Зокир Собиров аз Виннитса бо медали тилло баргашт

№ 22.06.2018

20180607_151200Чанде пеш дар шаҳри Виннитсаи  Украина Фестивали байналмилалии «Рассоми беҳтарин» бо иштироки рассомони ҳашт давлати дунё баргузор шуд, ки дар он рассоми тоҷик Зокир Собиров аз рӯи номинатсияи «Навовар» сазовори медали тилло гардид.

- Барои комиссияи байналмилалии фестивал асарҳои дар равияҳои «Нурворизм» ва «Танворизм» эҷодкардаи ман, ки дар ду даври аввал ба тарзи электронӣ пешниҳод шуд, падидаи нав буд, аз ин рӯ, бемамониат ба даври ниҳоӣ роҳ ёфта, ба шаҳри Виннитсаи Украина даъват шудам ва аз он ҷо бо медали тилло ба ватан баргаштам. Ин фақат ҷоизаи ман нест, балки қадрдонӣ аз фарҳангу санъати оламгири миллати тоҷик аст, — гуфт зимни суҳбат Зокир Собиров.

Ҳамчунин, ӯ зикр кард, ки дар доираи фестивал доир ба равияҳои «Нурворизм» ва «Танворизм» машғулиятҳои амалӣ сурат гирифта, намунаи онҳо ба намоиш гузошта шуданд.

«Нурворизм» ва «Танворизм» равияи ҳунарие мебошанд, ки Зокир Собиров ба он дар Тоҷикистон асос гузоштааст ва ҳар як дорои сифатҳои махсусанд. Масалан, дар равияи «Танворизм», ки аз калимаи тоҷикии «танвор» (матоъ) гирифта шудааст, рассом нозукиҳоеро дар асар инъикос мекунад, ки аз омезиши матоъҳо иборат буда, баёнгари ҷаҳони ботинии инсон ва андешаи фалсафии рассом аст.

Бояд гуфт, ки Зокир Собиров соли 2015 дар конкурси «New York Realism Fine Art» дар ИМА низ соҳиби медали тилло гардида, соли 2016 академики фахрии Академияи рассомии Федератсияи Русия интихоб шуда буд.

Рӯзибойи УМАР,

“Садои мардум