Зиёие, ки барои дигарон намунаи ибрат аст

№14 (3808) 01.02.2018

Садриддин Ҳасанзодаро ҳамчун адиб ва рӯзноманигор хуб мешиносанд. Вай узви Иттифоқи нависандагон ва Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи ба номи Абулқосим Лоҳутӣ буда, дар баробари заҳмати эҷодӣ ба корҳои хайру савоб низ даст мезанад. Аз ҷумла, ҳамчун вакили Маҷлиси вакилони  Ҷамоати деҳоти ба номи Мирзоалӣ Вайсови ноҳияи Восеъ дар корҳои зиёди ободонӣ, бунёди иншооти хизматрасонӣ, роҳу пулҳо, муассисаҳои таълимӣ ва тандурустӣ саҳми арзанда гузоштааст.

- Ташаббусҳои шоиста ва амалҳои хайри Садриддин Ҳасанзода воқеан барои дигар зиёиён бояд намунаи ибрат бошад, зеро нисбат ба ҳаёти ҳаррӯзаи аҳли ҷомеа, вазъи таълиму тарбияи ҷавонон ва наврасон, сиҳатии омма бетараф набуда, бо корҳои амалӣ саҳмгузорӣ менамояд, — мегӯяд раиси Ҷамоати деҳоти ба номи Мирзоалӣ Вайсов И. Файзов ва меафзояд: — Соли гузашта дар арафаи Рӯзи Конститутсия чор муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии деҳотро бо лавозимоти таълимӣ таъмин намуда, беморхонаи марказии деҳаи Кадучиро таъмир кард. Дар давраи вакил ва директори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 6 будан барои бунёди як мағоза, се синфхонаи иловагӣ, чоҳи оби нӯшокӣ ва ғайра иқдом намуд. Садриддин Ҳасанзода бо амалҳои наҷиби ватандӯстона дар таҳкими сулҳу ваҳдати миллӣ, ободии кишвар, дастгирии сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳми шоиста мегузорад.

Вақте матлаб омода мегардид, хабар ёфтем, ки С. Ҳасанзода барои хонандагони лаёқатманди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №56 стипендияи номии Ҳасанов Абдуллоро таъсис додааст. Ин иқдомро шуъбаи маорифи ноҳияи  Восеъ дастгирӣ карда, қарори махсусро ба тасвиб расонд. Акнун аз моҳи июни соли ҷорӣ ҳар сол се нафар хонандаи фаъоли синфҳои ибтидоӣ ва се нафар хонандаи синфҳои болоӣ соҳиби идрорпулӣ ба маблағи 1000 -1500 сомонӣ хоҳанд шуд. Ҳамчунин, омӯзгорону кормандони фаъоли таълимгоҳ низ ҳавасманд карда мешаванд.

Б. КАРИМОВ,

«Садои мардум»