Васиятнома чӣ гуна тартиб дода мешавад?

№136 (3930) 13.11.2018

Маънои луғавии «васият» дар «Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ» чунин омадааст:

«Васият — супориши пеш аз марг ё ба сафарравандаи шахс ба бозмондагони худ, орзую хоҳиш ё насиҳате, ки шахс қабл аз мурдан изҳор мекунад».

Ҳанӯз аз замонҳои қадим аҷдоди мо пеш аз марг доир ба ин ё он масъалае, ки эҳтимоли боиси баҳс шуданаш мавҷуд буд, васият мекарданд. Яъне, он мафҳуми нав нест ва барои мардуми мо то андозае (ҳатто агар муҳру васиқа нашуда бошад) хусусияти ахлоқӣ ҳам дорад. Агар шахс доир ба масъалае васият кунад, он бояд аз ҷониби бозмондагон бечунучаро иҷро шавад.

Имрӯз васият кардан ҳамчун ҳуқуқи фитрии шахс дар доираи қонунҳо ба танзим дароварда мешавад. Шахс имкон дорад, ки васиятномаашро дар идораи нотариалӣ тасдиқ намояд.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикис­тон масъалаҳои вобаста ба васиятро Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нотариати давлатӣ» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, аз ҷумла, Дастурамали тартиби ба ҷо овардани амалиёти нотариалӣ аз тарафи нотариусҳои давлатии идораҳои нотариалии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба танзим медароранд.

Моддаи 1157 Кодекси граждании Тоҷикистон тартиби таҳияи васиятномаро дар шакли хаттӣ пешниҳод намудааст. Мувофиқи муқаррароти кодекси мазкур васиятномаҳои ба таври нотариалӣ тасдиқшуда, васиятномаҳои бо васиятномаи ба таври нотариалӣ тасдиқгардида баробаршуда, ки дар шакли хаттӣ тартиб дода шудаанд, эътироф мешаванд.

Дар банди 1, моддаи 1150 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст, ки васиятнома иродаи ихтиёрии шаҳрванд оид ба ихтиёрдории ҳуқуқи амволии ба ӯ дахлдошта ва дар ҳолати пешбининамудаи қонун ҳуқуқи ғайриамволӣ ҳангоми вафот кардан эътироф мешавад, ки ба тарзи зарурӣ ба расмият дароварда шудааст. Мувофиқи муқаррароти ҳамин модда васиятнома бояд аз ҷониби шахси васияткунанда бевосита тартиб дода шавад. Тартиб додани он ҳатто аз ҷониби намояндаи шахс мумкин нест. Ҳамчунин, шаҳрванд метавонад ҳамаи амвол ё як қисми амволи худро ба як ё якчанд шахс, ки ба гурӯҳи ворисон тибқи қонун дохил мешаванд ё дохил намешаванд, ҳамчунин, ба шахсони ҳуқуқӣ ва давлат, васият намояд.

Васиятнома бояд бо дасти худи васияткунанда ва шоҳиди интихобнамудаи ӯ имзо карда шавад.

Барои боварӣ ҳосил кардан ба қобили амал будани шахси васияткунанда қонунгузорӣ тафтиш кардани васиятномаро аз ҷониби нотариуси давлатӣ муайян намудааст. Дар Дастурамали тартиби ба ҷо овардани амалиёти нотариалӣ аз тарафи нотариусҳои давлатии идораҳои нотариалии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст, ки агар васияткунанда камбудиҳои ҷисмонӣ, беморӣ дошта бошад ва ё аз бесаводӣ васиятномаро бо дасти худ имзо карда натавонад, пас он бо хоҳиши ӯ мумкин аст аз тарафи шаҳрванди дигар дар ҳузури нотариус бо дар матни васиятнома нишон додани сабабҳои бо дасти худ имзо карда натавонистани васияткунанда ва нишон додани насаб, ном, номи падар ва ҷойи истиқомати шаҳрванди васиятномаро бо хоҳиши васияткунанда имзокарда, ба расмият дароварда мешавад. Дар ин маврид матни васиятнома аз тарафи шоҳид дар ҳузури нотариус хонда ва дар ин бора дар матни васиятнома қайд карда мешавад.

Моддаи 1160 Кодекси гражданӣ ба бекор кардан ва ё тағйир додани васиятнома иҷозат додааст. Ин ҳуқуқи васияткунанда аст ва ӯ ҳар вақте ки хоҳад, метавонад васиятномаро бекор кунад ё тағйир диҳад. Васиятнома бо роҳи додани ариза ба мақомоти нотариалӣ дар хусуси пурра бекор кардан ва ё ҳангоми тартиби васиятномаи нав бекор карда мешавад. Васиятнома, ҳамчунин, бо роҳи додани ариза ба мақомоти нотариалӣ дар хусуси ворид намудани тағйирот ба қисми муайяни васиятномаи пештар тартибдодашуда ва ё ҳангоми тартиб додани васиятномаи нав, ки ба як қисми васиятномаи пештара тағйирот ворид менамояд, тағйир дода мешавад.

Мувофиқи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон васиятнома махфӣ буда, нотариус, шахси дигаре, ки васиятномаро тасдиқ намудааст, шоҳидон ва ҳамчунин шаҳрванде, ки васиятномаро ба ҷойи васиятгар имзо намудааст, то кушодани мерос ҳуқуқ надоранд маълумоти ба мазмуни васиятнома, тартиб додан, бекор кардан ва тағйир додани он дахлдоштаро ошкор намоянд.

Ҳамин тариқ, васиятнома ҳуҷҷати муҳимест, ки тибқи қонунгузорӣ ҳама гуна баҳсро миёни ворисон пешгирӣ менамояд, зеро он аз ҷониби нафаре навишта мешавад, ки молу мулки дар тӯли ҳаёташ бадастовардаро ба нафари дилхоҳаш барои ихтиёрдорӣ ва истифодаи минбаъда месупорад.

Муҳайё Ашӯрова, нотариуси давлатии Идораи нотариалии давлатии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе