона меҷангад.

11. Ӯ имконияту зарфияти ҳунари  худро  моҳирона ба кор мебарад, ки ин ҳам сифати кам  нест.

12. Танҳо як шаҳдро эътироф мекунад – шаҳди эҷодро.

13. Ӯ ба хотири хандондани тамошобин худашро  аблаҳ намесозад.

14. Шаҳодати беҳтарини ҳунармандиаш ин аст, ки рақибону ҳасудон ҳам аз тавсифаш худдорӣ карда наметавонанд.

15. Ӯ дар баробари  ҳисси баланди дарки юмор,  ҳисси баланди  дарки одоб низ дорад.

16. Иштибоҳу норасоиро бахшида метавонад, кори сарсариро – ҳаргиз!

17. Ӯ, чун устод, ба шогирдон  на танҳо  ҳимматбаландона  ҳама  чизи медонистагиашро  меомӯзонад,  балки онҳоро  ба  илҳом  меорад, мутмаинашон месозад,  ки низ метавонанд  устод  шаванд.

18. Мардумро, ки  механдонад,  бахт  ба  рӯяш  хандидааст.

19. Ӯ бадхоҳонашро  чунон  бахшидааст,  ки   гиряашон  омадааст.

20. Офаридаҳояш на танҳо зиндагиро инъикос мекунанд, балки онро беҳтар ҳам  месозанд.

21. Ӯ дар бадбахтӣ маъние  надидааст, аз ин рӯ, хушбахтиро  интихоб кардааст.

22. Эҳтироми ӯро  ин сифати нодир  афзудааст – аз дастовардҳои дигарон самимона  хурсандӣ мекунад.

23. Ӯ «Дод аз дасти беҳунарон!»  намегӯяду як беҳунарро  ҳунарманд мекунад.

24. «Ҳама  чизи инсон бояд зебо бошад: ҳам чеҳра, ҳам либос, ҳам дил, ҳам андеша». Ӯ ба ин стандарти  Антон Чехов  сад  дарсад ҷавобгӯ аст.

25. Ӯ танҳо як ҳунарпеша нест, ҳамзамон чеҳраи тобноки миллӣ ва  дорои мавқеи  рӯшану  устувори  шаҳрвандист.

Камоли ҚУРБОНИЁН, рӯзноманигор