5 млрд. Доллар барои дастгирии Стратегияи «ҲИМОМ-2030»

№128 (3765) 31.10.2017

27 октябр президенти Бонки Осиёии Рушд (БОР) Такехико Накао зимни нишасти матбуотӣ оид ба натиҷаҳои сафар ба Тоҷикистон, аз ҷумла иштирок дар Ҷаласаи 16—уми Конференсияи вазирони Барномаи ҳамкории иқтисодии минтақавии Осиёи Марказӣ (ҲИМОМ), изҳор намуд, ки Бонки Осиёии Рушд дар 5 соли оянда   барои дастгирии Стратегияи «ҲИМОМ – 2030»  5 млрд. доллари америкоӣ пешниҳод менамояд.

Такехико Накао ҷаласаи баргузоргардидаро муҳим арзёбӣ ва таъкид кард, ки дар он вазирони 11 давлати аъзо Стратегияи «ҲИМОМ – 2030»- ро ҷонибдорӣ намуданд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1998 ба БОР шомил гардид ва соли 2003 намояндагии доимии бонк дар Тоҷикистон ифтитоҳ ёфт. Дар давраи фаъолияти ин ниҳод дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаву лоиҳаҳо ба маблағи умумии 1,5 млрд. доллари амрикоӣ  дастгирӣ гардидаанд, ки ба беҳбудбахшии соҳаҳои нақлиёт, энергетика ва рушди босубот равона шудаанд.

- Мо имрӯз соҳаҳои афзалиятноки Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба монанди нақлиёт ва роҳро дастгирӣ карда истодаем. Илова бар ин, барои дастгирии Буҷети Ҷумҳурии Тоҷикистон БОР соли гузашта ҷудо намудани 50 млн. доллари америкоиро тасдиқ кард, ки он аввали моҳи ноябр бояд интиқол дода шавад, — афзуд Такехико Накао.

Тибқи иттилои Такехико Накао, дар солҳои 2018-2020 барои рушди соҳаи кишоварзӣ, беҳтар намудани ҳолати роҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар соҳаҳои муҳим аз ҷониби БОР дастгирӣ ба нақша гирифта шудааст.

- Мо ҳоло дар марҳилаи баррасӣ қарор дорем, ки кадом соҳаҳоро дар се соли оянда ҳамчун соҳаҳои афзалиятнок эътироф намоем ва ният дорем, ки бо ин мақсад ба Ҷумҳурии Тоҷикистон тақрибан 300 млн. доллари амрикоӣ пешниҳод кунем, — гуфт ӯ.

Т. Накао аз ҳамкорӣ бо Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои энергетика, идоракунии захираҳои об, канданиҳои фоиданок, кишоварзӣ ва сайёҳӣ изҳори қаноатмандӣ карда, иброз дошт, ки «соҳаҳои сайёҳӣ, кишоварзӣ ва рушди инсонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумлаи соҳаҳое мебошанд, ки барои рушди макроиқтисодии кишвар метавонанд кумак расонанд».

Дар хотима Стратегияи нави «ҲИМОМ – 2030» ва «Дек­ларатсияи Душанбе» ба тасвиб расид.

Н. НИЗОМӢ, 

«Садои мардум»