Адлу инсоф бояд меъёри асосии фаъолияти соҳибкорон бошад

№64 (3858) 24.05.2018

IMG_20180520_152916Чанд соли охир баробари фаро расидани моҳи шарифи Рамазон ва дар арафаи иди саиди Фитр аз ҷониби баъзе аз савдогарон бе  ягон асос  боло бурдани нархи маҳсулоти ниёзи аввалия, аз ҷумла гӯшт,  орд, равған, биринҷ, тухм ва шир ба мушоҳида мерасид. Имсол вазъият рӯ ба беҳбудӣ овардааст.

Дар арафаи моҳи шарифи Рамазон (12 майи соли 2018) Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони ҷомеаи кишвар мулоқот ороста, таъкид намуданд, ки: «…ба соҳибкорону тоҷирон такроран хотирнишон месозам, ки дар моҳи Рамазон нарху навои маҳсулотро беасос баланд бардошта, ҳамватанони худро ба азият гирифтор накунанд. Дар аксари кишварҳои исломӣ ва мусулмоннишин тоҷирон нархро, баръакс, дар ин моҳ арзон мекунанд, то ки бо ҳамин роҳ низ соҳиби савоб шаванд».

IMG_20180520_153003Мушоҳидаҳо дар чанд бозори шаҳри Душанбе маълум кард, ки аксар соҳибкорону тоҷирон бо таваҷҷуҳ ва дастгирӣ аз суханони Сарвари давлат кӯшиш кардаанд молу маҳсулотро дар моҳи шарифи Рамазон бо нархи дастрас пешкаши харидорон гардонанд.

Дар бозорҳои «Меҳргон» ва «Деҳқон» нархи маҳсулоти ниёзи аввал тағйир наёфта, ба муносибати фарорасии моҳи мубораки Рамазон ярмаркаҳои фурӯши дастранҷи деҳқонон ва маҳсулоти озуқае, ки талаботи мардум ба онҳо зиёд аст, ташкил шудааст. Дар бозори «Деҳқон» — и пойтахт як литр равғани пахта 10 сомонӣ, 1 кило картошка 2,6 сомонӣ, 1 кило пиёз 0,7 сомонӣ, 1 кило гӯшт аз 34 то 36 сомонӣ нарх дорад.

Рӯзе, ки ба бозори «Меҳргон» рафтем, дар ярмаркаи ташкилнамудаи кишоварзони вилояти Суғд савдо дар авҷ буд. Аз чеҳраи харидорон маълум буд, ки онҳо аз фаровонӣ ва нархи нисбатан арзон қаноатманданд.

- Шукри фаровонӣ, ки метавонем дилхоҳ молу маҳсулотро харидорӣ намоем. — Аз он шодмону рӯҳбаланд шудем, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони ҷомеаи кишвар мулоқот ороста, аз фазилатҳои моҳи мубораки Рамазон, адлу инсоф, дастгирии ниёзмандон ҳарф заданд ва таъкид карданд, ки нархро баланд накунанд. Вазъият дар бозорҳо хуб аст ва Худо хоҳад ин ҳолат дар давоми моҳи мубораки Рамазон ва баъди он низ идома меёбад, — иброз дошт сокини пойтахт Хуршед Шарифов.

Бояд қайд кард, ки дар бозорҳои хурде, ки дар маҳаллаҳои гуногуни пойтахт амал мекунанд, нарх нисбатан гарон аст. Масалан, дар бозорчаи «Муросо»- и маҳаллаи 102 помидор 9 — 10 сомонӣ арзиш дорад, дар ҳоле ки қимати он дар бозори «Деҳқон» 5 — 6 сомонӣ аст. Гӯшт дар дӯконҳои ин маҳалла 39 — 40 сомонӣ фурӯхта мешавад. Аз ин бармеояд, ки баъзе аз тоҷирон аз ярмаркаҳо маҳсулотро бо нархи арзон харида, дар кунҷи дигари шаҳр бо нархи гарон мефурӯшанд. Хуб мешуд ярмаркаҳои фурӯши маҳсулоти ниёзи аввалро дар маҳаллаҳои дигари пойтахт низ ташкил мекарданд.

Зимни таҳияи мақола аз хабарнигорони дар маҳалҳо фаъолиятдошта низ хоҳиш намудем роҷеъ ба нархи маҳсулот дар моҳи шарифи Рамазон маълумот диҳанд. Маълум гардид, ки нарх дар бозори марказии вилояти Хатлон — шаҳри Бохтар айни ҳол тағйир наёфтааст. Дар бозорҳои ин шаҳр як кило картошка 2,30 сомонӣ, пиёз 0.5 сомонӣ, сабзӣ 1.8 сомонӣ ва гӯшт 38 сомонӣ нарх дорад.

Дар бозори марказии шаҳри Хуҷанд – «Панҷшанбе» арзиши як кило биринҷ 6 сомонӣ, мош — 9, гӯшти гов – 35, гӯшти гӯсфанд – 42, равғани пахта – 10 сомонӣ, пиёз – аз 70 дирам то 1,5 сомонӣ, сабзӣ аз як то ду сомонӣ, як халта орди навъи якум 130 сомонӣ ва навъи олӣ 150 сомонӣ муайян шудааст.

Боварӣ дорем, ки адлу инсоф минбаъд низ меъёри асосии фаъолияти соҳибкорону фурӯшандаҳо мегардад. Тавре Пешвои миллат иброз доштанд: «…ислоҳи вазъи маънавӣ ва иҷтимоие, ки бо сабру таҳаммул, хайру саховат, эҳтирому қадршиносии якдигар ва саодату оромии рӯҳ вобастагии бевосита дорад, танҳо дар моҳи Рамазон маҳдуд нашуда, дар ҳаёти мо бояд ҳамеша вуҷуд дошта бошад. Зеро караму раҳмати Худованд беҳадду ҳамарӯза аст ва муъмин бояд аз он пайваста ғизо гирад».

Бурҳониддин КАРИМЗОДА,

Ҷамшеди САБОҲИДДИН,

«Садои мардум»