Саломатӣ - неъмати бебаҳо

58,6 фоизи занон бо норасоии йод дар ғизо мувоҷеҳанд

№114 (3594) 03.09.2016

pozy-dlya-kormleniya-novorozhdennogo-rebenka1Чанде пеш дар Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солим»-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба «Интишори маълумотҳо вобаста ба масъалаҳои беҳдошти ғизо бо намояндагони воситаҳои ахбори омма» ва паҳн намудани маълумот оид ба пешгирии бемории «Спина бифида» (чураи сутунмуҳра) семинар – машварат доир шуд.

Дар он Шералӣ Раҳматул-лоев — корманди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар мавзӯи  «Беҳдошти ғизои модару кӯдак дар Тоҷикистон ва рушди дахолатпазири он», коршинос Зулфия Абдураҳмонова дар мавзӯи  «Мақоми воситаҳои ахбори омма дар паҳнкунӣ ва баланд бардоштани маърифати аҳолӣ дар мавриди беҳдошти ғизо» ва Мутриба Латифова — ҳамоҳангсози барномаи Алянси глобалӣ  барои беҳдошти ғизо  дар мавзӯи «Спина бифида – иллати модарзодӣ» маърӯза карданд.

- Шири модар намунае аз неъматҳои илоҳӣ аст, ки тифлро бенуқсон ба воя мерасонад, — мегӯяд Шералӣ Раҳматуллоев. — То ҳол қурс (таблетка) ё маҳлуле истеҳсол накардаанд, ки таркиби шири модарро пурра фаро гирад. Омӯзиши масъала собит намуд, ки мақсад аз истеҳсоли ширҳои сунъӣ ғамхорӣ дар ҳаққи модару кӯдак набуда, ҳадаф сармояғундорист.

Ба андешаи номбурда, агар кӯдак аз шири модар маҳрум аст, пас дар як сол ба ҳисоби миёна 120 қуттӣ шири сунъӣ бояд истеъмол кунад, ки 4 ҳазору 200 сомониро ташкил медиҳад.

Аз ғанигардонии маҳсулоти ғизоӣ дида, барои кӯдак ғанӣ гардонидани таркиби шири модар манфиатбахштар аст. Ҳатто макидани шири модар як навъ роҳат аст ва тифл бештар майл ба макидани синаи чапи модар дорад. Зеро дил дар тарафи чап аст ва тифл  дар батни модар ба садои тапиши дили модар одат карда, ҳангоми макидан низ мехоҳад онро гӯш кунад.

Тадқиқоти тиббӣ — демографӣ нишон медиҳад, ки норасоии микроэлементҳои ғизоӣ дар Тоҷикистон вуҷуд дорад. Мувофиқи нишондодҳо, 24 дарсади занони синни зоиш ва 28 дарсади кӯдакони то 5-сола гирифтори анемия (камхунӣ) буда, 58,6 фоизи занон аз норасоии йод дар ғизо азият мекашанд. Йод яке аз элементҳои аз ҳама муҳим барои таҷзияи мағзи сар ва қобилияти зеҳнии ҷанин маҳсуб мешавад. Ин ҳолат сироятпазириро зиёд намуда, қобилияти зеҳнӣ ва ҷисмониро коҳиш медиҳад.

Ҳоло дар ҷаҳон 165 миллион одам ба иллати қадпастӣ, норасоии ғизо ва лоғарӣ мувоҷеҳанд, ки сабаби асосиаш норасоии микроэлементҳои ғизоӣ мебошанд.

Ҳамрадиф бо ин масъалаҳо, мутахассисон доир ба «Спина бифида» — иллати модарзодии найчаи асаб, ки чор ҳафтаи аввали ҳомиладорӣ пайдо мешавад, маълумот доданд. Айни замон сабаби ин беморӣ маълум нест. Аммо тадқиқотҳо нишон медиҳад, ки истеъмоли кислотаи фолиевӣ метавонад хавфи «Спина бифида»-ро миёни тифлони дар батни модарбуда коҳиш диҳад.

Ин гӯшти зиёдатӣ (чура) дар сутунмуҳраи кӯдак аст ва он зарари зиёд ба асаб ва ҳароммағз мерасонад. Гарчанде ин захмро бо роҳи ҷарроҳӣ табобат карда шавад ҳам, аммо таъсираш дар асаб доимӣ монда, боиси фалаҷи кӯдак мегардад.

Зикр шуд, ки «Спина бифида» бемории хатарзо буда, харҷҳои зиёди молиявиро ба думбол дорад.

 Абдухолиқ МИРЗОЗОДА, «Садои мардум»