Ҳунарҳои мардумӣ мерос аз ниёкон аст

№49 (3999) 02.05.2019

DSC_007427 апрел дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикис­тон конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ таҳти унвони «Мероси ниёкон, эҳёи ҳунарҳои мардумӣ дар даврони  Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид. Дар он намояндагони вазоратҳои фарҳанг, маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, олимон, муҳаққиқони соҳаи бостоншиносӣ ва мардумшиносӣ, пажӯҳишгарону коршиносон ва намояндагони воситаҳои ахбори омма иштирок намуданд.

Пеш аз оғоз маҳсули ҳунарҳои мардумӣ дар шакли мусаввара намоиш дода шуда, сипас ректори донишкада Ҷамшед Ғанизода оид ба саривақтӣ будани пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди солҳои 2019 — 2021 эълон гардидани «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» андеша баён дошт.

Ходими илмии Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Муъмина Шовалиева дар мавзӯи  «Вазъи ҳунари таомпазӣ дар минтақаи Исфара» сухан ронда, қайд намуд, ки Исфара дар гузашта яке аз марказҳои муҳими ҳунарҳои мардумӣ маҳсуб мешуд. Номи маҳаллаҳои калони аҳолинишини деҳаҳои бузург ба номи касабаю ҳунарҳо гузошта мешуданд, ки дар он ҷойҳо рушд карда буданд. Масалан, маҳаллаҳои деҳаи Чоркӯҳ бо номи  — Оҳангарон, Сӯзангарон, Коғазгарон, Мирзоён, Читбофон, Қаннодон ва ғайра номгузорӣ шуда буданд. Сифати коғази Исфара шуҳрати ҷаҳонӣ ва дар Ҳинду мамолики дигар харидорони зиёд дошт. Ҳунари таомпазӣ дар деҳаҳои Ворух, Чоркӯҳ, Чилгазӣ хеле инкишоф ёфта буд. Соли 1881 дар Исфара дӯконҳои зиёди истеҳсол ва фурӯши маҳсулоти хӯрока, аз ҷумла, 5 нонвойхона, 15 дӯкони гӯштфурӯшӣ, 47 равғанкашӣ, 31 осиёби обӣ, 31 ҷувози обӣ амал  мекарданд.

Сипас, Мубинахон Маҳмудова доир ба мавзӯи «Додихудоева Лариса  Назаровна — муҳаққиқи фарҳанги моддию маънавии тоҷикон», мудири Осорхонаи мардумшиносии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Тутинисо Ашӯрмадова — «Осорхонаи бонувони  барҷастаи Тоҷикистон ба номи Муқаддара Рустамова — инъи­косгари дастовардҳои занони фаъоли кишвар»,  муаллими калони кафедраи  забон  ва фанҳои гуманитарии Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон Саиднуриддин Акобиров — «Талояи Наврӯз» сухан ронданд.

Мавзӯъҳои «Мақоми санъати тасвирӣ дар ороиши либосҳои миллии таърихӣ ва муосир», «Эҳёи ҳунарҳо ва рушди сайёҳӣ», «Анъанаҳои фарҳангӣ ва тақвияти ҳунарҳои мардумӣ», «Рушди технологияи иттилоотӣ ва иқтисод дар даврони муосир» низ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Абдухолиқ МИРЗОЗОДА, «Садои мардум»