Қабули Кодекси тандурустӣ муҳиму саривақтист

№120 (3600) 20.09.2016

I-09-OBSCH-med-f09_640Инсон офаридаи хеле нозук ва дар як вақт мураккаб буда, табиатан омӯзишу таҳқиқи мӯшикофонаро мехоҳад ва аз лиҳози физиологию психологӣ ба пажӯҳиши ҷиддӣ ниёз дорад.

Авзои кунунии ташвишовари  ҷомеаи ҷаҳонӣ, ҷангу буҳронҳо, нооромиҳо  дар давлатҳои алоҳида  низ ба ҳаёти иқтисодию иҷтимоии дигар давлатҳо беасар намондаанд. Вазифаи аввалиндараҷаи мо,  табибони кишвар, дар он аст, ки ба ҳадди имкон ниёзҳои мардуми кишварро бо маданияти баланди хизматрасонӣ ва донишу малакаи касбӣ дар дохили мамлакат бароварда созем.

Ҷумҳурии Тоҷикистон аз лиҳози тайёр кардани мутахассисони соҳаи тиб дар собиқ шӯравӣ яке аз ҷойҳои намоёнро ишғол менамуд ва дастпарварони Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ Сино берун аз шӯравии собиқ ҳам хуб истиқбол мешуданд. Бо шукргузорӣ бояд қайд намуд, ки маҳз бо шарофати дастгирии ҳамаҷонибаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ ­Раҳмон соҳа батад­риҷ роҳ сӯи эҳёи шуҳрати пешина гирифтааст ва дар муддати кӯтоҳ дастоварду пешравиҳои ҷиддие ба назар мерасанд. Имрӯзҳо на танҳо дар дохили кишвар, балки берун аз он табибони тоҷик фаъолияти назаррасро ба роҳ мондаанд ва обрӯи Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ боло мебаранд. Соли равон бо дарназардошти нарасидани мутахассисони соҳаи тиб ва пӯрзур намудани потенсиали кадрӣ дар ноҳияи Данғара Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон таъсис ёфт, ки иқдоми хеле наҷиб мебошад.

Ман ба ояндаи соҳа назари нек дорам, бо вуҷуди он ки мушкилиҳо кам нестанд. Ҳалли якбораи ҳамаи онҳо дар  як солу ду сол берун аз имкон мебошад. Ба фикри ман, механизми дурусти коргузорӣ дар муассисаҳо, бо роҳи баланд бардоштани сифат ва малакаи хизматрасонии кормандон, маблағгузории ғайрибуҷетӣ бо мақсади вусъати кор, ҳавасмандгардонии  кормандон, аз байни бурдани зуҳуроти номатлуб, аз ҷумла фасод, дастгирӣ ва такя ба мутахассисони дохилӣ, истифодаи мақсаднок аз таҷрибаи давлатҳои пешрафта дар шароити кунунӣ муҳим аст.

Шунидани хушхабар дар бобати он, ки дар ояндаи наздик дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  бори нахуст Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул мегардад, хеле рӯҳбаландам сохт.

Ҷавобан ба дастгирию ғамхориҳои роҳбарияти Ҳукумату Давлат, олимони соҳа низ кӯшишҳои зиёд намуда истодаанд, ки тибби тоҷикро инкишоф диҳанд. Ба табобати бисёре аз бемориҳои пештар дар ҷумҳурӣ аз имкон берун муваффақ гарданд ва ба ин восита дар пешрафти иқтисодиёти мамлакат ва пешгирии коҳиши буҷети оилаҳо ҳиссагузор бошанд. Чунончӣ, алҳол дар ҷумҳурӣ табибони тоҷик амалиётҳои пайвандсозии узвҳо, табобати дилу рагҳо, бемориҳои ирсӣ ва нуқсонҳои модарзодиро, ки қаблан дар дигар давлатҳо анҷом дода мешуданд, гузаронида истодаанд.

Боварии комил ҳаст, ки даҳсолаҳои наздик дигар беморие нахоҳад монд, ки дар кишвари азизамон табобаташ ғайриимкон бошад.

 Акбаршо АХМЕДОВ, корманди МД «Маҷмааи тандурустии «Истиқлол», номзади илмҳои тиб