Ба «садои мардум» ҷавоб омад

«Сокинони деҳаи Рошорв аз қувваи барқ маҳруманд»

№91 (3728) 29.07.2017

Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯшон мақолаи «Сокинони деҳаи Рошорв аз қувваи барқ маҳруманд»-ро, ки дар рӯзномаи «Садои мардум» нашр шудааст, мавриди баррасӣ қарор дод.

Сокинони деҳа дар мақола қайд намудаанд, ки ҳоло ҳам аз истифодаи қувваи барқ маҳруманд. Дар баробари ин, солҳои охир зери таъсири тағйирёбии иқлим ва рух додани офатҳои табиӣ ҳаракати нақлиёт аз тариқи ягона роҳи автомобилгард ба мушкил мувоҷеҳ шуда, беш аз 2 моҳ қатъ шудааст.

Дуруст қайд шудааст, ки деҳаи Рошорв дар ноҳия ягона деҳае мебошад, ки аз қувваи барқ маҳрум аст. Таъмини пурраи деҳа бо қувваи барқ танҳо аз сохтмони НБО-и «Хатфат-Рошорв» бо иқтидори то 600 кВт вобаста аст. Оид ба сохтмони он Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 марти соли 2013, № 82 «Дар бораи нақшаи чорабиниҳо оид ба рушди иҷтимоӣ-иқтисодии водии Бартанг», Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 марти соли 2016, № 145 «Дар бораи Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Рӯшон барои солҳои 2016-2020» қабул шудааст ва Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия бо истифода аз захираю имкониятҳои мавҷуда тадбирҳои судманд андешида истодааст. Барои сохтмони неругоҳи мазкур дар дарёчаи Хатфат шароити мусоид мавҷуд мебошад. Баҳри ҳалли масъала Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҶСК «Помир Энерҷӣ», мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ВМКБ ва ноҳия чораандешӣ карда истодаанд.

Бобати дар ҳама мавсим қатъ гардидани ҳаракати нақлиёт маълум менамоем, ки танҳо ҳамин сол дар натиҷаи боришоти зиёди барф ҳаракати нақлиёт ба водии Бартанг қатъ гардид. Бо кӯшиши Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳсозони ноҳия дар муддати кӯтоҳ роҳ пурра кушода шуд. Хотиррасон менамоем, ки солҳои гузашта роҳ ба самти водии Бартанг ҳеҷ гоҳ баста набуд. Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 марти соли 2013, № 82 «Дар бораи нақшаи чорабиниҳо оид ба рушди иҷтимоӣ-иқтисодии водии Бартанг» корҳои муайянро анҷом дода, қисмати душворгузари ин роҳро азнавсозӣ намуда истодааст. Бо ин мақсад аз тарафи вазорат дар се соли охир 1 млн.923 ҳазор сомонӣ сарф гардида, соли ҷорӣ низ барои таъмири роҳи мазкур 600,0 ҳазор сомонӣ пешбинӣ шудааст.

Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯшон дар ҳамкорӣ бо мардуми водӣ баҳри бартараф кардани камбудиҳои ҷойдошта бо ҷиддияти том саъю талош доранд, то ки дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бобати марҳила ба марҳила баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардуми водии Бартанг иҷро шавад.

Г. Дӯстализода,

муовини якуми раиси ноҳияи Рӯшон