Ба таваҷҷуҳи Вазорати нақлиёт

Кабудҷар. Ҳалли мушкил саҳл аст, аммо…

№39 (3676) 13.04.2017

3794188Кабудҷар қитъаи роҳест дар шоҳроҳи байналмилалии Душанбе-Нуробод-Рашт-Лахш-сарҳади Қирғизистон. Он аз соҳили дарёи Вахш мегузарад ва аз сатҳи дарё  мутаносибан аз 30 то 800 метр баландӣ дорад. Мавзеест хатарзо, фалокатбор ва мушкилгузар. Онҳое, ки аз шаҳри Душанбе ба водии Рашт ба сафар мебароянд, пеш аз ба роҳ баромадан аз Яздони пок илтиҷо мекунанд: «Парвардигоро, роҳи моро бехатар бигардон, то аз Кабудҷар сиҳату саломат бигзарем». Дар бозгашт низ ҳамин илтиҷоро такрор мекунанд.

Ёд дорам, ки боре Нозирахола (рӯҳаш шод бод), ки солҳои нахустини сохтмони роҳи Душанбе — Хоруғ ба ҳайси саркор ва баъдан ҳамчун ошпази роҳсозон кор кардааст, гуфта буд, ки ин роҳ, то мошингузар шуданаш, сари даҳҳо касро хӯрдааст. Роҳ мебоист аз бари харсанг­ҳои кабуд гузарад. Барои канданаш роҳсозонро лозим омад, ки ҷони худро ба хатар гузошта, даруни сабад даромада, онро дар танаи шахи мустаҳкаме бо банд баста, харсангҳоро рахна кунанд.

 Илоҷи воқеаро гӯё ёфтанд

Моҳи августи соли 2004 дар Кабудҷар таҳкурсии роҳ дар масофаи зиёда аз 50 метр фурӯ нишаст ва ҳаракати нақлиёт якчанд рӯз қатъ гардид. Ронандагон мусофиронро аз шаҳри Душанбе то деҳаи Сичароғ — қарибии Кабудҷар мерасонданд. Мардуми водии Рашт бошанд, бо таксиҳо то деҳаи Алигалабон меомаданд. Мусофирон аз як ҷониб ба ҷониби дигари Кабудҷар масофаи ду километр роҳро бо азоб гузашта, сафари худро давом медоданд.

Мутахассисон тибқи супориш ҳолати баамаломадаро дақиқкорона санҷида, ҳуҷҷат таҳия намуда, ба Ҳукумати ҷумҳурӣ пешниҳод карданд. Бо ғамхории Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон барои сохтани роҳи бехатари давродавр дар як навбат зиёда аз панҷуним миллион сомонӣ ҷудо гардид ва супориш шуд, ки бунёди роҳ ҳар чӣ зудтар ба анҷом расад.

Сохтмони роҳи давродаврро ширкати роҳсозие оғоз кард. Роҳ аз деҳаи Сичароғ оғоз шуда, бо бурида паст кардани кӯҳҳои Луғуроб ва Кабудҷар ба деҳаи Алигалабон  мефаромад. Булдозерҳои пурқудрат ва коргарон шабонарӯз заҳмат мекашиданд ва мардум низ ба хотири ҳар чӣ тезтар сохтани роҳ таъмини хӯроки гарми роҳсозонро ба зимма гирифтанд. Ниҳоят, баъди се сол, сохтмони роҳ анҷом ёфт. Роҳи нав даҳ километр дарозӣ ­дошта, аз масофаи минтақаи хавфноки Кабудҷар панҷуним километр тӯлонитар аст.

Мутаассифона, ронандагон баъди як-ду маротиба гузаштан аз роҳ рӯй гардонданд ва боз аз қитъаи фалокатбори Кабудҷар мегузаштагӣ шуданд. Чаро? Чунки роҳи навсохт дар чор минтақа, махсусан дар болотар аз гардиши дуюми деҳаи Алигалабон, сари кӯҳи Кабудҷар ва сари кӯҳи Луғуроб баландии душворгузар дорад. Фарозии роҳ дар ҷойҳои зикршуда аз меъёрҳои техникӣ хеле зиёд буда, мошинҳои пурбор ва ҳатто баъзе мошинҳои сабукрав, ҳангоми баромадан нафасгир мешаванд. Шояд роҳсозон ин нуқсони кори худро ҳис карданд, ки баъди ба истифода додани роҳи нав рафтуомади нақлиётро аз тариқи Кабудҷар қатъ накарданд.

 Чаро роҳгузарон аз роҳсозон домангиранд?

Борҳо шоҳид будем ва шунидаем, ки роҳгузарон нисбат ба масъулини соҳаи роҳсозии ноҳияи Нуробод  суханони пасту баланд мегӯянд.

Нигоҳдории шоҳроҳи байналмилалии Душанбе — Нуробод-Лахш-сарҳади Қирғизистонро дар масофаи зиёда аз 66  километр,  аз дашти Сичароғ то сарҳади ноҳияи Рашт, Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳияи Нуробод, ки ба он мутахассиси ботаҷриба ва кордону ташкилотчӣ Валӣ Раҳмонов сарварӣ менамояд, ба уҳда дорад. Ҳамчунин, ба дӯши ин муассиса нигоҳдории 91 километр роҳҳои маҳаллӣ вогузор аст.

Зимни суҳбат В. Раҳмонов иброз намуд, ки муассиса 40 коргар ва даҳ техника дорад, ки се адади он бисту панҷ сол инҷониб мавриди истифода буда, фарсудаю корношоям гаштаанд. Ҳафт трактору мошини боқимонда, аз ҷумла, ду булдозери Т-170, як автогрейдер, ду экскаватор, як мошини худпарто,  як худборкун ва маблағи нокифояе, ки барои хариди қисмҳои эҳтиётӣ, сӯзишворӣ ва нигоҳдории роҳ ҷудо мегардад, барои дар сатҳи зарурӣ фаъолият намудани муассиса кифоя нест.

Хуб мешуд, ки…

Дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид гардидааст, ки дар сиё­сати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон се ҳадафи стратегӣ –таъмини истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва ҳифзи амнияти озуқаворӣ мавқеи калидӣ дошта, амалисозии ин ҳадафҳо рушди босуботи минбаъдаи кишварро дар ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ таъмин менамояд. Таъкид шуд, ки роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор, раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо бояд барои таъмиру таҷдиди роҳҳои дохилишаҳриву байниноҳиявӣ, байни деҳоту деҳаҳои дурдаст чораҳои мушаххас андешанд.

Имрӯз бунёд ва азнавсозии шоҳроҳи байналмилалии Душанбе-Рашт-Лахш-сарҳади Қирғизистон, хусусан дар минтақаи Сайрон-Қарамиқ, бо ҷаҳду талошҳои беназири Сарвари давлат босуръат идома дорад. Сокинони водӣ барои бунёди ин роҳ, ки назирашро надида буданд, аз Пешвои миллат миннатдоранд.

Мо ҳолати хатарзо ва фалокатбор доштани қитъаи Кабудҷарро на ба хотири маломат ва сарзаниш кардани шахсе ва ё масъуле ёдовар шудем. Ҳодисаҳои дар ин қитъаи роҳ рухдода эҳтимолӣ ва фавқулодаанд ва ба амру хоҳиши касе вобастагӣ надоранд. Вале дар шоҳроҳи зикршуда мушкилгузар боқӣ мондани Кабудҷар чун хорест дар гулистон. Замоне мардум ин роҳро бо белу каланд  ва зоғнӯл сохтанд. Имрӯз, ки техникаву мошинҳои замонавӣ ва таҷрибаи ғании роҳсозӣ дорем, месазад, ки ба ҳалли мушкилот аз усулҳои нав  кор гирем.

Аз ин хотир, пешниҳод менамоем, ки нуқсонҳои ҷойдоштаи роҳи давродаври сохташуда ба тариқи таъмиру таҷдид ислоҳ шаванд. Барои ин лозим меояд, ки баландии роҳро дар гузариши кӯҳҳои Луғуроб ва Кабудҷар бо иҷрои корҳои таркишӣ 15-20 метр паст карда, гардиши дуюми болои деҳаи Алигалабон азнавсозӣ ва фарозии роҳ ба талаботи техникии роҳсозӣ  ва меъёру қоидаҳои сохтмонӣ мувофиқ гардонида шавад.

Шояд барои ислоҳи ин нуқсонҳо ду — се моҳ вақт лозим бошад. Вале муҳим ин аст, ки маблағи ҳангуфти дар сохтмони ин роҳ сарфшуда, ки тӯли солҳо бесамар хобидааст, натиҷа медиҳад. Муҳимтар аз ҳама, меҳмонону сокинони водӣ аз роҳи ҷавобгӯйи талабот баҳравар ва роҳбарону масъулини соҳа аз ташвиш халос ­мешаванд.

Маҳмадҷон РАҲМОНОВ,

рӯзноманигор