23 май - Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон

25 ибтикори бесобиқа барои ҷавонон дар 25 соли соҳибистиқлолӣ

№57 (3694) 23.05.2017

Пас аз Истиқлолияти давлатӣ ҷавонони хушиқболи Ватан бо дарки баланди масъулият зери сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар эъмори давлати демокративу ҳуқуқбунёд, дунявию ягона, пойдории сулҳу ваҳдати миллӣ ва осоиштагии ҷомеа саҳми босазо мегузоранд.

Инак, ба 25 дастоварде, ки ҷавонони сарбаланди тоҷик тӯли 25 соли соҳибистиқлолӣ ноил шуданд, рӯ меорем:

1. Бо дарназардошти пошхӯрии Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравии Сотсиалистӣ ва таъсиси ҷумҳуриҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мус­тақил зарурат пеш омад, ки ба сохтори Иттифоқи Ленинии Коммунистии Ҷавонони Тоҷикистон дигаргунӣ ворид шавад. Ҳамин тариқ, 12 октябри соли 1991 Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон таъсис шуд ва аз рӯзҳои аввали ба фаъолият шурӯъ намудан ҷавононро, новобаста аз ғояву ақидаҳои сиёсӣ, мавқеи иҷтимоӣ ва мансубияти динӣ, зери шиори «Барои ваҳдат ва пешрафти Тоҷикистон» ба муттаҳидиву ягонагӣ, дӯстиву рафоқат ва баланд бардоштани сатҳи маърифатнокию маълумотнокии сиёсӣ даъват кард.

Муҳимтар аз ҳама, Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон аз аввалинҳо шуда, дар Анҷумани ғайринавбатии худ соли 1994 номзадии Эмомалӣ Раҳмонро ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуд.

2. Сенздаҳуми марти соли 1992 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон» қабул гардид, ки муҳиму саривақтӣ буд.

3. Мулоқотҳои пайвастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони ҷавонони кишвар собит месозанд, ки Пешвои миллат ба неруи созандаи ҷавонон боварии комил доранд ва ғамхорӣ дар ҳаққи насли ҷавон самти афзалиятноки фаъолияташон маҳсуб меёбад.

4. Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як моҳ пеш аз имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон (23 майи соли 1997) бо намояндагони ҷавонони ҷумҳурӣ мулоқот оростанд ва оид ба таъсиси Кумитаи кор бо ҷавонон аввалин тарҳрезиҳо омода гардиданд. Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон аз 4 сентябри соли 1997 №414 Кумитаи кор бо ҷавонони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, раёсат ва бахшҳои он дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба фаъолият оғоз намуданд.

5. Боиси ифтихор аст, ки маҳз дар заминаи ташаббуси қонунгузории Президенти мамлакат 23-юми май Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон эълон гардид. Аз соли 1998 дар ҷумҳурӣ 23 май ҳамчун Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад, ки аз мақоми хос доштани ҷавонони кишвари соҳибистиқлоламон гувоҳӣ медиҳад.

6. Аз рӯйдодҳои арзишманде, ки дар ҳаёти илмию иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангии ҷавонони кишвар падидаи беназир маҳсуб меёбад, панҷ маротиба қабул гардидани Барномаи миллии «Ҷавонони Тоҷикистон» барои солҳои 1999-2000, 2001-2003, 2004-2006, 2007-2009, 2010-2012 мебошанд.

7. Бори аввал 31 октябри соли 2005 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Барномаи давлатии «Тарбияи ватанпарастии ҷавонони Тоҷикистон барои солҳои 2006–2010» ва маротибаи дуюм бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 майи соли 2010, №208 Барномаи давлатии «Тарбияи ватандӯстии ҷавонони Тоҷикистон барои солҳои 2010–2013» қабул гардид.

8. Бо дарназардошти тағйироти куллӣ дар ҳаёти ҷавонон ва пешрафти ҷомеаи муосир, зарурияти аз нав қабул намудани қонун дар бораи ҷавонон ба миён омад ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон» аз тарафи Маҷлиси намояндагон 9 июни соли 2004 қабул гардида, онро Маҷлиси миллӣ 8 июли соли 2004 ҷонибдорӣ намуд ва 15 июли соли 2004 ба он Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон имзо гузоштанд. Мутобиқи қонуни мазкур, синну соли ҷавонӣ аз 14 то 30-сола муқаррар гардида, мутобиқи он имрӯз 70 фоизи аҳолии Тоҷикистонро ҷавонон ташкил медиҳанд. Ҳамзамон, бо дастгирии бевоситаи роҳбарияти олии сиёсии мамлакат ҷалби кадрҳои ҷавон ба таври густурда ба роҳ монда шудааст ва ҳоло дар сатҳи роҳбарии чанд мақомоти давлатӣ ҷавонони соҳибкасбу соҳибмаърифат фаъолияти пурсамар доранд.

9. Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 июни соли 2006, №228 «Консепсияи миллии сиёсати ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» тасдиқ шуд.

10. Бо мақсади дастгирии фаъо­лияти илмии олимони ҷавон бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 марти соли 1998, № 967 таъсис ёфтани шаш ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ истеъдодҳои ҷавонро хеле мамнуну сарфароз гардонид. Ба шахсоне, ки сазовори ҷоизаи Исмоили Сомонӣ мегарданд, диплом, ки дар он Роҳбари олии кишвар, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имзо мегузоранд, супорида мешавад.

11. Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади дастгирии ҳамаҷониба ва ҳавасманд намудани фаъолияти эҷодии соҳиб­истеъдодҳои ҷавон озмуни ҷоизаи кумитаро дар соҳаи адабиёт, рӯзноманигорӣ, санъат, меъморӣ ва барномасозӣ доир менамояд, ки ҳар ҷоиза (6 ҷоиза) ба маблағи 4200 сомонӣ муайян шудааст.

12. Ҷиҳати ҷалби хонандагони муассисаҳои таълимӣ ба илмомӯзӣ ва дарёфти толибилмони соҳибистеъдод Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 феврали соли 1998 №949 «Дар бораи таъсис додани стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хонандагони мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ, литсейҳо, гимназияҳо, омӯзишгоҳҳои касбӣ-техникӣ, техникумҳо ва коллеҷҳо» ба имзо расид.

Ҳамчунин, бо ташаббуси сохторҳои маҳаллии Кумита ва мутобиқи қарори раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, дастгирии ташкилоту корхонаҳо ва сарпарастон дар ҳама шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ стипендияҳои номӣ барои толибилмон таъсис ёфтааст.

13. Бо мақсади дастгирии ҷавонон аз оилаҳои камбизоат ва ноҳияҳои дурдасти кишвар Квотаи президентӣ таъсис дода шуд, ки хатмкунандагони таҳсилкарда ба зодгоҳи худ рафта, бо фаъолияти пурсамар саҳми арзандаи худро дар ободии кишвар мегузоранд.

14. Ҷиҳати омода намудани мутахассисон дар хориҷи кишвар аз 15 июли соли 2005, №1574 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъсиси фонди махсуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати тайёр намудани мутахассисон дар давлатҳои хориҷӣ» ва Стипендияи «Дурахшандагон» ба тасвиб расида, имрӯзҳо ҷавонони тоҷик дар беҳтарин макотиби олии кишварҳои ИДМ ва дигар давлатҳои хориҷӣ таҳсил карда истодаанд.

15. Таъсиси Шӯрои олимони ҷавони кишвар ва фаъолияти самараноки он, баргузории конфронс­ҳои ҷумҳуриявию байналмилалии олимон ва муҳаққиқони ҷавон, чопи маҷмӯаи илмии онҳо гувоҳи дастгирии соҳибистеъдодҳо ва дастоварди азими илмӣ ба шумор меравад.

16. Тайи солҳои охир дар ҷумҳурӣ зиёда аз 150 ташкилоти ҷавонон, наврасон ва ташкилотҳои ғайриҳукуматӣ ба фаъолият пардохтаанд, ки дар татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон нақши назаррас доранд. Баҳри фаъол намудани ҳамкорӣ бо ташкилотҳои ҷамъиятӣ бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба таъсиси грантҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ дар соҳаи тарбияи ватанпарастии ҷавонон» аз 10 майи соли 2005 №167 панҷ грант ҳар кадом ба маблағи 10000 сомонӣ таъсис шуданд, ки масъулин баҳри дастрасӣ ба онҳо ҳар сол чораҳои заруриро роҳандозӣ менамоянд.

17. Рӯйдоди дигари ҳаёти ҷавонони кишвар дар шаҳру ноҳияҳо ба фаъолият оғоз намудани марказҳои ҷавонон мебошад. Тавре маълум аст, бо пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ фаъолияти клубу маҳфилҳои фарҳангӣ, сиёсӣ, варзишӣ ва фароғатӣ заиф гардид. Ин холигӣ хоҳу нохоҳ ба раванди тарбияи солиму дурусти ҷавонон таъсири худро мегузорад. Бо дарки ин нукта, бо дастгирии Ҳукумати мамлакат дар аксар шаҳру навоҳии кишвар, дар маҷмӯъ 70 маркази ҷавонон сохта, ҳоло фаъолияти пурсамар доранд. Айни замон бунёду сохтмони марказҳои ҷавонон дар дигар шаҳру ноҳияҳо низ идома дорад.

18. Иштироки варзишгарони тоҷик дар олимпиадаву мусобиқаҳои ҷаҳонӣ ва ғолибияти онҳо дастоварди гаронбаҳои таърихӣ мебошад. Аз ҷумла, сазовори медали тиллои олимпӣ гардидани Дилшод Назаров дар гурзпартоӣ, медалҳои биринҷию нуқраи гӯштигирон Расул Боқиев ва Юсуф Абдусаломов, Мавзуна Чориева дар риштаи бокс ва чанд нафари дигар, шоистаи таҳсину ибрати ҷавонон аст.

19. Таъсиси Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷоизадорони мусобиқаҳои варзишии ҷаҳонӣ онҳоро баҳри боз ҳам баланд бардоштани обрӯи миллат дар арсаи ҷаҳонӣ ҳавасманд месозад.

20. Муждаи навбатие, ки дар ҳаёти ҷавонони кишвар такони ҷиддӣ бахшида, байни Роҳбари давлат ва ҷавонон қаробати самарабахш фароҳам меовард, таъсис ёфтани Шӯрои миллии кор бо ҷавонони назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Ин мужда ҷавонони саодатманди Тоҷикистонро фараҳманд гардонид. Раиси Шӯро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини раиси Шӯро – муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, котиби масъули Шӯро – раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд.

21. Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ду маротиба Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон барои солҳои 2013–2015 ва барои солҳои 2016–2018 қабул шуд, ки баҳри татбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавонон ва дастгирии иҷтимоии ҷавонон мусоидат менамоянд.

22. Яке аз дастовардҳои дигаре, ки барои рушду нумӯи соҳа нақши муҳим бозид, ба ҳам овардани се сохтори алоқаманд, яъне таъсис ёфтани Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

23. Бунёди муассисаҳои таълимӣ, фарҳангиву фароғатӣ, варзишӣ, лагерҳои омӯзишиву истироҳатӣ, варзишгоҳҳо, маҷмааҳо ва майдончаҳои варзишӣ, таъсиси ширкатҳои туристӣ, сохтмони хонаҳои истиқоматӣ барои оилаҳои ҷавон дар пойтахти кишвар, хобгоҳҳои замонавӣ барои донишҷӯён, таъсиси маҳфилҳои гуногун далели возеҳи дастгириҳои роҳбарияти Давлату Ҳукумати мамлакат дар самти рушди иҷтимоии ҷавонон мебошад.

24. Яке аз муҳимтарин даст­оварди ҷавонони тоҷик робитаву муносибатҳои байналмилалӣ бо ҷавонони кишварҳои хориҷӣ мебошад. То имрӯз чандин созишномаву қарордод ва ёддошти тафоҳум ҷиҳати ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар самти кор бо ҷавонон, тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш ва рушди сайёҳӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва давлатҳои хориҷӣ, аз қабили Арабистони Саудӣ, Амороти Муттаҳидаи Араб, Ҷумҳурии Халқии Хитой, ҷумҳуриҳои Шри–Ланка, Қазоқистону Қирғизистон ва ғайра баста шудаанд.

25. Ниҳоят, эълон гардидани соли 2017 – Соли ҷавонон аз он шаҳодат медиҳад, ки роҳбарияти олии сиёсии мамлакат ба неруи созанда будани ҷавонон итминони комил доранд ва дастгирӣ дар ҳаққи онҳо аз ҳадафҳои афзалиятноки Ҳукумати мамлакат таҳти роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Тавре Пешвои миллат таъкид менамоянд: «Ҷавонон бузургтарин неруи созандаву бунёдкори тамоми давру замонҳо будаанд. Онҳо воқеан, як навъ пуле маҳсуб мешаванд, ки дар миёни имрӯзиёну пасовандон қарор гирифта, ҳомили ҷаҳонбинӣ, ақоиди ахлоқию ғоявӣ ва шаклҳои ҳаёти иҷтимоӣ мебошанд. Маҳз ҷавонон дар аксари самтҳои зиндагӣ моҳият ва хусусияти фардоро муайян месозанд. Вазъи иҷтимоиву тамоилҳои ҳаёти ҷавонони имрӯз дар кадом сатҳу ҳолате бошад, фардои ҷомеа низ чунин хоҳад буд».

Имрӯз насли ҷавон бояд хуб дарк намояд, ки шукуфоии давлату ҷомеа аз рафтору кирдори онҳо вобаста аст. Бигзор ҷавонию ҷавонон ва Тоҷикистони ҳамешаҷавон таҳти роҳбарии Пешвои муаззаму ҷавонпарвари миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пояндаву ҷовидон бошанд!

 Орифӣ Озар Баҳромзода,

мутахассиси пешбари

Раёсати рушди муассисаҳои фарҳангӣ–фароғатӣ

ва ҳунарҳои мардумии

Вазорати фарҳанги

Ҷумҳурии Тоҷикистон