Захираҳои табииро набояд бераҳмона истифода кард

№49 (3529) 14.04.2016

DSC_1450Чунин хулоса баровардан мумкин аст пас аз мутолиаи китоби устоди Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа ба номи Носири Хусрав  Ҷумъа Бердиев «Экологияи амалӣ ва муҳофизати табиат», ки чанде пеш ба нашр расид.

Ҷ. Бердиев муаллифи рисолаҳои «Маърифати экологии хонандагон» (соли 2001), «Асосҳои маърифати экологӣ ва ҳифзи табиат» (соли 2002), «Асосҳои экология», қисми 1 (соли 2005), қисми 2 (соли 2007) ва ғайра низ мебошад. Таълифи чунин рисолаҳо доир ба экология василаи таҳкими бедории миллӣ, худшиносӣ, арҷгузорӣ ба табиат дар замири хонандагон гардида, ҳисси табиатдӯстии онҳоро тақвият мебахшад. «Экологияи амалӣ ва муҳофизати табиат»  аввалин дастурест, ки масъалаҳои асосии экология ва муҳофизати табиатро муфассал бозгӯйӣ намудааст», — зикр шудааст дар пешгуфтори китоб, ки номзади илмҳои химия, дотсент У. Нуров навиштааст.

Китоб аз даҳ боб иборат буда, дар он  ҳамбастагии организмҳо бо муҳит, системаи экологӣ, таъсири омилҳои техногенӣ ба биосфера ва одам, экология ва саломатии одам, ифлосшавии химиявии биосфера ва ғайра таҳлилу баррасӣ гардидааст.  Инчунин, қисмати махсусе  ба таъсири муҳити зист ба саломатии одам бахшида шудааст, ки дар он аз ҷумла омадааст: «Тадқиқотҳои таҷрибавӣ ва эпидемиологӣ нишон медиҳанд, ки омилҳои экологӣ ҳатто бо консентратсияи пасташон метавонанд ба саломатии одам таъсири ҷиддӣ расонанд, хусусан ба кӯдакон, пиронсолон, маризон, занҳои ҳомила ва ғайра».

Ҷумъа Бердиев таъкид намудааст, ки ҳангоми бо суръати баланд истифода бурдани захираҳои табиат мушкилоте пайдо мешаванд, ки минбаъд бартараф намуданашон кори саҳл нест. Бинобар ин, инсониятро зарур аст, ки нисбат ба истифодаи захираҳои табиат ниҳоят эҳтиёткор бошад.  Муносибати дилсӯзона ба захираҳои табиӣ дар шароити кунунӣ омили муҳиму саривақтӣ маҳсуб шуда, роҳандозӣ намудани он аз ҷониби ҳар як фарди ҷомеа зарур ва ногузир аст, зеро инсон дар ҳамбастагӣ бо муҳити зист умр ба сар мебарад ва маҳз табиат манбаи таъминоти аҳли ҷомеа аст.

Дар қисмати охири китоб, ки «Баъзе проблемаҳои экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон» унвон гирифтааст, муаллиф қайд кардааст, ки афканиши моддаҳои зарарнок ба ҳавои атмосфера айни замон аз ҷониби сарчашмаҳои доимӣ 30 фоиз  ва аз ҷониби нақлиёти автомобилӣ 70 фоиз аст.

- Тадқиқотҳо нишон медиҳанд, ки, — нигоштааст Ҷ. Бердиев, — дар даҳсолаи охир миқдори зиёди партовҳои заҳрноки нақлиёт низ боиси ифлосшавии ҳавои атмосфера гардидааст. Соли 2006 дар ҷумҳурӣ зиёда аз 230138 воситаи нақлиёт мавҷуд буд, ки аз онҳо нақлиёти шахсӣ – 174457 адад, нақлиёти давлатӣ – 34751 ва нақлиёти соҳаи кишоварзӣ 20930 ададро ташкил медод. Далелҳои мавҷуда аз он шаҳодат медиҳанд, ки миқдори партовҳои моддаҳои заҳрнок ба ҳавои атмосфера аз ҳисоби воситаҳои нақлиёти автомобилӣ рӯ ба афзоиш ниҳодааст.

Айни замон дар ҷумҳурӣ беш аз 430 ҳазор нақлиёти автомобилӣ  мавҷуд аст ва ин рақам дар пойтахти кишвар – шаҳри Душанбе қариб 70 ҳазорро ташкил медиҳад. Бо вуҷуди он ки барои ҳалли масоили экологӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои зиёд анҷом меёбанд. Ҷ. Бердиев таъкид намудааст, ки «Ҳоло потенсиали (иқтидори) идоракунии ин ҷанба ба таври бояду шояд ба роҳ монда нашудааст, ки сабабҳояш мавҷуд набудани мониторинг, ба талабот ҷавобгӯ набудани базаи техникӣ, ба талаботи давраи муосир мувофиқат накардани инфрасохтори коркарди газ, сифатан паст будани сӯзишвории органикӣ, ҳолати ғайриқаноатбахши системаи ҳаракат ва аз меъёр зиёд сӯхтани сӯзишвории нақлиёти автомобилӣ ва ғайра мебошанд».

Дар маҷмӯъ, нашри китоб дар шароити кунунӣ хеле бамаврид буда, ба болоравии фарҳанги экологии мардум ва дар ин замина истифодаи самараноки захираҳои табиӣ ва муносибати дилсӯзона ба муҳити зист мусоидат менамояд.

   Далер МЕРГАНОВ, Бурҳониддин КАРИМЗОДА, «Садои мардум»