Сармоягузорӣ дар шароити тағйирёбии иқлим

№42 (3679) 20.04.2017

Depositphotos_30828375_original (1)Тибқи арзёбии коршиносон тағйирёбии иқлим дар дурнамои миёна ва дарозмуҳлат ба кам шудани ҳаҷми оби дарёҳо боис гардид, ки ин на фақат барои Тоҷикистон, балки барои минтақа пайомадҳои ногувору хатарнок дорад.

Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Конфронси байналмилалӣ оид ба ҷамъбасти раванди татбиқи амалии Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об — барои ҳаёт», солҳои 2005-2015, 9 июни соли 2015 аз он изҳори ташвиш намуданд, ки бо сабаби тайи 60 соли охир 0,5 то 1 дараҷа баланд шудани ҳарорати миёнаи солонаи ҳаво дар мавзеъҳои баландкӯҳи кишвар пиряхҳо ва барфтӯдаҳо босуръат об шуда, боиси нест шудани зиёда аз ҳазор пирях гардидааст.

Тағйирёбии иқлим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сабабҳои ҷойгиршавии ҷуғрофӣ бо як қатор проблемаҳои экологӣ, аз ҷумла офатҳои табиӣ, зиёдшавӣ ва дигаргуншавии фаъолияти аҳолӣ боиси вайроншавии экосистема ва таҳдид ба бехатарии озуқаворӣ дар Осиёи Марказӣ гардидааст.

Бо мақсади паст кардани таъсири тағйирёбии иқлим дар ҷумҳурӣ як қатор тадбирҳо амалӣ гашта истодаанд. Аз ҷумла, Муассисаи давлатии «Маркази татбиқи лоиҳаи Дастрасӣ ба маблағгузории сабз ва маблағҳои рушди деҳот»-и назди Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо маблағгузории Бонки ҷаҳонӣ айни ҳол «Барномаи мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва кам кардани таъсири он ба ҳавзаи баҳри Арал» (CAMP4ASB)-ро амалӣ намуда истодааст.

Дар доираи лоиҳаи зикршуда ба аҳолии мамлакат хизматрасониҳои машваратӣ оид ба тарзҳои гуногуни самаранок истифодабарии об, зироатҳои ба тағйирёбиии иқлим устувор, мубориза бар зидди зараррасонҳои нав паҳншуда ва касалиҳое, ки дар натиҷаи баланд шудани ҳарорати ҳаво ё ин ки тағйироти реҷаи обёрӣ сар мезананд, инчунин барқароркунии ҳосилнокии замин расонида мешаванд.

Дар доираи лоиҳаи мазкур ба хоҷагии қишлоқ дар самтҳои зерин маблағгузорӣ мешавад:

• баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳои полезӣ аз тариқи гуногунсозии интихоби зироат ва дарахтони мевадиҳанда, боғу токзорҳои интенсивӣ, ихтирои навъ­ҳои гуногун, устувории тухмиҳои ба тағйирёбии иқлим тобовар ва чораҳои дастгирии системаи тухмиҳо бо истифодаи технологияи нав ва мувофиқ;

• идоракунии захираҳои обӣ ва самаранок истифода бурдани он дар хоҷагиҳо, истифодаи усули қатрагии обёрӣ;

• назорати вайроншавии замин тавассути чорабиниҳои агро-ҷангалпарварӣ ва тадбирҳои идоракунии чарогоҳҳо;

• ҳифзи соҳаи кишоварзӣ тавассути баланд бардоштани маҳсулнокии соҳаи чорводорӣ (зоти гӯштию ширӣ), парандапарварӣ, занбӯриасалпарварӣ ва моҳипарварӣ (махсусан гулмоҳӣ);

• коркарди самараноки маҳсулоти кишоварзӣ (хушк кардани меваҳо ва ғайра);

• зиёд намудани манбаъҳои барқароршавандаи энергия (гарминигоҳдорӣ, биогаз, таҷҳизоти офтобӣ, шамолӣ ва ғайра), махсусан дар минтақаҳои аҳолинишини дурдаст.

• занҷираи арзиши иловашудаи маҳсулоти хоҷагии қишлоқ;

• назорати зараррасонҳо ва касалиҳо.

Алҳол, лоиҳаи мазкур аз тариқи ташкилотҳои амонатии қарзии хурди «Ҳумо» ва «Арванд» дар шаҳру ноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикис­тон қарзҳои имтиёзнок пешниҳод менамояд.

Барои гирифтани маълумоти иловагӣ хоҳишмандон метавонанд бо рақамҳои зерин тамос гиранд:

 

Муассисаи давлатии

«Маркази татбиқи лоиҳаи

Дастрасӣ ба маблағгузории

сабз ва маблағҳои рушди

деҳот»-и назди Вазорати молияи

Ҷумҳурии Тоҷикистон

221-02-33

221-02-34

                 www. CAMP4ASB.tj

ТАҚХ «Ҳумо»

 +992 (44) 650 55 44;

 www.mdohumo.tj

ТАҚХ «Арванд»

 +992 (92) 748 44 04;

 www.arvand.tj