ВАО, журналистика, журналист ва муносибат бо онҳо

№31 - 32 (3825 - 3826) 10.03.2018

Вақте нахустин нашрияҳо ба вуҷуд омаданд, шояд кам касон бовар доштанд, ки замоне онҳо ба воситаи асосии иттилоот табдил меёбанд. Бо гузашти солҳо матбуот рушд кард ва шакли нави идоракунии ҷаҳон ба воситаи иттилоот пайдо шуд. Пас аз анҷоми Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ давлатҳои абарқудрат муборизаро ба воситаи иттилоот ба роҳ монданд, ки дар таърих бо номи «ҷанги сард» маъруф аст. Дар ин давра садҳо рӯзномаву маҷалла, радиову телевизион зидди Иттиҳоди Шӯравӣ фаъолият мекард. Хусусан, радиоҳои «Озодӣ», «Садои Америка», «Би-Би-Си», «Мавҷи Олмон» дар як шабонарӯз беш аз 100 соат бо забони русӣ  ва дигар забонҳо барнома пахш менамуданд.

Дар асри ХХI муборизаи иттилоотӣ шиддат гирифт, зеро интернет имконият­ҳои ВАО-ро хеле бештару фарохтар намуд. Агар дар дуртарин нуқтаи сайёра ҳодисае ба вуқӯъ ояд, дар як они воҳид ҷаҳон аз  он хабардор мешавад. Аз ин ҷост, ки муборизаҳои иттилоотӣ торафт бештару хатарноктар мегарданд. Мутаассифона, дар чунин шароит дар кишвари мо рушди ВАО мувофиқи мақсад нест. Кушодани телевизионҳои фарогири ҷумҳурӣ хуб аст, аммо норасоии кадрҳо ва дигар мушкилот боиси роҳ ёфтани барномаҳои зиёди сусту қолабӣ дар телевизионҳо гардидаанд, ки онҳо дар баробари ВАО-и кишварҳои минтақа рақобатпазир нестанд.

 КАДРҲО ЧИРО ҲАЛ МЕКУНАНД?

Шояд мувофиқи омор ВАО-и давлатии Тоҷикистон 100 дарсад бо кадрҳо таъмин бошад, зеро то имрӯз дар ҷойе нашунидаем, ки масъуле аз норасоии кадр дар соҳаи матбуот сухан гуфта бошад. Аммо агар ба сатҳу сифати дониш ва ҷаҳонбинии кадрҳо назар афканем, маълум мешавад, ки дар аксари расонаҳо шояд 50 дарсад мутахассиси соҳа набошанд. Хусусан, ин ҳолат дар телевизионҳои давлатӣ зиёдтар ба назар мерасад. Ин дар ҳолест, ки дар кишвар як факултет ва чанд шуъбаи журналистӣ амал мекунанд. Аксари нафароне, ки дар телевизион фаъолият доранд, аз соҳа бехабаранд. Онҳо танҳо ба хотири «ситора» шудан ин расонаи пурқудрати давлатиро барои фаъолият интихоб кардаанд. Як сабаби паст будани сифати барномаҳо ва рақобатпазир набудани онҳо бо телевизионҳои  давлатҳои ҳамсоя дар ҳамин аст.

Дар матбуот низ айнан чунин ҳолат ба назар мерасад, аммо дар қиёс ба телевизион камтар. Зеро дар телевизион агар чеҳраро ба назар гиранд, пас  дар матбуот муҳимтар аз ҳама қалам аст ва на ҳама «ҳавасмандон» имкони фаъолият дар ин ё он газетаро доранд. Баъзан нафаронеро дучор шудан мумкин аст, ки дар баробари ғайрикасбӣ будан як ҷумлаи дуруст навишта наметавонанд. Чунин «журналистон» аз ҳисоби дорандагони ихтисоси журналистӣ низ ба назар мерасанд, диплом доранд, аммо саводи казоӣ на. Фаъолияти нафарони ғайрикасбӣ дар матбуот таназзули жанриро ба вуҷуд овардааст. Имрӯз ба кадом жанр мансуб будани баъзе навиштаҳоро муайян карда намешавад. Худ қазоват кунед, дар рӯзнома матлабе чоп мешавад, ки  муаллиф корманди ҳамон идора нишон дода шудааст. Вақте матлабро аз аввал то охир мехонед, маълум мешавад, ки  навиштаи муаллиф нест, балки корманди рӯзнома онро бо навиштани сарсухан ва овардани як ҷумла дар зер ба мисли «фалонӣ зимни суҳбат ба мо чунин гуфт:» моли худ кардааст.  Ё ин ки дар рӯзномаҳо ба матолибе дучор мешавем, ки пурра аз интернет рӯбардор ва тарҷума шуда, сарчашмаи онҳо нишон дода нашудааст.

  КОТИБОНИ МАТБУОТӢ ЧӢ РИСОЛАТ ДОРАНД?

Марказҳои матбуотии вазорату идораҳо бояд пуле бошанд байни журналистон ва мақомот. Мутаассифона, дар аксар вазорату идораҳо марказҳои матбуотӣ вуҷуд дошта бошанд ҳам, дар бархе аз онҳо нафарони аз соҳа ноогоҳ фаъолият доранд. Онҳо рисолатро танҳо дар бардоштани ҷузвдони раису вазир ва «ҳимоя» кардани мансабдорони он ниҳод аз журналистон медонанд.

Борҳо шудааст, ки зимни иҷрои рисолати касбӣ бо марказҳои матбуот муроҷиат намудаву дар ҷавоб «мактуб биёред, раис вақт надорад, саволҳоятонро пешакӣ навишта, ба мо диҳед» ва ғайраро шунидаем. Ҳол он ки котиби матбуотӣ бояд журналистон ва расонаҳои хабариро дар доираи қонунҳои амалкунанда бо иттилооти лозима таъмин намояд.

Бояд зикр кард, ки дар корхонаву идораҳое, ки журналистон бахши матбуотро роҳбарӣ менамоянд, инъи­коси фаъолият ба таври касбӣ ва хеле хуб роҳандозӣ шудааст.

 ОЁ ЖУРНАЛИСТОН БА ТАКМИЛИ ИХТИСОС НИЁЗ НАДОРАНД?

Журналистон шояд аз ҷумлаи намояндагони он қишри ҷомеа бошанд, ки камтар ба такмили ихтисос ҷалб мегарданд. Дуруст аст, ки вақтҳои охир аз ҷониби Академияи ВАО ва дигар идораҳо курсҳои кӯтоҳмуддат ташкил карда мешаванд, аммо онҳо ба талабот ҷавобгӯй нестанд.

Нафаронеро медонам, ки бо таҷрибаи зиёда аз 30-40-солаи фаъолият дар ВАО солҳои соҳибистиқлолии кишвар умуман аз такмили ихтисос нагузаштаанд. Аз ин рӯ, пешниҳоди матлаб ва баррасии мавзӯъ аз ҷониби онҳо мувофиқ ба талаботи замон нест. Дар муқоиса ба матбуоти давлатӣ ВАО-и хусусӣ дар ин масъала фаъолтар аст, зеро бо истифода аз имконе, ки баъзе ташкилоти байналмилалӣ ба онҳо медиҳанд, ҳар сол бо курсҳои бозомӯзӣ дар давлатҳои пешрафта фаро гирифта мешаванд. Вале аз рӯзномаҳои давлатӣ боре нашунидаам, ки нафареро барои такмили ихтисос хориҷа фиристода бошанд.

«ХОҶА БОҒ ДОРӢ? ДОРАМ!»

Дар аксар шаҳру ноҳияҳои кишвар нашрияҳои маҳаллӣ фаъолият мекунанд. Аммо баъзеи онҳо ба ном вуҷуд доранд, зеро ба гоҳнома табдил ёфтаанд. Дар баробари сари вақт чоп нашудан, инчунин дар саҳифаҳояшон матолиби ҷолибу хонданӣ, қариб ки ба назар намерасад. Танҳо дар арафаи идҳои муҳими давлативу умумиҷумҳуриявӣ чоп мешаванд, ки нисфи саҳифаҳоро табрикоти роҳбарон «пур кардааст».

Муносибати масъулин бо нашрияҳои маҳаллӣ чун ба «бачаи угай» сурат мегирад. Агар ба андешаи роҳбарони шаҳру ноҳия рӯзнома як «қоғази нодаркор» бошад ва дар се-чор моҳ як маротиба бо ғалатҳои зиёд нашр гардад, оё беҳтар нест, ки барҳам дода шавад?

ЖУРНАЛИСТОНИ ОЯНДА БОЯД ДАР КУҶО ТАЙЁР ШАВАНД?

Дар кишвар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва чанд муассисаи олии таълимӣ журналист тайёр мекунанд. Имрӯз ҳатто Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ихтисоси «шореҳи варзиш» дорад, ки журналистони соҳаи варзишро омода менамояд. Аммо на ҳама шуъбаҳои журналис­тика ҷавобгӯйи талаботанд. Масалан, дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода низ шуъбаи журналис­тикаи телевизион ва радио амал мекунад. Тавре маълум аст, донишкада тобеи Вазорати фарҳанг буда, бояд барои вазорат мутахассис омода намояд. Аз воситаҳои ахбори омма танҳо бахши матбуот тобеи вазорати мазкур мебошад, фаъолияти телевизиону радиоро Кумитаи телевизион ва радиои наз­ди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба танзим медарорад. Дар ҳоле ки нашрияҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо аз норасоии мутахассис танқисӣ мекашанд, чаро вазорат барои Кумитаи телевизион ва радио кадр омода мекунад? Оё беҳтар нест, ки барои соҳаи матбуот мутахассис омода намуда, ба ноҳияҳои аз кадр танқисидошта равон намояд?

 ЧӢ БОЯД КАРД?

Беназорат будани ВАО онро ба «партовгоҳи ақидаҳо» табдил медиҳад. Аз ин рӯ, масъулинро мебояд нисбат ба «ҳокимияти чорум» бетаваҷҷуҳ набошанд.

Бояд котибони матбуотии вазорату идораҳо  низ аз ҳисоби журналис­тони касбӣ таъин карда шаванд, то дар шароити мураккаби муборизаҳои геополитикӣ тавонанд воситаҳои ахбори оммаро бо ахбори муътамад таъмин намоянд.

 Шариф АТОБУЛЛОЕВ,

«Садои мардум»