«Зиндагӣ дарёст…»

№103 (4365) 13.08.2021

IMG_0005Садриддин Ҳасанзода аз зумраи сермаҳсултарин нависандагон маҳсуб меёбад. Беш аз 20 асар, ҳафт филм ва садҳо очерку ҳикояҳои ӯ далели заҳматкашию пуркории адиб ва муҳаққиқи шинохта мебошанд. Хизматҳояш дар рушди маориф, баланд бардоштани маърифати ҷавонону наврасон ва хайру эҳсонкориаш низ арзандаю сутуданист. Зиндагиаш дарёи хурӯшони пурганҷро мемонад.

 «Зиндагӣ дарёст…» унвон дорад китоби наваш, ки зебою пурмуҳтаво чанде пеш ба нашр расидааст. Дар он ҳикоя, қисса, очерку лавҳа, хотираҳои ҳамкорон, ҳамсабақону ҳамдеҳагон ва дӯстони адиб гирд оварда шудаанд.

Аз саҳифаҳои аввал навиштаҳои китоб хонандаро ба худ ҷалб мекунанд, ки ин аз истеъдоди хосаи муаллиф дарак медиҳад: «… Дар канори рӯди бузург нишастаам ва аз суруди ӯ лаззат мебарам. Мехонад: Зарра – зарра оқибат дарё шудем. Суруди дарё дар ҳамовозӣ ба рӯду ҷӯйчаҳои ба оғӯши ӯ расида, дар фазои кӯҳистон танинандоз аст. Дарёи ваҳдатобод бо хурӯш ба ҷониби баҳри дамон сарнишеб аст. Ӯ аз танҳоӣ дар биёбони тамуз метарсад. Ба рӯдҳои ҳамоғӯшаш панд медиҳад: Ҷудоӣ душманони қаттоли қатраҳост, баҳрҳои аз ҷӯйҳову дарёҳо маҳрумгашта низ мехушканд, абадияту аҳамияти онҳо дар ҳамбастагист. Мо инсонҳо ҳам дар ваҳдат нерумандем…»

Диди хоса доштан, самимонаю холисона инъикос намудани рӯйдоду воқеоти зиндагӣ, муҳите ки дар он умр ба сар мебарем, дарки воқеию тарғиби маърифати инсонӣ кори ҳар эҷодкор нест. Маҳсули эҷоди Садриддин Ҳасанзода саршор аз ғояҳои инсондӯстӣ, ватанпарварӣ, ҳувияти миллӣ мебошад. Нависанда аз худ суол мекунад: «… чаро беҳад зиёд менависам, чаро ба кори даромадноке машғул нестам? Корчаллонҳои аз қаламу дафтар дур кайҳо соҳиби ҷоҳу ҷалол, мансабҳои волоянд, ман чӣ?». Ва худ ҷавоб медиҳад: «… вақте қалам ба даст мегирам, амалҳои шоиставу боистаи афроди некноми ҳозир ё гумномеро рӯйи сафҳа меорам, ба гумонам шахсеро аз торикӣ ба рӯшноӣ, аз ғурбат ба диёр, аз чоҳ ба берун мекашам, сарам ба афлок дакка мехӯрад. Шод гаштани зиндаҳо, хушнудии қалби инсонҳоро аз ҳама беҳтарин меҳисобам. Чун пардаи носипосу ношукреро медарам, мардум зишткирдору зиштгуфтору зиштрафторро мешиносанд… Менависам, то асрори дар қабат бо қабати тану ҷонам маҳфуз, тӯфоносо дар печутоб, раъдосо дар хурӯшамро берун орам, онҳо ганҷҳои нуҳуфтаи мананд…».

Ҳамин тавр, Садриддин Ҳасанзода дар «Зиндагӣ дарёст…» ганҷҳои нуҳуфтаи қаъри дарёро берун карда, ба хонандааш пешкаш кардааст. «Озодалибосу озодарафтор», «Ҳар чӣ киштӣ, ҳамон бидаравӣ», «Мизони ҳақталошиҳо буд», «Подоши зулм зулм аст», «Тороҷгарӣ демократия нест!», «Касе к-ӯ некӣ андешад ба ҳар кас», «Таҳаммулпазирӣ устуворист» намунае аз мундариҷаи китоб аст. Дар он беш аз 200 очерку ҳикоя, қиссаю лавҳа ва меҳрномаҳо ҷой дода шудаанд.

«Зиндагӣ дарёст…» хонандаро ба дарки зиндагӣ, шинохти худу Офаридгор, донис­тану омӯхтан даъват мекунад ва муаллиф онро ба тариқи зайл ҷамъбаст кардааст: «Вой бар ҳоли касе, ки чизеро намедонаду кӯшиши донистан намекунад. Бадзабонӣ беандешагии шахсро ошкор месозад. Хирад маликаи замину замон аст, ӯ хубу бадро фарқ мекунад. Кофару муъмин ҳама халқи Худост, инсонгаро бошед!».

Б. КАРИМЗОДА,

«Садои мардум»