Забони миллату меҳри ватан гумкарда чун хорест…

№7 (4113) 11.01.2020

Воқеаҳои рӯзҳои охир маро водор барои навиштани ин мақола кард. Манзур аз ин, нохалафии аъзои ТТЭ Ҳизби наҳзати исломӣ ва «Гурӯҳи 24» мебошад, ки дар кишварҳои аврупоӣ бо суханони пучу беасос мехоҳанд обрӯ ва нуфузи Тоҷикистонро дар сатҳи ҷаҳонӣ паст намоянд.

Бояд гуфт, ки бо шеваи ноҷавонмардона ва ғайриинсонӣ аз дурӣ сӯи Ватан санг андохтан, сафсатаю ҳарза  гуфтану дар сомонаҳои интернетӣ нашр кардан ба миллат доғ овардан аст, ба миллате, ки бузургони шаҳири адабаш — Рӯдакӣ, Ибни Сино, Берунӣ, ал-Бухорӣ, Хайём, Ҳофиз, Саъдӣ ва дигарон бо асарҳои бузурги ахлоқию тарбиявӣ ҷаҳониёнро ба ҳайрат гузоштаанд. Ин гурӯҳ аз шағолакону кафторони гӯшу думканда аз худ ҳомии миллату Ватан, ҷабрдида, муборизи роҳи инсофу адолат тарошида, кӯшиш доранд, ки бо сиёҳ нишон додани миллату Ватан ғаразҳои шахсиашонро баён намоянд.

Чунончӣ, 7 ноябри соли равон дар шаҳри Порис, пойтахти Фаронса, дар макони баргузории мулоқоти Президенти Фаронса Эммануэл Макрон ва Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тазоҳуроти эътирозии аъзои ба қавле, «Паймони миллии  Тоҷикистон», «Гурӯҳи 24», ки ба ҳеҷ ваҷҳ ҳуқуқи аз номи миллати тоҷик сухан гуфтанро надоранд ва дар асл ҳамон ТТЭ ҲНИ дар ниқоби нав мебошанд, бори дигар собит сохт, ки барои ин бӯзинаҳои сиёсӣ ягон муқаддасоте вуҷуд надорад ва дошта ҳам наметавонад.

Дар он мазҳака ифротиёни бадбахти тоҷик (қариб 50 нафар) нисбат ба муҳофизони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  бад­рафторӣ намуданд.

Акнун қазоват намоед, ки инсони огоҳ аз илму адаб, соҳиби ақлу фаросат, маърифати баланди исломӣ магар метавонад нисбат ба дигарон таҳқирро раво бинад?! Ин мунофиқони то дирӯз гӯё аз дини мубини ислом пуштибон ва номи ҳизбашонро тавъам бо номи ислом дониста, дар як они воҳид аз баҳри он гузашта, ба истилоҳи «Паймони миллии Тоҷикистон» часпиданд. Яъне, ин хабисон дар баҳои манфиати шахсӣ қодир ҳастанд, ки аз баҳри миллату Ватан, дину мазҳаб ҳам гузаранд.

Дар дурӯғ гуфтану туҳмат задан он қадар устод шудаанд, ки дигар тавони дидани пешравию созандагӣ дар Тоҷикис­тонро надоранд. Ҳама чиз дар чашмашон сиёҳ менамояд ва бояд ҳамин тавр бошад, чунки кӯрмуш рӯшноиро дӯст намедорад, рӯшноӣ чашмашро кӯр мекунад. Вагарна, онҳо медонистанд, ки Тоҷикистон тибқи хабари расмӣ аз 7-уми ноябри соли 2019 дар сомонаи Пажӯҳишгоҳи «Gallup»- и ИМА соли 2019 баъд аз Сингапур бо фарқи се хол ва пеш аз Амороти Муттаҳидаи Араб бо гирифтани 94 фоиз овози назарсанҷӣ дар рӯйхати кишварҳои осудатарини дунё қарор гирифтааст. Ҳол он ки  Ҷумҳурии Исломии Афғонистон бо гирифтани 14 фоизи овозҳо дар ҷои охирон қарор дорад.

Маълумоти мазкурро шабакаҳои интернетии кишварҳои хориҷӣ, махсусан, Амороти Муттаҳидаи Араб, расонаҳои «Халиҷ», «Ал-шуруқ», «Ал-фуҷейра», «Ал-Баён», «Ал-Айн» бо такя аз пажӯҳиши «Пажӯҳишгоҳи «Gallup» нашр ва пахш намуданд.

Ба берӯию бешарафии раҳгумзадаҳои беватан кас ҳайрон мешавад, ки чӣ тавр бе хиҷолат гурӯҳи хурди авбошон аз номи беш аз 9 миллион аҳолии Тоҷикистон сухан меронанд. Ҳол он ки касе онҳоро ба ин ваколатдор нанамудааст. Ин оворагардону жӯлидаҳои кӯчагӣ намедонанд, ки сар ба кадом дару девор зананд. Бинобар хиёнату мунофиқияшон, ки меъёри  ҳаётии онҳо гардидааст, аз як хоҷае ба хоҷаи дигар дар хизмату тамаллуқ мешаванд ва барои тамоман дар кӯча намондан омодаанд, ки дилхоҳ супориши хӯҷаинони хориҷиро иҷро намоянд. Вале дур нест он рӯзе, ки чун сагони дайду дар байни замину осмон мемонанд. Бо адо гардидани рисолаташон ба партовгоҳ афканда мешаванд, зеро нону намаки мардуми хайрхоҳ, меҳмоннавоз ва сулҳу тараққипарвар, обу ҳавои биҳиштосои Тоҷикистон ин хабисонро кӯр ва песу махав хоҳанд гардонид. Шоир дуруст фармудааст:

Забону миллату меҳри Ватан  гумкарда чун хорест,

Ки дасти бод ҳар сӯе барад, онро Ватан хонад.

Раҳим КАРИМОВ, номзади илмҳои фалсафа, декани факултети филологияи шарқи ДИТ ба номи Имоми Аъзам  Абӯҳанифа Нӯъмон ибни Собит