Ҳунарманд ҳар ҷо бувад сарфароз

№45 (3839) 12.04.2018

2018-01-22tourism-pngЗи касби даст набвад ҳеҷ оре,

Беҳ аз мақсад набошад ҳеҷ коре.

Носири Хисрав

Ҳунар шахсро соҳибкасб, соҳибхона, соҳибнон ва соҳибобрӯ мегардонад. Ҳунарманд ба чашми мардум ҳамеша азиз аст. Зеро ҳунарманд зебоӣ меофарад, зебоӣ бошад, зиндагиро зебу фарр мебахшад.

Дар бораи ҳунармандон мардум панду ҳикмату мақоли зиёде гуфтаанд: «гулдаст, даҳ панҷааш ҳунар, ба чӯбу санг ҷон мебахшад, ҳунар омӯз, тавонгарӣ ба ҳунар аст, ҳунар чу мушк бувад, аз зар ҳунар беҳ, ҳунар чашмаи зоянда аст, ҳунарманд ҳар ҷо бувад сарфароз…». Ҳама ҳунари мардумӣ номи тоҷикӣ доранд, ки ин боз як далели қадимтарин халқи Осиёи Марказӣ будани ориётаборон, яъне тоҷикон мебошад. Дар замони пеш деҳаву қасабаву маҳаллаву гузарҳо бо номи ҳунармандон ва ё унвони пешаеву касбе машҳур буданд: гузари чармгарон, маҳаллаи қаннодон, нонвоён, кӯзагарон, кулолон, косибон, дегрезон, чӯёнгарон, оҳангарон, кемухтгарон, наългарон, гилембофон, адрасбофон, риштагарон, рангрезон, нишоллопазон, заргарон, мӯкидӯзон, шикастабандон, дуредгарон, сангиосиётарошон, ресандагон, сартарошон, пешаварон, мардикорон, барзгарон, бӯрёбофон, гаҳворасозон, осиёбонон, ҷуфтгарон, кошинкорон, наққошон, кордсозон, табақтарошон, намадмолон, кешсозон, муҳрабофон, сабадбофон, шерозабофон, тӯрбофон, тоқидӯзон, кафшдӯзон ва ғайра Ин гуна номгузорӣ аз он далолат мекунад, ки мардуми тоҷик ҳунар ва ҳунармандро қадр мекард.

Қаҳрамони мо аз ҷумлаи ҳунармандонест, ки аз дидори падар хеле бармаҳал маҳрум гардид. Аниқтараш, баъди гузаронидани маросими ҳафти падар ба дунё омад. Дар мактаб бо баҳои хубу аъло таҳсил кард. Ба кори ҳунармандон бо ҳавасу иштиёқи зиёд менигарист. Аз чӯбу коғазу порае чарм чизе месохт ё медӯхту пас аз кор ба асбоби сохта дурудароз менигарист, камбудияшро меҷуст, ислоҳ ва илова медаровард, такмил медод, ба қавле, навоварӣ мекард. Одатан, шахси навоварро кошиф мегӯянд. Аз кашф лаззат мебурду бо фахр қомат рост мегирифт. Ҳамин меҳру муҳаб­бат ва садоқат ба касб ӯро соли 1973 ба Техникуми индустриалии шаҳри Душанбе бурд ва дар он ҷо чаҳор сол таҳсил карда, соҳиби диплом гардид. Оид ба технологияи коркарди чарм маълумот гирифту кор омӯхт. Аз соли 1977 дар Корхонаи чарму пӯсти шаҳри Душанбе ба кор даромада, то ба роҳбарии сех сабзид. Корхона дар як рӯз камаш 1500 ҷуфт пойафзол истеҳсол мекард. Соли 1994, баъди аз кор мондани корхона дар маркази шаҳри Ҳисор дӯконча кушоду ба мӯзадӯзиву таъмири пойафзол машғул гардид. То тавонист касбро такмил дод ва муваффақ ҳам шуд. Ӯ метавонад ҳама гуна пойафзоли ҳам занонаву ҳам мардонаро бо андозаи пой мувофиқ карда бидӯзад ва ё тармим кунад, ки он дурудароз устувору бадошт бошад.

Ятим Самадов бо ҳунари даст панҷ фарзандро соҳиби хонаву дар кард. Шод аст, ки бо меҳнати ҳалол нонашро меёбад.

Ман ӯро намешинохтам, зеро корам ба ӯ наафтодааст. Дӯсти шоирам, муаллим Иноятуллоҳ Шарифӣ, ки нисбат ба ҳунармандони наҷиб, умуман, заҳматкашон меҳру муҳаббати хоса дорад,  перомуни вай нақл кард. Аз ҷумла, гуфт: — Боре шоҳид шудам, ки зане пойафзоли фарзандашро таъмир кунонд. Усто он попӯшро чунон дӯхту оро дод, ки напа — нав барин шуд. Зан: «Ҳамин қадар пул дорам, агар ба дастам боз пул афтад, оварда медиҳам» — гӯён ба Усто Ятим як сомонӣ дароз кард. Усто гуфт:  — Холаҷон, ташвиш накашед, ба ман дуо кунед ҳам, мешавад». Ин муомилаву гуфтугӯро дидаму шунидам, беихтиёр байти зерин ба хотирам омад:

Соҳибҳунаре, ки ботамиз аст,

Дар дидаи мардумон азиз аст.

Нақли дӯстам маро ба дӯкончаи Усто Ятим овард. Машғули кор буд, дастонаш чобуконаву ҳадафмандона ҳаракат мекарданд. Ӯ 41 сол боз содиқона хизмати мардумро мекунад. Миҷозон бо ихлоси тамом ба дӯконаш меоянд ва аз кораш қаноатманду шод мешаванд. Шодии муштариён мукофоти ӯст.

Ҳакималӣ Назаралӣ,

омӯзгор, шаҳри Ҳисор