Ёдкарди Худобахш Илчибеков

№143-144 (3128-3129) 12.11.2013

Худобахш Илчибеков копияМутобиқи қарори раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Қодири Қосим «Оиди баргузории чорабиниҳои оммавии ҷамъиятию сиёсӣ, фарҳангию маърифатӣ ва варзишии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ВМКБ дар соли 2013» давоми соли ҷорӣ як силсила чорабиниҳо гузаронида шуданд. Бешубҳа, чунин маҳфилҳо дар тарбияи ватандӯстии ҷавонон саҳми бағоят калон мегузоранд.

Дар робита ба ин 1 ноябри соли 2013 дар Хонаи маданияти деҳаи Баррӯшони ноҳияи Рӯшон маҳфили ёдбуд бахшида ба 110-солагии яке аз барпокунандагони сохти колхозӣ дар Кӯҳистони Бадахшон, раиси номдори колхози ба номи В.И.Ленини ноҳияи Рӯшон Худобахш Илчибеков доир гардид.

Маҳфили ёдбудро раиси Ҷамоати деҳоти ба номи Н.Додхудоев Давлатмир Хоҷаев ҳусни оғоз бахшида, шукргузорӣ аз соҳибистиқлолии кишвар намуд. — Маҳз бо шарофати неъмати бебаҳои истиқлолият ва ғамхориҳои ҳамарӯзаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ       Эмомалӣ Раҳмон мо имконият пайдо намудем, ки ба қадри фарзандони накуноми хеш бирасем, — гуфт ӯ.

Дар назди иштирокчиён узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси ноҳияи Рӯшон Қобиламоҳ Ғуломшоева суханронӣ карда, аз ҷумла изҳор дошт:

- Худобахш Илчибеков соли 1903 дар деҳаи Баррӯшони ноҳияи Рӯшон ба дунё омадааст. Барвақт аз навозишҳои падару модар маҳрум гашта, дар тарбияи хешовандон монд.  Саводи нахустинро аз шахсони босаводи деҳа омӯхта, пас аз ташкил шудани аввалин мактабҳои советӣ соҳиби маълумоти ибтидоӣ гардид.

Бо таъсиси аввалин сохти нави ҳаёт- колхозҳо вай аъзои фаъоли колхоз шуд ва дар пешрафти кори яке аз нахустин колхозҳо, ки баъдҳо номи В. И. Ленинро мегирад,  саҳми калон гузошт.

Қобилияти ташкилотчигӣ ва масъулиятшиносиашро ба инобат гирифта, соли 1933 Худобахш Илчибековро раиси раёсати колхози ба номи В.И.Ленини ноҳияи Рӯшон  интихоб намуданд ва дар ин вазифаи масъулиятнок то соли 1937 кор кард.

Худобахш Илчибеков иштирокчии Съезди якуми колхозчиёни ВАБК (ноябри соли 1933) дар шаҳри Хоруғ буда, аз суҳбатҳои Раиси КИМ-и РСС Тоҷикистон Шириншоҳ Шоҳтемур баҳравар гардидааст.

Соли 1937 Худобахш Илчибеков барои таҳсил ба курсҳои шашмоҳаи Мактаби давлатии тайёркунандаи кадрҳои роҳбарикунандаи колхозҳо бо ихтисоси техник- ташкилотчии хоҷагии қишлоқ (агротехник) дар назди Комиссариати халқии зироати РСС Тоҷикистон фиристода шуда, онро хатм кард ва соҳиби диплом гардид.

Пас аз хатми мактаби номбурда дар комиҷроияи ноҳияи Рӯшон то соли 1939 кор кард. Якуми январи соли 1939   ӯро  дубора раиси раёсати колхози ба номи В.И.Ленин интихоб карданд. Вай ин вазифаи басо масъулиятнокро то соли 1944 софдилона иҷро кард.

Фаъолияти роҳбарии Худобахш  Илчибеков дар мансаби раиси колхози ба номи В. И. Ленини ноҳияи Рӯшон ба солҳои вазнини Ҷанги Бузурги Ватанӣ рост омад.

Х.Илчибеков тамоми қувваи худро ба он равона сохт, ки нақшаҳои солонаи колхозро барзиёд иҷро карда, бо меҳнати софдилонааш дар ақибгоҳ саҳм гузорад. Ҳамчунин бо кӯшишу талошҳои вай барои фронт либосҳои гарми пашмӣ, аз қабили телпак, ҷӯробу дастпӯшакҳо ва меваи хушк фиристонида шуд.

Худобахш Илчибеков барои меҳнати шоён бо медалҳои «Барои меҳнати шуҷоатнок», «Барои меҳнати шоён дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватании 1941-1945», ду Грамотаи Фахрии Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон ва нишони «Аълочии хоҷагии қишлоқи сотсиалистӣ» мукофотонида шудааст.

Худобахш Илчибеков нафақахӯри аҳамияти ҷумҳуриявӣ буд.

20 январи соли 1975 ин марди меҳнатқарин ва инсони хоксор дар синни 72- солагӣ дар зодгоҳаш вафот кард. -Хотираи собиқадори меҳнат Худобахш Илчибеков ҳеҷ гоҳ аз хотири мо фаромӯш нахоҳад шуд, — гуфт дар хотимаи суханаш раиси ноҳия Қ.Ғуломшоева.

Дар маҳфили ёдбуд ҳамчунин ходими ҳизбӣ ва давлатӣ, собиқ депутати Совети Олии РСС Тоҷикистон Амондавлат Ниёзмамадова, собиқадорони маориф Қурғанқадам Саодатқадамов, Гадоалӣ Раҳмоншоев, собиқадори меҳнат Чоршанбе Боваршоев ва корманди масъули мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, ровии шинохта Имомдод Шаъмиров ва дигарон сухан гирифта, хотираҳояшонро нақл карданд.

Ҳаваскорони санъати Хонаи маданияти деҳаи Баррӯшон бо суруду таронаҳояшон табъи ҳозиронро шод гардониданд.

Тиллои НЕКҚАДАМ, Шоҳтолиб Шоҳқосим,

«Садои мардум»