Барномаи рушди картошкапарварӣ пурра амалӣ нагардид. Чаро?

№152 (3632) 15.12.2016

КартошкаБо мақсади огоҳӣ пайдо кардан аз рафти иҷрои «Барномаи давлатии рушди картошкапарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2016», ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 3-юми апрели соли 2012 таҳти рақами 128 тасдиқ шудааст, кори картошкапарварони навоҳии минтақаи Кӯлобро  мавриди омӯзиш қарор додем.

Дар нишондиҳандаҳои оморӣ мебинем, ки то қабули барнома, бахусус соли 2011 шаҳри  Кӯлоб — 10157 тонна, ноҳияҳои Муъминобод — 18721,  Восеъ — 10147, Мир Сайд Алии Ҳамадонӣ  -5569, Фархор — 12652, Темурмалик — 1503, Данғара — 4780, Ховалинг — 8585, Шамсиддин Шоҳин — 7101, Балҷувон — 4618 ва дар минтақа 80440 тонна картошка истеҳсол мешуд. Ин рақамҳо дар арафаи ба поён расидани  барнома таври зайланд: шаҳри Кӯлоб — 5613, ноҳияҳои  Муъминобод — 19639, Восеъ — 9547, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ — 5569, Фархор — 14411, Темурмалик — 1804, Данғара — 8151, Ховалинг  -7435, Шамсиддин Шоҳин — 5532, Балҷувон — 5530, дар умум 83452 тонна. Ин ҳолатро аз муовини якуми раиси шаҳри Кӯлоб Рустам Неъматов ва сардори Раёсати кишоварзии ноҳия Саломуддин Каримов пурсон шудам. Онҳо масъулияти нишондиҳандаҳои соли 2011 ва солҳои минбаъдаро ба дӯши ҳамкорони собиқи хеш ҳавола карда, бо лаҳни худсафедкунӣ гуфтанд:

- Ҳамаи раисони ҷамоатҳои деҳот ва инчунин муовини якуми раиси  шаҳр маҳз бо иллати  зиёд нишон додани   рақамҳои омории истеҳсоли картошка аз вазифа сабукдӯш гардидаанд.

С. Каримов дар идома «маслиҳатомез» гуфт, ки бисёр мувофиқ мебуд, агар дар ноҳияҳои доманакӯҳи иқлимашон салқин, ба мисли Шамсиддин Шоҳин, Муъминобод, Ховалинг, Балҷувон ва ғайра соҳаи картошкапарварӣ ба роҳ монда мешуд, зеро дар ин минтақаҳо картошка хуб ҳосил медиҳад…

Аз омор бармеояд, ки нишондиҳандаҳои ҳосили ҳар гектар замини ба қавли С. Каримов минтақаи гарму номувофиқи шаҳри Кӯлоб дар 5 соли охир аз ноҳияҳои салқину мувофиқи кӯҳистон болотар меистад. Масалан, соли 2012 дар Ховалинги салқину мувофиқ аз як гектар 171 сентнер ва дар шаҳри «гарму номусоид»-и Кӯлоб 308,4 сентнер ҳосил бардошта шудааст.

Раиси ноҳияи Муъминобод Тоҳирхон Амиршозода арз намуд, ки вобаста ба иҷрои барнома дар 5 соли охир  аз ҷониби Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон 383 тонна тухмӣ, аз  БДА ҶТ «Амонатбонк» беш аз 1 миллион сомонӣ қарзи имтиёзнок, аз ҳисоби Лоиҳаи «Беҳдошти зиндагӣ дар Хатлон»  ва Лоиҳаи «Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо» техникаи кишоварзӣ, аз ҷумла 82 трактори гуногунтамға, картошкашинонаку картошкачинак ва плугу сихмола гирифтанд. Рафти иҷрои барнома 3 маротиба дар Маҷлиси вакилони халқи ноҳия баррасӣ шуд.

Сардори шуъбаи кишоварзии ноҳия Дилшод Ризоев вазъи мавҷудаи соҳаро  шарҳ дода, чунин гуфт:

- Вобаста ба ҳисоботи солона ба ихтиёри хоҷагидорон 2050 гектар замини обӣ  вогузор шудааст. Дар сурати барқарор намудани насосҳои обкашӣ метавонем ҳаҷми солонаи истеҳсоли картошкаро то ба 27 ҳазор тонна расонем. Мутаассифона, дар ноҳия 798 гектар замин, ки солҳои пеш тавассути насос обёрӣ мешуд, айни ҳол ба сифати заминҳои лалмӣ истифода мегардад. Заминҳои аз обёрӣ дурмонда, мутааллиқи деҳоти ба номи Н. Назаров, «Деҳбаланд», «Чилдухтарон», «Боғгаӣ» ва «Балхобӣ»-анд. Барои барқарор кардани насосҳои корношоям ва таъмири хати қубурҳои онҳо  беш аз 5 миллион сомонӣ зарур аст.

Аз сафар ба ноҳияи Муъминобод бароямон дар кадом сатҳ иҷро гардидани нишондиҳандаҳои ин барнома равшантар гардид. Новобаста аз андешидани маҷмӯи тадбирҳои барномавӣ, ҳосилнокии картошка наафзудааст. Аз ин  рӯ, дар бисёр ҳолатҳо даромади ҳосил хароҷоти онро намепӯшонад. Ба болои ин ҳоло ҳам технологияи нигоҳдории ҳосил вуҷуд надорад. Бо сабаби сари вақт ба савдо нарафтани ҳосил маҳсулот дер напоида,  талаф меёбад. Деҳқонони муъминободӣ  дар навбати аввал ин мушкилиро мансуб ба тухмиҳои ба муҳит номувофиқ медонанд.

Ниҳоят, бароямон аён гардид, ки имрӯз дар минтақа хоҷагиҳои махсусгардонидашудаи тухмипарварӣ ва озмоишгоҳҳои муосири тухмисанҷӣ ташкил нашудаанд. Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз замони шӯравӣ дар ноҳияи мазкур, бо номи «Муъминобод» хоҷагии таҷрибавие бо беш аз 800 гектар замин дорад, ки 250 гектари он замини обист. Алҳол ин заминҳо дар ихтиёри иҷоракоронанд ва ҳосилнокии зироатҳои ин хоҷагии таҷрибавӣ аз дигар хоҷагиҳои муқаррарӣ тафовут надоранд. Пас, чӣ зарурат мемонад дар нигоҳ доштани ин миқдор замин дар тавозуни Академияи илмҳо?

Дар ноҳияи ба номи Шамсиддин Шоҳин сокинону баъзе мутахассисони соҳаи кишоварзӣ ба хотири рушди соҳаи картошкапарварӣ орзуи обёрӣ кардани мавзеи Дашти Терайро, ки аз сатҳи дарёи Панҷ дар баландии 1500 метр қарор гирифтааст, солҳо дар дил мепарваранд. Сокинон охири моҳи августи соли ҷорӣ, зимни вохӯрии раиси вилоят Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода  бо сокинону фаъолони ноҳия хоҳиш намуданд, ки барои амалӣ намудани орзуи дерина мусоидат намояд.

- Ин кор маблағи ниҳоят бузургеро талаб мекунад ва дар сурати  амалӣ шудани пешниҳоди мазкур ҳосили картошкаи гирифтаи деҳқонон ба нархи тилло баробар мегардад. Хуб мешавад, ки дар шароити кунунӣ  аз имкониятҳои мавҷуда самараноку оқилона истифода намоем, — гуфт  раиси вилоят.

Қабл аз қабули барнома, ки ноҳия имконияти нисбатан маҳдуд дошт, истеҳсоли картошка 7101 тоннаро ташкил додааст. Аммо ин рақам соли ҷорӣ 5545 тоннаро ташкил медиҳад. Боз дар ҳоле ки хоҷагидорони ноҳия дар ин солҳо соҳиби беш аз 70 трактору даҳҳо намуд мошинолоти кишоварзӣ гардиданд.

Зиёд нагардидани истеҳсоли картошка дар навоҳии минтақа ва бунёд нашудани озмоишгоҳҳову ангуштшумор будани мутахассисони варзида шаҳодати  он аст, ки  масъулон дар иҷрои  ин барнома камҳавсалагӣ кардаанд.

Темуршоҳи ФАЙЗАЛӢ, «Садои мардум»