Агар аз Ишкошим то Чатрол роҳи мошингард сохта шавад…

№140 (4090) 21.11.2019

image (1)Дар шаҳри Ҳавелиани шимолу ғарби Покистон 19 ноябр қисмати роҳи  баландсуръати шоҳроҳи Қароқурум ба истифода дода шуд. Тавре Сарвазири Покистон Имрон Хон зимни ифтитоҳи он иброз дошт, тарҳи мазкур, ки дар доираи долони иқтисодии Хитой ва Покистон (CPEC) мавриди истифода қарор гирифтааст, ба рушди ҳамкориҳои Покистон бо кишварҳои минтақа нигаронида шудааст. Дар доираи CPEC Покистон аз Хитой кумаки техникӣ, технологияи кишоварзӣ, ёрӣ дар омодакунии мутахассисон хоҳад гирифт. Бандари Гвадар низ бо мадади Хитой фаъол хоҳад шуд.

Роҳ чорқатора буда, 40 километрро дар бар мегирад ва шаҳрҳои Ҳавелиану Мансеҳраро бо ҳам  мепайвандад. То моҳи феврали соли 2020 дар ин самт боз 80 километр роҳи  баландсуръат сохта мешавад.

Тоҷикистонро аз ин масир долони Вахони Афғонистон ҷудо мекунад, ки 15 — 20 километр масофаро дар бар мегирад. Агар аз ноҳияи Ишкошим то шаҳри Чатроли Покистон роҳи  мошингард сохта шавад, Тоҷикистон низ ба долони иқтисодии Хитой ва Покистон пайваст хоҳад шуд.

С. НАҶМИДДИНЗОДА,

«Садои мардум»