Солҳои 2019 - 2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»

Ҳунаре, ки мудом қадр дорад

№95 (4045) 06.08.2019

metrovaya-girdacha-prozrachnaya-chapoti-i-samye-krasivye-lepeshki-kakoy-hleb-pekut-tadzhiki_1Тоҷикон аз қадимулайём соҳибҳунаранд. Хусусан, бофандагӣ, дӯзандагӣ, ресандагӣ, нонпазӣ, ороишгарӣ, сангтарошӣ ва ғайра аз ҷумлаи ҳунарҳое мебошанд, ки аз гузаштагон ба мерос мондаанд. Нонпазӣ ҳам дар қатори онҳост. Он аз муҳимтарин навъи ҳунарҳои мардумӣ буда, маҳсулаш зеби дастархони ҳар як хонавода маҳсуб меёбад.

Ҳунари нонпазӣ дар миёни мардум манзалати хос дошта, нонпаз ҳамчун шахси соҳибэҳтиром мавриди таваҷҷуҳ қарор дорад.

Муҳимтарин маҳсулоти хӯроквории мардум аз маҳсулоти ордшудаи ғалладонагӣ иборат аст, ки аз он намудҳои гуногуни нони хонагӣ ва таом тайёр карда мешавад.

Барои ҳосил намудани орд аз навъҳои таҳҷоии гандум, ҳамчунин аз орди аз дигар кишварҳо воридшуда низ истифода мебаранд, ки барои пухтани навъҳои гуногуни нон ва таом хеле муфид аст. Дар қадим мардум барои пухтани нон орди ҷав, арзан ва ҷуворимаккаро низ истифода мебурданд ва нонро бештар дар дег мепухтаанд. Бо мурури замон танӯрҳои нонпазӣ сох­та шуда, кори мардумро осон намуд.

Нонҳое, ки дар маҳалҳо аз ҷониби кадбонуҳо тайёр карда мешаванд, гуногун буда, онро нони хамир ва ё нони фатир ном мебаранд. Дар хамири нон аз об, намак, хамиртуруш (хамирмоя) ва орд истифода мешавад. Хамири фатир бошад, бо илова кардани равған аз хамири нон фарқ мекунад. Нон, асосан, дар шакли гирда, кулча, ғафс, тунук ва гуногун пухта мешавад.

Айни замон навоварӣ намуда, кадбонуҳо ба пухтани навъҳои гуногуни нон машғуланд ва онҳоро дар намоишгоҳҳо низ пешниҳод менамоянд.

Навъҳои нони хамир гуногун буда, аслан бе равған дар танӯр пухта мешавад. Ба монанди қотурма, нони, нони арзанӣ, нони ҷағелак ва ширешак, нони картошкагин, чапотӣ ва ғайра. Инчунин, кадбонуҳо кулчаи «тагалобӣ» низ мепазанд, ки он дар зери лахчаи алов пухта шуда, ғизонок маҳсуб мешавад.

Ба навъи нони фатир, ки бештар шир ва равған илова карда мешавад, нони лочираи дегӣ, нони бодомӣ, нони ҷаззанок, нони ҷаззаноки пиёздор, кулчаи «Душанбе», фатир, фатири пиёзӣ, фатири кадугин, нони «ширмол» ва ғайра дохил мешавад.

Ноне, ки аз қадим дар байни аҳолӣ маълуму машҳур аст, ҷаззанок мебошад, ки тарзи тайёр намуданаш чунин аст: Барои тайёр намудани хамири нони ҷаззанок ҷаззаи майдакардашударо илова мекунанд, ҳар яктои онро ба вазни 110 г тақсим намуда, хамирро дар ғафсии 5 мм тунук карда, ҳар ду тарафи онро бо равғани растанӣ дар деги тафсон бирён мекунанд.

Зимнан, «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» имкон медиҳад, ки ҳунарҳои мардумӣ боз ҳам беҳтар рушд намоянд. Дар маҷмӯъ, ҳунари нонпазӣ дар оянда ривоҷу равнақ хоҳад ёфт. Бинобар ин, ҳар як хонаводаро зарур аст, то бо мақсади рушди он, ки як ҷузъу рукни оиладориву рӯзгордорӣ аст, таваҷҷуҳи зиёд зоҳир намояд. Зеро он навъҳои гуногуни нон ва маҳсулоти нонӣ, ки аз байн рафтаанд, бояд барқарор карда шаванд, зеро дар муаррифии ҳунарҳои мардумӣ ва ороиши хони тоҷикӣ нақши муҳим мебозанд.

Шаҳноза БУРИЕВА, сармутахассиси шуъбаи ташкилию ҳуқуқии Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон