Тадқиқоти журналистӣ

Мушкили миробҳо кай ҳал мешавад?

№94 (3731) 08.08.2017

МиробИслоҳот ҷорӣ шуду…

Баъди соҳибистиқлол гардидани мамлакат ва дигаргун шудани сохтори давлатӣ дар соҳаи обрасонӣ низ ислоҳот гузаронида шуд. Соли 1996 бо қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ тарофаи «Хизмати обрасонӣ» ҷорӣ гардид. Аз ин пас, 30 фисади хароҷоти хоҷагиҳои об аз буҷети маҳаллӣ маблағгузорӣ мешаваду боқӣ бояд аз ҳисоби хизмати обрасонӣ ҳақгузорӣ гардад.

Масалан, хароҷоти солонаи хоҷагиҳои оби вилояти Суғд соле то ба 40 млн. сомонӣ мерасад. Бино ба гуфти сардори Раёсати хоҷагии оби вилоят Зафарбек Давлатзода, ҳар сол 12 млн. сомонӣ аз буҷет маблағгузорӣ мешаваду 28 млн. сомонии дигар, ки аз ҳисоби ҳаққи хизмати обрасонӣ аст, ба таври бояду шояд маблағгузорӣ намешавад. Сабаб чист? Ногуфта намонад, ки пурра ҳақгузорӣ нашудани хизмати обрасонҳо аз тарафи истеъмолкунандагон мушкилоти зиёдеро ба бор овардааст.

Камина аксари хоҷагиҳои оби ноҳияҳои вилояти Суғдро дидан намуда, бо масъулон ҳамсуҳбат шудам. Саволи асосӣ ин буд, ки чаро деҳқонон обро истифода мебаранду дар масъалаи пардохти маблағи он уҳдадории худро тибқи шартнома иҷро намекунанд?

Эътироф бояд кард, ки дар мавсими долу зарби кори саҳро кишоварзон аз ҷониби раисони шаҳру навоҳӣ ҳамаҷониба пуштибонӣ мебинанд. Зеро, агар ҳосил фаровону босифат нашавад, нишондиҳандаҳои иқтисодии ноҳия ё шаҳр паст рафта, сабаби иҷро нашудани буҷети маҳаллӣ мегардад ва барои нишондиҳандаҳои пасти иқтисодӣ «гӯшмол» гирифтани раисони шаҳру навоҳӣ аз эҳтимол дур нест. Албатта, на ҳама роҳбарони шаҳру навоҳӣ ин гуна рафтор мекунанд. Ҳастанд нафароне, ки бо дарки муҳимияти масъала масъулони соҳаро дастгирӣ мекунанд. Ин амал дар мисоли МИҲД-и ноҳияи Ашт равшан ба назар мерасад, ки масъалаи пардохти ҳаққи хизмати обрасониро дар ҷаласаи маҷлиси вакилони халқи ноҳия мунтазам баррасӣ мекунанд.

Имрӯз қарзи хоҷагиҳои кишоварзии вилояти Суғд аз хизмати обрасонӣ ба 32 млн. сомонӣ расидааст. Қарзи аз ҳама зиёд ба кишоварзони ноҳияҳои калонтарини кишоварзӣ — Зафарободу Мастчоҳ рост меояд.

Вазъият агар чунин бошад, пас миробҳои вилоят ба мавсим ҳар сол чӣ тавр омода шаванд? Маблағгузории корҳои таъмиру тармим аз кадом сарчашма сурат мегирад? Ба ин саволҳо муовини якуми сардори Раёсати беҳдошти замин ва обёрии вилояти Суғд Ҳалим Ҳоҷиев чунин посух дод:

- Корҳо аксар вақт нася ва бо илтимос иҷро мешаванд. Агар кишоварзон ҳаққи хизмати обрасониро сари вақт пардохт намоянд, ҳоҷати аз дастраскунандагони қисмҳои эҳтиётӣ қарздор шудан намемонад. Таъмирро ба ҷо меорему пойгоҳро ба кор меандозем. Чун дар пардохти насягирифтаҳо таъхир намоем, ҷанҷолу хархаша ва муҳлатгузории дастраскунандагони қисмҳои эҳтиётӣ ба авҷи аъло мерасад. Табиист, ки ин ҳама ба асаб ва дар ин замина ба саломатии мас­ъулону мутахассисон бетаъсир намемонад…

Суиистифода аз дастгирии Ҳукумати ҷумҳурӣ

Ба андешаи инҷониб, истеъмолкунандагони обро дастгирии Ҳукумати ҷумҳурӣ «эрка» кардааст. Баъди гузаронидани ислоҳоти соҳаи обрасонӣ бо дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 3 маротиба қарзи хоҷагиҳои деҳқонӣ аз хизмати обрасонӣ аз эътибор соқит карда шуд, ки ин амали хайри Ҳукумати ҷумҳуриро аксар роҳбарони хоҷагиҳои кишоварзӣ нодуруст фаҳмида, ба чунин хулоса омадаанд: қарз истодан гирад, рӯзе Ҳукумат аз эътибор соқит мекунад! Ба гуфти масъулони соҳаи обрасонӣ, маротибаи сеюм — тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №302 аз 3 майи соли 2014-ум 93 млн. сомонӣ қарзи хоҷагиҳои кишоварзии вилоят аз эътибор соқит шуд.

Зимни омӯзиши масъала ба хулоса омадем, ки афзудани қарзи хоҷагиҳои об аз хизматрасонӣ ба таври сунъӣ сурат мегирад. Мутахассисон ҳисоб кардаанд, ки нархи муқарраршудаи ҳар метри мукааб барои як бардошти пойгоҳи обкашӣ рост меояду халос. Ҳол он ки 75 фисади заминҳои кишоварзии вилояти Суғд аз тариқи насос обёрӣ мешаванду 25 фисад тариқи худҷорӣ.

- Тибқи нархнома барои ҳар метри мукааб оби расонида 1,77 дирам маблағгузорӣ мешавад, ки барои як бардошт муқаррар шудааст, хароҷот бошад, ба се бардош­ти мошинӣ рост меояд, — мегӯяд муовини якуми сардори Раёсати беҳдошти замин ва обёрии вилояти Суғд Ҳалимҷон Ҳоҷиев.

Ҳамин ноҷӯриҳо боис гардиданд, ки ҳоло қарзи миробҳои вилояти Суғд аз истифодаи қувваи барқ ба 80 млн. сомонӣ расидааст. Қарзи андоз 9 миллион ва фонди ҳифзи иҷтимоӣ бошад, 10 миллион сомониро ташкил медиҳад.

Аз Ассотсиатсияҳои истифодабарандагони об чӣ манфиат мерасад?

Тибқи ислоҳоти соҳа соли 2000-ум ташкилоти наве бо номи Ассотсиатсияи истифодабарандагони об (АИО) таъсис ёфт, ки вазифаи он аз ибтидои мавсими киштукор ба хоҷагиҳои деҳқонӣ расонидани об ва мусоидат ба пардохти ҳаққи хизмати обрасонӣ мебошад.

-То соли 2014 дар вилоят 111 АИО амал мекард, — мегӯяд сардори шуъбаи дастгирии АИО –и Раёсати беҳдошти замин ва обёрии вилояти Суғд Ҳайдарҷон Мухторов. Аз соли 2014 тибқи дастури раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ дар дигар ноҳияҳо ин ташкилоти ҷамъиятӣ таъсис дода шуд ва имрӯз шумораи он ба 214 адад мерасад.

Аммо аз 1156 нафар корманди АИО на ҳама мутахассисони соҳаи обрасонианд, ки ин омил ба раванди кор халал эҷод мекунад:

- Инчунин, аз таъсиси  ташкилот 17 сол сипарӣ шуда бошад ҳам, ҳанӯз на ҳама масъулону кормандони он вазифаи худро ба таври бояду шояд медонанд, — мегӯяд Ҳ. Мухторов. Айни ҳол дар се ноҳия — Ашту Деваштич ва Истаравшан АИО фаъолияти назаррас доранд ва истеъмолкунандагони оби ҳар се ноҳия қарздор нестанд.

- Боварӣ дорем, ки бо гузашти солҳо ин ташкилот фаъолияти худ­ро такмил бахшида, вазифаи оинномавиашро ба таври бояду шояд иҷро мекунад, — мегӯяд собиқадори соҳа Абдуллоҷон Солиҷонов.

Чӣ бояд кард?

Посухи ин саволро аз собиқадорони соҳа ва масъулон пурсон шудам.

Онҳо мегӯянд, ки чун замони то ислоҳот дастгирии молиявиро ба соҳа ҳукумати маҳаллӣ бояд расонад. Масалан, дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон низоми обрасонӣ то ҳанӯз аз тарафи давлат дастгирӣ меёбад. Дар ҷумҳурии Қирғизистон хароҷоти соҳаи обрасонӣ аз ҷониби давлат 80 фисад ҷуброн мешавад.

Пас, маълум мегардад, ки вазъи баамаломада таҷдиди назар мехоҳад. Аниқтараш, нархномаи ҳаққи хизмати обрасонӣ бояд аз нав баррасӣ шавад. Нархе гузош­та шавад, ки ақаллан нисфи хароҷоти хоҷагиҳои обро пӯшонда тавонад. Ҳолдонҳо мегӯянд, ки барои баланд бардоштани ҳаққи хизмати обрасонӣ ба ҳар метри мукааб об то 4 дирам ба Ҳукумати мамлакат ироа шудааст.

Ҳамчунин, тавассути дастгирии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ фаъолияти АИО-ро ҷоннок кардан лозим аст. Дар акси ҳол, қарзи хоҷагиҳои деҳқонӣ аз хизмати обрасонӣ афзудан мегираду Ҳукумати мамлакат маҷбур мешавад, онро аз эътибор соқит созад. Деҳқонон аз қарз халос мешаванду аммо миробҳо ба қарз ғӯта мезананд.

Мирзоаъзам Мақсудов,

«Садои мардум»