АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

7 КОРХОНА БА ИСТИФОДА ДОДА МЕШАВАД

№106 (3586) 11.08.2016

- Дар шаш моҳи соли ҷорӣ бо ҷалби сармоягузории мустақими хориҷӣ чор корхонаи истеҳсолӣ ба маблағи 218 миллион доллари амрикоӣ сохта, ба истифода дода шуд, — гуфт раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қодири Қосим 4 августи соли равон дар нишасти матбуотӣ ва афзуд, ки имсол дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд аз тарафи ширкати «Хуаксин Семент» корхонаи сементбарорӣ бо иқтидори истеҳсолии 1,2 миллион тонна семент ба истифода дода шуд. Дар ду соли охир Тоҷикистон аз кишвари  воридкунандаи семент ба кишвари содиркунанда табдил ёфт.

- Мо оянда низ кӯшиш мекунем, ки дар самти ҷалби сармоягузорӣ ба соҳаҳои истеҳсолоти ивазкунандаи воридот бештар кор барем, — гуфт Қодири Қосим . — Имсол бо ҷалби сармоягузории хориҷӣ ба истифода додани боз ҳафт корхонаи истеҳсолӣ , аз ҷумла, корхонаи  коркарди маҳсулоти нефтӣ дар Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара», корхонаи сементбарорӣ ва коргоҳи истеҳсоли халта дар ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон, корхонаи металлургии Ҳисор ва ғайра ба маблағи умумии 688 миллион доллари амрикоӣ пешбинӣ шудааст.

Бо мақсади ба роҳ мондани ҳамкориҳои мутақобилан судманди доираи соҳибкорони ватанӣ бо шарикони хориҷӣ кумита бизнес — форумҳои соҳибкорони Тоҷикистон бо соҳибкорони Туркманистон, Корея, Олмон, Туркия ва Чинро баргузор намуд.

Дар шаш моҳи соли ҷорӣ дар ҳамбастагӣ бо мақомоти марбутаи мамлакат бо шарикони рушд ҷиҳати амалисозии 10 лоиҳаи  афзалиятноки сармоягузорӣ 14  созишномаи нав бо маблағи умумии 133,0 миллион доллари ИМА ба имзо расонида шуд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта мутаносибан 8 созишнома ва 9,5 миллион доллари ИМА зиёд мебошад.

Созишномаҳои нав асосан ба рушди соҳаҳои нақлиёт, бахши давлатӣ, кишоварзӣ, экология, хоҷагии манзилию коммуналӣ ва ҳолатҳои фавқулода равона мешаванд.

То моҳи июли соли равон аз ҳисоби хусусигардонӣ ва истифодаи моликияти ҷумҳуриявӣ 18,61 миллион сомонӣ ба Буҷети давлатӣ ворид шудааст, ки 74, 3 фоизи нақшаи пешбинигардидаро ташкил медиҳад.

С. СУННАТӢ,

«Садои мардум»