Диншиносӣ: моҳият, зарурат ва таъиноти иҷтимоии он

№46 (3526) 07.04.2016

Боиси хурсандист, ки шурӯъ аз соли нави таҳсил (2016 — 2017) дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ таълими фанни диншиносӣ шурӯъ мешавад. Пеш аз кушодани моҳияти фанни диншиносӣ бояд таъкид намуд, ки агарчанде он атеизми илмӣ нест, таълими дин низ нест. Диншиносӣ моҳиятан ҷузъе аз илми фалсафӣ буда, дин ва масоили марбут ба динро дар доираи талаботи илм ( яъне, воқеъбинона будани хулосаҳо, дар таҷриба исбот шудани дурустии фикру андеша ва бардоштҳо) мавриди таҳлилу омӯзиш қарор медиҳад.

 Яке аз бахшҳои илми диншиносӣ исломшиносист, ки бахше аз илмҳои ҷамъиятӣ буда, масоили марбут ба исломро дар доираи талаботи илмӣ таҳлилу баррасӣ менамояд. Аз ин нуқтаи назар, ҳеҷ муллову эшон исломшинос буда наметавонад, зеро нигоҳу назари вай ба ислому ҳаводиси исломӣ ҳеҷ гоҳ ба талаботи илмӣ ҷавобгӯй нахоҳад буд. Ҳолати мазкур бо дин, аз ҷумла бо ислом, сарукор доштани на муллову эшон, балки маҳз мутахассисони воқеии илмҳои ҷамъиятиро тақозо менамояд.

Дар замони шӯравӣ сиёсати махсуси илмӣ нисбат ба дин пеш гирифта, дар донишкадаю донишгоҳҳои кишвар атеизми илмӣ таълим дода мешуд. Баъд аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ ва дарҳам шикас­тани мафкураи мавҷуда фазои динӣ ба манфиати пешвоёни манфиатҷӯйи дин тағйир ёфт. Дар натиҷаи суиистифодаи зиёд аз озодиҳои динӣ пешвоёни дин неруи асосӣ ва муайянкунанда дар ташаккули ҷаҳонбинии ҷавонон гардиданд, ки ин ҳолатро ҷуз бозгашт ба қафо чизи дигар наметавон номид.

Бояд зикр кард, ки ҳаводиси нангини сиёсӣ — идеологии иддае аз кишварҳои мусалмонӣ зарурати эҳёи  таълими фанни диншиносиро дар кишвари мо, ки баъд аз фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ саҳван ба фаромӯшӣ  рафта буд, даҳчанд зиёд намуд. Яке аз сабабҳои шомилшавии ҷавонони мо ба ҳаракату гурӯҳҳои ифротии динӣ, бахусус ширкати онҳо дар даргириҳои Ховари Наздик, ноогоҳӣ аз моҳияти ҳақиқии дин ба ҳисоб меравад. Мубрамияти таълими фанни мазкур боз дар он ифода меёбад, ки баъди ба даст овардани истиқлолияту фароҳам  шудани фазои воқеан ҳам демократӣ «таблиғгарон»-и дини ислом аз имкониятҳои таъсиррасонии ин дин  суиистифода намуданд.

Вазифаи асосии ин фан на танҳо  пешниҳод намудани маълумоти ба воқеият асосёфта, яъне  илман собитшуда дар бораи дин ва ҳаводиси динӣ, балки таҳлилу таҳқиқи мантиқии масоили марбут ба дин ва ҳаводиси динӣ ба шумор меравад.  Ноил гардидан ба ҳадафи зикршуда боис мегардад, ки иқдоми «таблиғгарон» низ хунсо гардад.

Ба хотири он ки таълими ин фан маҳсулнок бошад, яъне ҳадафҳои зикршуда амалӣ гарданд, зарур аст, ки зимни ба роҳ мондани таълими он ба ҷанбаҳои зерин таваҷҷуҳ зоҳир шавад:

Аввалан, бояд ба инобат гирифт, ки мазмуну мундариҷаи фанни диншиносӣ аз фанни таърихи дин фарқ мекунад, зеро фанни таърихи дин омӯзиши дину ҳаводиси диниро аз нигоҳи пайдоишу рушд ва таназзули он ба роҳ мемонад. Диншиносӣ бошад, ба ғайр аз ҷанбаҳои зикршуда боз ба сарчашмаҳои пайдоишу таҳаввули онҳо, умумияту фарқияти онҳо, омилҳои равонию маърифатӣ ва иҷтимоию таърихии пайдоишу таҳаввули дину ҳаводиси динӣ таваҷҷуҳ зоҳир менамояд.

Сониян, дин ҳатман бояд ҳамчун падидаи иҷтимоӣ арзёбӣ гардад. Ин нукта чунин маъно дорад, ки дин маҳсули ҷомеа асту шууру тасаввуроти динӣ ба сатҳи пешрафти ҷомеа, хусусан илм, вобастагӣ дорад.

Баъдан, ҳатмист, ки фанни мазкур аз тарафи ашхоси ҷаҳонбинии илмидошта таълим дода шавад. Яъне, шарт нест, ки онҳо ҳатман диншинос ё ҷомеашиносу файласуф бошанд.

Ахиран, ғояи марказӣ ва муайянкунандаи матолиби таълимӣ бояд чунин нукта қарор гирад, ки имрӯз дин дар мамолики мутамаддин зери таъсири пешрафти босуръати иқтисодӣ, сиёсӣ ва илмӣ,  бар хилофи асрҳои миёна, мавқеи муайянкунандаи худро дар ҳаёти инфиродӣ ва ҷамъиятии одамон аз даст дода истодааст. Далели раднашавандаи ин андеша рӯҳонии машҳури амрикоӣ Роналд Ролҳейзер мебошад, ки дар китобаш «Дунявият ва Инҷил» (Ню-Йорк, соли 2006)  аз холигии калисоҳо  шикоят кардааст.

Дар маҷмӯъ, масъулинро мебояд ба муҳтавои таълими ин фан таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намоянд.

 Кароматуллоҳи АБДУХАЛИЛ, номзади илмҳои фалсафа