Ҳафтаи аврупоии иммунизатсия

№49 - 50 (4155-4156) 18.04.2020

20-26 апрели соли равон дар кишварҳои Аврупо, инчунин, дар мамлакат Ҳафтаи аврупоии иммунизатсия баргузор ­мегардад.

Мақсад аз он баланд бардоштани сатҳи дониши аҳолӣ оид ба аҳамияти иммунизатсия, ки ягона воситаи самаранок доир ба пешгирӣ ва муҳофизат намудани кӯдакон аз бемориҳои сирояткунанда, аз ҷумла, сил, гулӯзиндонак, сурхча, гулафшон, кукоз, фалаҷ, гепатити B, сирояти ротавирусӣ, кабудсулфа ва гемофилии шакли b мебошад, арзёбӣ мегардад.

Дар ин бора аз Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика»-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумуҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

«Садои мардум»