Мушкилот ва пешниҳод

Аҳамияти «Долони Вахон» аз CASA — 1000 кам нест

№43 (3837) 07.04.2018

6Солҳои охир дар бахши туризми экологӣ саёҳат ба мавзеи Вахон хеле маъруфият пайдо кардааст. «Долони Вахон» дар сарҳади чор кишвар – Афғонистон, Тоҷикистон, Покистон ва Хитой ҷой гирифтааст. Водии Вахон дар қисмати шимолу шарқии Афғонистон воқеъ буда, тобеи вилояти Бадахшон аст. Дарозии долони мазкур тақрибан 210 километр ва паҳноии он аз 20 то 60 километрро ташкил медиҳад. Маҳз ҳамин водӣ Тоҷикис­тонро аз Покистон ҷудо мекунад. Охирҳои асри XIX Британияи Кабир ва Империяи Россия тибқи созишнома «Долони Вахон»-ро ба Афғонистон доданд, то деворе байни ин ду кишвари абарқудрат гардад. Аксбардори маъруфи фаронсавӣ Вариал Кедрик ба ин мавзеи зебо пиёда сафар намуда, зери лоиҳаи «Вахон Афғонистони дигар» («Wakhan, An Other Afanistan») силсилаи аксҳояшро дар интернет пешкаш намуд, ки дар бисёр расонаи хабарии ҷаҳон нашр гардиданд.

«Долони Вахон» аз қадим яке аз шохаҳои «Роҳи бузурги абрешим» буда, Бадахшонро бо Ёрканди Хитой мепайваст. Сайёҳу тоҷири маъруфи итолиёӣ Марко Поло соли 1271 аз ин роҳ гузар намуда, мафтуни табиати зебои водии Вахон гашта буд. Ориел Стейн соли 1906 дар китоби ёддоштҳояш навишта буд, ки ҳар сол садҳо аспу шутур тавассути ин долон ба Хитой равуо мекунанд.

Ҳанӯз соли 2010 вазири сармоягузории Покистон Салим Мандвивала зимни сафар ба Тоҷикистон изҳор дошта буд, ки роҳбарияти кишвараш ҳавасманди бунёди роҳ аз ноҳияи Ишкошими Тоҷикистон то Чатроли Покистон аст. Он вақт қариб 70 фоизи корҳои асосноккунии техникӣ — иқтисодии лоиҳаи роҳи Ишкошим- Чатрол муайян шуда буд.

Тибқи лоиҳа, ин роҳи наздиктарин аз Осиёи Марказӣ ба Покистон буда, 200 километрро дар бар хоҳад гирифт. Қариб 80 километри он аз марзи Покистон ва 120 километр аз ҳудуди Афғонистон мегузарад. Бо мақсади наздик ва беҳтар сохтани роҳ якчанд нақб кандан лозим меояд. Бунёди ин роҳ на танҳо ба манфиати Тоҷикистону Афғонистону Покистон, балки тамоми кишварҳои минтақа хоҳад буд. Роҳи Тоҷикис­тону Покистон тавассути «Долони Вахон» ба кишварҳои Осиёи Марказӣ, Озарбойҷон, Федератсияи Россия, Беларус, Украина ва як қатор кишварҳои Аврупои Шарқӣ барои тавассути роҳи хушкии нисбатан бехатар ба Покистону Хитой расидан кумак мерасонад. Дар ин ҷода Тоҷикистон кишвари калидии транзитӣ хоҳад шуд. Роҳи мазкур ба Хитою Покис­тон барои дастёбӣ ба бозори кишварҳои зикршуда мусоидат хоҳад кард. Аз ҷониби дигар, Тоҷикистон метавонад тавассути водии Вахон бо кумаки кишвару созмонҳои мададрасон хатти барқи баландшиддат кашида, неруи барқи изофиашро ба минтақаҳои дурдасти Афғонистону Покис­тон интиқол диҳад.

Чанде пеш муовини вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Шоимзода иброз дошт, ки аз рӯи ҳисоби пешакӣ, Покистон ба 20 000 мегаватт неруи барқи иловагӣ ниёз дорад. Пас, Тоҷикистон чӣ қадар неруи барқи изофӣ дошта бошад, Покистон метавонад онро харидорӣ кунад.

Бунёди роҳи мазкур ҷиҳати ноил шудан ба ҳадафи то соли 2030 ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистон мусоидат менамояд. Он боз аз он ҷиҳат аҳамиятнок аст, ки Ҷумҳурии Халқии Хитой аз соли 2015 амалисозии лоиҳаи бузурги «Долони иқтисодии Хитою Покистон» (CPEC) — ро оғоз намуд. Арзиши ин лоиҳа 46 миллиард доллари амрикоиро ташкил медиҳад. Хитой тасмим гирифтааст, ки бо ин маблағ аз шаҳри Кошғари ноҳияи автономии Синтзян — Уйғур то бандари Гвадари Покистон роҳи мошингард ва силсилаи иншооти саноатию хизматрасонӣ созад. Дар доираи лоиҳаи мазкур Хитой дар минтақаи Хуби вилояти Балуҷистон ба сохтмони неругоҳи ҳароратӣ оғоз кард. Тавоноии ин неругоҳи бо ангиштсанг фаъолияткунанда 1320 мВт буда, маблағи сармоягузорӣ 1,995 миллиард долларро ташкил медиҳад. Ба шарофати ин неругоҳ 4 миллион хонаводаи покистонӣ бо барқи доимӣ таъмин мешаванд. Неругоҳ моҳи августи соли 2019 ба истифода дода хоҳад шуд. Моҳи ноябри соли 2017 бо сармояи Хитой дар наздики бандари Қосими Покистон агрегати якуми Неругоҳи ҳароратӣ ба истеҳсоли барқ шурӯъ кард. Хитой, инчунин дар мавзеи Кӯҳистони музофоти Хайбар — Пахтунхва силсилаи неругоҳҳои барқи обиро хоҳад сохт, ки иқтидори умумиашон ба 5400 мегаватт хоҳад расид. Дар ин силсиланеругоҳҳо 8000 нафар бо ҷойи кор таъмин хоҳанд шуд.

Баъди ба истифода супоридан истеҳсоли солонаи барқи ин неругоҳҳо 12 миллиард кВт. соатро ташкил хоҳад дод. Дар бахши роҳсозӣ низ пешравиҳо ба назар мерасанд. Ҳоло сохтмони шоҳроҳи автомобилгарди Пешовар — Карочӣ дар минтақаи Суккур босуръат идома дорад.

Иқтисодчии маъруф, собиқ Сарвазири Покистон Шавкат Азиз изҳор доштааст, ки тарҳи «Як камарбанд, як роҳ» тақдири Покис­тонро билкулл дигар мекунад. Барномаҳои бузурги энергетикӣ, рушди инфрасохтори нақлиётӣ дар доираи лоиҳаи «Долони иқтисодии Хитою Покистон» муҳаррики муҳими рушди иқтисодии Покистон гашта, барои тараққиёти он имкониятҳои бузургеро фароҳам хоҳанд овард.

Лоиҳаи мазкур аз ҷониби роҳбарони ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ низ ҷонибдорӣ ёфт. Моҳи марти соли 2016 Президенти Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов зимни мулоқот бо Сарвазири Покистон Навоз Шариф лоиҳаи мазкурро ҷонибдорӣ ва изҳор намуд, ки бандари Гвадари Покистон ба Туркманистон имкони дастрасӣ ба обҳои уқёнуси Ҳиндро хоҳад дод.

Моҳи декабри соли 2016 муовини Сарвазири Ӯзбекистон Улуғбек Ризоқулов низ зимни сафар ба Исломобод лоиҳаи CPEC – ро ҷонибдорӣ кард. Аз кишварҳои Осиёи Марказӣ нахустин шуда, Қазоқистон ҳамроҳ гардидан ба лоиҳаи CPEC – ро изҳор намудааст. Собиқ Сарвазири Қазоқистон Карим Масимов соли 2015 аҳамияти лоиҳаро барои Қазоқис­тон ва дигар ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ таъкид намуд. Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Худоёр Худоёрзода моҳи июли соли 2017 дар доираи ҷаласаи сеюми Комиссияи муштараки Тоҷикистону Покистон оид ба энергетика ва инфрасох­тор аҳамияти бунёди роҳи мошингарди Ишкошим- Чатролро бори дигар ба миён гузошт. Дарвоқеъ, ифтитоҳи роҳи мазкур ба пешрафти фаъолияти Минтақаи озоди иқтисодии «Ишкошим» ва зиёд гардидани шумораи сайёҳону сармоягузорон ба ин гӯшаи зебои диёр мусоидат хоҳад кард. Ҳоло «Ишкошим» бинобар дурдаст будан камфаъолияттарин минтақаи иқтисодии мамлакат ба шумор меравад. Агар тавассути «Долони Вахон» роҳи мошингард сохта шавад, ба минтақа тоҷирону сармоягузорони Қирғизистону Афғонистон, Қазоқистону Хитой ва Покис­тон таваҷҷуҳ хоҳанд кард. Ин дар навбати худ ба таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва боло рафтани сатҳи зиндагии мардум мусоидат хоҳад намуд.

Роҳи мазкур ҳаёти сокинони дурдасттарин ва ақибмондатарин минтақаи Афғонис­тон — Вахону Ишкошимро ба куллӣ дигар хоҳад кард. Ба гуфтаи сайёҳоне, ки ба водии Вахон рафтаанд, дар ин мавзеъҳо роҳ, мактабҳои замонавӣ, нуқтаҳои тиббӣ вуҷуд надоранд. Ягона воситаи рӯзгузаронии сокинони ин минтақаи баландкӯҳ зироаткорию чорводорист. Агар роҳи замонавӣ сохта шавад, сатҳи зиндагии сокинони водии Вахон баланд гашта, дар бахшҳои нақлиёту хизматрасонӣ ҷойҳои нави корӣ таъсис хоҳанд ёфт.

Тавре аз мушоҳидаҳо бармеояд, аҳамияти иқтисодию иҷтимоии бунёди роҳ тавассути «Долони Вахон» аз лоиҳаи CASA — 1000 кам нест. Пеш аз ҳама, бо татбиқи он Ҷумҳурии Халқии Хитой ба бунёди роҳ ҳавасманд хоҳад буд. Зеро «Долони Вахон» наздиктарин роҳ барои пайвастани кишварҳои Осиёи Марказӣ ба лоиҳаи CPEC (China Pakistan Economic Coridor) мебошад. Бонки исломии рушд, Фонди тараққиёти Саудӣ, Фонди арабии рушди иқтисодиёти Кувайт, Фонди Абу Даби, Фонди ОПЕК, Бунёди Оғохон, Бонки осиёи рушд ва дигар созмонҳои мададрасон метавонанд ин тарҳро дастгирӣ намуда, ба пешрафти иқтисодиёти Афғонистон ва таҳкими робитаҳои иқтисодии минтақа мусоидат кунанд.

Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (22 декабри соли 2017) ба ин ­масъала дахл намуда, чунин таъкид карданд: «Вазорати нақлиёт якҷо бо дигар сох­тору мақомот оид ба ташкили терминалҳои наздисарҳадӣ ва марказҳои логистикӣ, долонҳои нақлиётӣ ва ба меъёрҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ гардонидани хизматрасониҳо лоиҳаҳои дахлдорро таҳия ва бо ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ амалӣ намояд».

Бовар дорем, ки агар километрҳои нахустини роҳ дар долони Вахон сохта шаванд, садҳо ҳазор сайёҳ барои дидани ин водии зебоманзар аз ҷумҳуриҳои собиқ шӯравӣ ба Тоҷикистон хоҳанд омад.

Сайфиддин СУННАТӢ, «Садои мардум»