Забон — моили асосии рушду камоли миллат ва давлат

№132(3433) 05.10.2015

забон2

Забон рукни муҳими рушди фарҳанги миллат аст. Беҳуда нест, ки ашхоси фасеҳбаён, нодиргӯ, шевогуфор ва риоятгари меъёрҳои забонро дар таълифоти гуногунмавзӯъ ҳамчун ашхоси соҳибфарҳанг ва дорои маърифати воло эътироф мекунанд.

Забони тоҷикӣ дар даврони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  беш аз ҳарвақта ба пуштибонии  давлат ниёз пайдо кард. Ин  буд, ки Сарвари давлати тоҷикон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ибтидои давлатдории хеш ба ҳифзи забон ва арҷгузорӣ ба он бархост ва зимни суханронӣ дар ҷашни Рӯзи забони давлатӣ 22 июли соли 1996 гуфта буд: «Забон омили асосии рушду камоли миллат ва давлат аст. Миллату давлат соҳиб ва пуштибони забонанд. Ин аст, ки забон ва давлату миллат  дар паноҳи якдигаранд».

Воқеан, забон на танҳо бақои миллат, балки яке аз нишонаҳои асосии давлати мустақил низ маҳсуб меёбад. Аз ин хотир, он ба ҳифозат ва ғамхории давлат пайваста ниёз дорад. Ба қавли марҳум Муҳаммадҷон Шакурӣ: «Устувор кардани решаҳои забони миллӣ, таъмини комилҳуқуқии он аз нахустин вазифаҳои давлат, балки вазифаи шумораи як аст».

Дар ҳақиқат, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бобати рушди муназзами забони тоҷикӣ  тадбирҳои судманд меандешад. Яке аз ин тадбирҳо қабули Қонуни алоҳида ва таъсиси Комиссияи татбиқи Қонуни забон дар назди Ҳукумати Тоҷикистон буд.

Маълум аст, ки ҳадафи асосии ин иқдомот ҷорӣ намудани меъёрҳои забони давлатӣ  дар ҳама бахшҳои ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва иқтисодии кишвар мебошад. Баъд аз таъсиси Комиссияи татбиқи Қонуни забон дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷараёни иҷрои қонун хеле беҳтар гардид. Санҷишҳои мунтазам, ки аз ҷониби комиссияи фавқ созмон дода мешуданд, масъулини муассисоти гуногунро водор месохтанд, ки ба масъалаи татбиқи қонун бештар мутаваҷҷеҳ бошанд. Натиҷаи санҷишҳо дар ҷаласаҳои Ҳукумат, маҷлисҳои Комиссия ва мақомоти марбута мунтазам муҳокима мегардид. Табиист, ки ин ба вусъати забони тоҷикӣ дар ҳаёти иҷтимоию сиёсии мамлакат мусоидат намуд. Ҳоло метавон гуфт, ки ҳамагон коргузориро бо забони давлатӣ анҷом медиҳанд. Дар робита ба ин масъала Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мефармояд: «Имрӯз ба касе  пинҳон нест, ки забони давлатӣ мақоми устувор гирифтааст ва ба он ҳеҷ чиз таҳдид намекунад».

Санади дигари муҳиме, ки аз ғамхории беназири Ҳукумат нисбат ба забони давлатӣ шаҳодат медиҳад, қабули Барномаи Ҳукумати Тоҷикистон доир ба тавсеа ва рушди забони давлатӣ ва дигар забонҳои қаламрави Ҷумҳурии  Тоҷикистон маҳсуб меёбад (соли 1997). Дар ин Барнома на танҳо вазифаҳои ҷорӣ бобати густариши забони давлатӣ, балки самтҳои асосии дурнамои инкишофи он низ пешбинӣ гардидаанд.

Тадбирҳое, ки дар ин Барнома пешбинӣ шудаанд, тамоми масъалаҳоеро, ки дар бобҳои қонуни дахлдор зикр гардидаанд, дар бар мегиранд. Аз ҷумла густариши забони давлатӣ дар коргузорӣ, таҳқиқи илмии он, муайян намудани асосҳои илмию таълимии забони давлатӣ дар муассисаҳои таҳсилотӣ, муассисаҳои томактабӣ, тадвини луғатҳои соҳавӣ, тафсириву нимтафсир, дузабонаву бисёрзабона, таълиф ва нашри китобҳои дарсӣ, тарбияи омӯзгорони ҷавон ва такмили ихтисоси онҳо, беҳтар кардани забони воситаҳои ахбори омма ва боло бурдани сатҳи маданияти нутқ мадди назар мебошанд.

Дар Барнома оид ба истилоҳот ишораи махсус аст, зеро истилоҳот аз масоили мубрами бахши забон ба шумор меравад. Дарвоқеъ, нақши забони давлатӣ ҳамчун падидаи иҷтимоӣ (экстролингвистӣ), пеш аз ҳама, дар такомули таркиби луғати забон, бахусус бахши истилоҳоти он, ниҳоят калон аст.

Муҳимияти масъалаи истилоҳот то ҳаддест, ки дар аксарияти давлатҳои   мутамаддин  барои танзим ва такмили бахши истилоҳоти забон муассисоти махсуси давлатӣ созмон дода шудаанд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар назди Академияи илмҳои  ҷумҳурӣ солҳои тӯлонӣ Кумитаи истилоҳот вуҷуд дошт. Ба мақоми давлатӣ соҳиб шудани забони тоҷикӣ дар танзими истилоҳот вазифаҳои навро ба миён гузошт ва кумитаи мазкур бо шумораи ками кормандонаш дар иҷрои он вазифаҳо ба мушкилот мувоҷеҳ гардид. Бинобар ин, бо Қарори Шӯрои Вазирони РСС Тоҷикистон (аз 12 сентябри соли 1990 таҳти №314) он ба Кумитаи истилоҳоти назди Академияи илмҳои Тоҷикистон мубаддал шуд. Чанд сол қабл ин кумита ба Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон табдил ёфт.

Бояд гуфт, ки Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар иҷрои рисолати хеш собитқадам буда, онро дар сатҳи хуб ва сифати баланд ба ҷой оварда истодааст. Бо тавсия ва пешниҳоди кумита ном ва овезаҳои пурғалати корхонаҳо, муассисаҳо, ташкилотҳо ислоҳ шуда истодаанд. Кумита бо ҷалби забоншиносони варзида Қоидаҳои имлои забони тоҷикиро дар таҳрири нав пешкаши омма намуд.

Хулоса, пас аз Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон забони тоҷикӣ низ истиқлолият пайдо кард ва дар самти вожагузиниву истилоҳсозӣ ҷанбаи миллӣ дар ҷойи аввал қарор гирифт. Ҳоло ҳар як мутахассис метавонад аз захираи забони адабиёти ниёгон, имкониятҳои калимасозии забони тоҷикӣ, шеваҳои халқӣ, ки устод С. Айнӣ онро барҳақ «анбори холинашавандаи моли хом» номида буд, истифода кунад ва ҷойҳои холиву нимхолии луғати забони меъёрии тоҷикиро аз ҳисоби воҳидҳои умумишавандаи онҳо пур созад.

Ҳамаи ин нишонаи ғамхорӣ ва таваҷҷуҳи махсуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба забони тоҷикӣ, ки ҳоло мақоми давлатӣ дорад, маҳсуб меёбад. Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба ин масъала нигоштаанд, ки «Ба эҳёи ҳақиқии  халқ на бо роҳи манъ кардан, балки пеш аз ҳама,бо роҳи мусоидати бештар ба рушди соҳаҳои гуногуни ҳаёт дар иҷрои манфиатҳои миллӣ ва ҷаҳон муваффақ шудан мумкин аст. Ин чунин маънӣ дорад, ки мо дар кишвар омӯзиши забонҳои русӣ, англисӣ, чинӣ, ҷопонӣ, арабӣ ва ғайраро ҷонибдорӣ мекунем, вале пеш аз ҳама, барои рушди солимии забони давлатӣ тамоми тадбирҳоро меандешем».

Дар ҳақиқат, зарур ва ногузир аст, ки барои  рушду нумуи забони давлатӣ тадбирҳои боз ҳам судманд андешем ва онро аз ҳисоби захираҳои дохилӣ такмил бубахшем.

Қосимзода Идигул Тағо,

ректори Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода,

доктори илмҳои педагогӣ