Зебоии Душанбе арзандаи ситоиш аст

№92 (4042) 30.07.2019

IMGЧанде пеш китоби «Душанбе — қалби Тоҷикистон» аз чоп баромад, ки дастовардҳои пойтахти мамлакат — шаҳри Душанберо таи ду соли охир инъикос менамояд. Муаллифи он собиқадори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Мирзоамин Мирсаидзода, мушовир журналист Абдумаҷид Ҳакимзода ва муҳаррири масъул муҳаррири шуъбаи рӯзномаи «Садои мардум» Бурҳониддин Каримзода мебошанд.

Дарвоқеъ, бо шарофати Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳри Душанбе бо дастгириву ғамхории пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯз то рӯз зебову обод гардида истодааст. Муболиға нахоҳад шуд, агар гӯем, ки Душанбе ба ҳайси яке аз шаҳрҳои тамаддунсоз ва оинаи давлату миллати тоҷик муаррифӣ мегардад.

Дар ду соли охир дар шаҳр 64 корхонаи саноатӣ таъсис ёфта, дар 3 соли оянда бунёди 74 корхонаи нави саноатӣ ба нақша гирифта шуда, тамоми соҳа рушд карда, марҳилаи сифатан нави бунёдкориҳо шурӯъ гаштааст. Вусъати корҳои сохтмонӣ, таҷдиди роҳҳои дохилишаҳрӣ, бунёди истгоҳҳои замонавӣ, таъминот бо нақлиёти муосири ҷамъиятӣ, таҷдиду барқарорсозӣ ва иваз намудани хатҳои интиқоли неруи барқ, эъмори муассисаҳои таълимии ҳозиразамон, беморхонаҳо, иншооти варзишию солимгардонӣ ва фароғатӣ далели гуфтаҳои болост. Бо иқдом ва дастури роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе кӯчаву хиёбонҳои пойтахт гулрез гардида, қабои тозаву идона ба бар кардаанд. Гулу буттаҳои зебою ороишӣ, фаввора ва чароғҳои ранга ба симои шаҳр ҳусни тоза зам менамоянд.

Мавриди зикр аст, ки дар заминаи ташаббусҳои ҷаҳонии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба ҳалли мушкилоти глобалии сайёра шаҳри Душанбе якчанд маротиба макони баргузории чорабиниҳои сатҳи баланди байналмилаливу минтақавӣ гардид. Барои мисол, чанде пеш, дар пойтахт Ҳамоиши панҷуми машварати ҳамкорӣ оид ба тадбирҳои боварӣ дар Осиё дар сатҳи баланд доир гардид.

Далелҳо ҳокианд, ки Душанбе бо 18 шаҳри хориҷи дуру наздик бародаршаҳр мебошад.

Лозим ба ёдоварист, ки бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалисозии ибтикори зиёд дар нақша буда, роҳбарияти шаҳр дар ин ҷода азми қавӣ ва нияти нек доранд.

Ин ва дигар дастовардҳо дар китоби зикршуда муфассал шарҳу тавзеҳ дода шудааст. Бо дарки масъулият метавон гуфт, ки он пурмазмун ва хеле назаррабо буда, таҳиягарони он зиёд заҳмат кашидаанд.

Андешаҳои ходимони намоёни давлатӣ, сиёсатмадорон, олимону муҳаққиқон, адибону журналистон дар бораи шаҳри Душанбе онро ҷолибтар гардондааст.

Хисрав Абдуназар, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон