Зиндагӣ дар оғӯши рангҳо

№28 (3822) 03.03.2018

Рангхо Мукова 2 копияШоир ва нависандаи шинохта Абдулқодири Раҳим солҳост бо асарҳои манзуму мансур ба дили ҳаводорони каломи бадеъ роҳ ёфтааст. Китобҳояш «Дурӯғи шабнам», «Чароғи ошноӣ», «Ҷилваи як нола», «Нусхаи парешонӣ», «Рӯшноӣ», «Фиреби меҳр», «Хилв­а­ти оина», «Духтари афсонаҳо», «Ашки сари мижгон» хонандагони зиёд пайдо намудаанд.

Чанде пеш китоби нави адиб «Рангҳо» тавассути нашриёти «Русская литература» рӯи чопро дид, ки қиссаи «Рангҳо» ва романи «Марг»-ро дар бар мегирад. Нависандаи халқии Тоҷикистон Абдулҳамид Самад дар пешгуфтори он таъкид мекунад, ки қиссаву романи зикршуда бо сабку андешаҳои ғайриқолибӣ эҷод шудаанд. Вай аз ҷумла менависад: «Ҳар ду мавзӯъ, яъне рангҳо ва марг дар насри муосири мо таҳқиқи бадеии то ҷое наванд. Мутолиаи ин асарҳо хонандаи бомаърифатро водор месозад, ки дар хусуси рангҳои ботину зоҳир бори дигар жарфтар биандешад ва ба ҳикмати офаринишу тағйирёбии онҳо сарфаҳм биравад.

«Марг» асари фалсафии рӯҳонӣ ва равонист. Муаллиф кӯшидааст, ки фалсафаи марг­ро: «Валодат қосиди марг аст» ё «Марг ҳамеша дар гиребони одам овезон аст» бо андуҳу нолаву шеван не, бо талмеҳу танзу истиора чун ҳодисаи табиӣ кушояд, то ки хонанда ин маърифатро фаро гирад ва аз марг наҳаросад».

Тафаккури Абдулқодири Раҳим аз сарчашмаи маърифати раҳмониву ирфонӣ об мехӯрад ва аз ҳамин равзана ба оламу одам менигараду кору эҷод менамояд. Бинобар ин, рӯҳи асарҳои офаридаи ӯ ҳақиқати рӯҳонияти мардумро таҷассум месозад ва зуд ба дили хонанда роҳ меёбаду таъсиргузор мешавад. Ин вежагии асарҳои Абдулқодири Раҳим аст. Ба китоби тозанашри ӯ «Рангҳо» низ бояд аз ҳамин зовия баҳо дод.

Нависанда бо шева ва сабки хос асар меофарад ва аз рамзу розҳое низ дар тарзи гуфтор истифода менамояд. Ӯ инсон ва хилқатро паҳлуи ҳам мегузорад ва аз даричаи армонҳои маънавии инсонӣ ба розҳои офариниш пай бурдан мехоҳад. Аммо аз зиндагии мо, фаҳмиши мо, рози мо, содагии мо, дарди мо, ишқи мо, лабханди мо гиряи мо… ба мо мегӯяд. Ба ин пора аз қиссаи «Рангҳо» таваҷҷуҳ кунед:

«- Вожаҳо ҳам ранг доранд, бӯ доранд, вазн доранд, — мегуфт омӯзгори забонамон.

Мо туфайли ӯ дарёфтем, ки «вожа» ҷои «калима»-ро мегирад, иваз мекунад… Сарвари мактаб изҳор медошт: «Мо як умр «калима» гуфтем, ту омадию ҳамаро хароб кардӣ. Чаро ба забони худ сухан намегӯӣ»? Дар ҷавоб омӯзгори ҷавонамон табассум мекард ва ранги ин табассум ҳамеша сабз буд. Бар забони ӯ аммо рӯзе «калима» рафт. Гуфт, ки марде имшаб бе «калима» даргузашт. Пиндошт мо аз он чизе фаҳмидем, агарчӣ бо тааҷҷуб ба сӯяш назар кардем ва интизор будем, ки ин гуфтаро шарҳ медиҳад. Рангҳо омехтаву мармуз ба чашм расиданд ва баъд нопадид шуданд. Шояд ба тавзеҳи он чизе мегуфт, аммо занг садо ва аз поён ёфтани як дарс хабар дод».

Ин ҷо муаллиму вожаву калимаву дарс аст, ки пардае аз рӯи рози зиндагӣ мебардоранд ва онро маъно мебахшанд. Ин гуна баён кардани воқеаҳо ва ба тасвир кашидани онҳо чӣ дар қиссаи «Рангҳо» ва чӣ дар романи «Марг» фаровонанд, ки хонандаро ба андеша кардан вомедоранд ва моро ба худамон мешиносонанд.

Мутолиаи китоби мазкур бешак, ба ҳар хонанда судманд аст ва дастоварди хубест барои адиб ва адабиёти тоҷик.

ВОРИС,

«Садои мардум»