Иттиҳоди Аврупо муборизаро бо маҳсулоти пластикӣ пурзӯр кард

№71 (3865) 09.06.2018

Processed with MOLDIVМо низ бояд дар ин самт фаъол бошем, то пластика ба дастархону меъдаҳоямон роҳ наёбад

Солҳост, ки афзоиши босуръати партовҳои плас­тикӣ ҷомеаи ҷаҳонро нигарон кардааст. Ҷустуҷӯи роҳҳои мубориза алайҳи ин намуди партов имрӯз дар мадди назари ҷомеаи башарӣ қарор дорад. Иқдоми аввалин соли 2018 дар Юнон амалӣ гардид. Дар он ҷо аз оғози сол барои истифодаи халтаву борҷомаҳои пластикӣ андоз ситонида мешавад, ки бешубҳа, ба камшавии истифодаи маҳсулоти пластикӣ ва ҷустуҷӯи роҳҳои коркард ва истифодаи такрории он мусоидат хоҳад кард.

Чанде қабл дар Иттиҳоди Аврупо Стратегияи нахустин оид ба ҳифзи муҳити зист аз маҳсулоти пластикӣ қабул гардид.

«Агар имрӯз вазъро дар соҳаи истеҳсоли пластика тағйир надиҳем, соли 2050 дар уқёнусҳо партовҳои пластикӣ аз моҳӣ бештар хоҳад шуд», — гуфтааст муовини аввали раиси Комиссияи Аврупо Франс Тиммерманс.

Бино ба гуфти номбурда, барои амалӣ намудани стратегияи мазкур давраи аввал 100 млн. евро ҷудо гардида, дар амалӣ намудани нақша шаҳрвандон, корхонаҳо  ва ҳукуматҳо бояд саҳм гиранд.

«Стратегия барои ба роҳ мондани иқтисодиёти бе партов мусоидат менамояд. Он барои технологияҳои нави инноватсионӣ низ роҳ кушода, рақобатпазирии корхонаҳоро нигоҳ медорад», — илова намудааст Ф.Тиммерманс. Ин стратегия барои соҳибкорони Аврупо аҳамияти иқтисодӣ дорад, зеро имкони бештари ҷалби сармоя ва ҷойҳои нави кориро фароҳам меорад.

«Ба шарофати стратегия истифодаи маҳсулоти пластикии истифодааш яккарата ва микропластик маҳдуд мегардад», — қайд шудааст дар баёнияе, ки Комиссияи Аврупо интишор намудааст. Тибқи он ҳар сол дар Аврупо 25 млн. тонна партов ҷамъоварӣ шуда, танҳо 30 фоизи он коркард мегардад. Дар ҷаҳон 85 фоизи партовҳоеро, ки ба об (дарё, баҳр ва уқёнусҳо) партофта мешаванд, маҳсулоти пластикӣ ташкил медиҳад.

«Пластика ҳам ба шуши аврупоиҳо роҳ ёфтаасту ҳам ба дастар­хонашон. Микропластика дар ҳаво, об ва маҳсулоти ғизоӣ низ мавҷуд аст ва мо ҳанӯз оқибатҳои онро пурра муайян накардаем», — таъкид менамоянд муаллифони стратегия.

Дар кишвари мо низ зиёдшавии партовҳои пластикӣ нигаронкунанда аст. Шумораи корхонаҳое, ки ба истеҳсоли маҳсулоти пластикӣ машғуланд, рӯз то рӯз афзуда, бобати коркард ва истифодаи такрории онҳо тадбирандешӣ хеле кам ба назар мерасанд. Имрӯз зарур аст, ки муносибатро ба истифодаи маҳсулоти пластикӣ тағйир дода, коркард ва истифодаи такрории онро ба роҳ монем, то фардо плас­тика ба дастархону меъдаҳоямон роҳ наёбад.

 Таҳияи Н. Низомӣ,

 «Садои мардум»