Бозгашт ба мавзӯъ

Агар Тоҷикистон узви эътилофи офтобӣ шавад

№100 (3737) 22.08.2017

 панели офтобиДар шумораи № 90 (3727) аз 27 июли соли 2017-и  рӯзномаи «Садои мардум» мақолае зери унвони «Қонун «Дар бораи истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия» чӣ гуна амалӣ мегардад?» ба табъ расид, ки дар он оид ба таъсиси ҷойҳои корӣ бо истифода аз неруи офтоб, бод ва пору (биогаз) сухан мерафт. Вобаста ба он мехостем аз таҷрибаю дастовардҳои яке аз шарикони стратегии Тоҷикистон-Ҷумҳурии Ҳиндустон ёдовар шавем.

Солҳои охир Ҳиндустон яке аз марказҳои ҷаҳонии энергияи тозаву барқароршаванда гардидааст. «Кишвари афсонаҳо» миёни энергияи анъанавӣ, ангишт ва барқароршаванда беҳтаринашро интихоб намуд. Яъне, Ҳиндустон рӯ ба энергияи тозаву барқароршаванда оварда, ба комёбиҳои зиёд ноил гашт. Арзиши неруи фотогалваникаи офтобӣ (PV) имрӯз дар ин кишвар чоряки нархи соли 2009-ро ташкил медиҳад. Бинобар афзудани теъдоди таҷҳизоти офтобӣ арзиши неруи барқ минбаъд низ поён рафтан мегирад. Ҳиндус­тон, ки соле зиёда аз 300 рӯзи офтобӣ дорад, тасмим гирифтааст дар соҳаи неруи барқи офтобӣ «инқилоб» кунад. Чанде пеш дар як музояда, зимни муаррифии лои­ҳа дар иёлати Раҷастҳан, тарифи неруи  барқ ба дараҷаи рекордӣ арзон шуд ва ҳар киловатти он 2,44 рупия  (4 сент)-ро ташкил дод.

Моҳи ноябри соли 2015 бо ташаббуси Ҳиндустон ва Фаронса Эътилофи байналмилалии офтобӣ (МСА)-ро таъсис доданд. Эътилофи мазкур то ин давра 121 мамлакатро ҷалб намуд. Эътилоф кӯшиш ба он дорад, ки истифодаи неруи барқи офтобиро дар ҷаҳон афзоиш  диҳад ва бо ин мақсад маблағи зиёдеро сармоягузорӣ кунад. Дар назар аст, ки то соли 2030 бо ин мақсад 1 триллион  доллари ИМА ҷалб шавад.

Ҳукумати Ҳиндустон мақсад гузоштааст, ки то соли 2020 иқтидори энергияи «сабз»-ро аз ҳисоби офтобу шамол ба 160 гигаватт расонад. Дар баробари чароғон шудани манзили миллионҳо нафар, ин барнома боиси ҷалби сармояи ширкатҳои байналмилалӣ ба «бозори офтобӣ»-и Ҳиндустон хоҳад шуд. Танҳо дар ду соли охир аз ҳисоби неругоҳҳои офтобӣ 9 гигаватт ба иқтидори энергетикии Ҳиндустон зам шуд. Тайи се соли охир  тавоноии  неругоҳҳои офтобӣ дар ин кишвар 370% афзуд. Дар Ҳиндустон соли 2016 аз ҳисоби неругоҳҳои нави шамолӣ 3,6 гигаватт неруи барқ истеҳсол  гардид. Якбора зиёд шудани истеҳсоли энергияи тоза талабот ба ангиштсангро кам кард. Якчанд неругоҳи барқии ҳароратӣ, ки бо истифодаи ангиштсанг кор карда, боиси ифлосшавии ҳаво мегаштанд, фаъолияташонро қатъ карданд. Лоиҳаҳои афзоиши истеҳсоли ангиштсанг  рад карда шуданд. Ҳоло илова бар паркҳои офтобӣ, дар болои боми хонаҳои сокинони Ҳиндустон теъдоди таҷҳизоти офтобӣ афзуда истодааст. Дар дарё ва дигар манбаъҳои об платформаҳои офтобии шинокунанда низ зиёд ба чашм мерасанд. Ҳиндустон тасмим гирифтааст, ки то соли 2030 фурӯши электромобилҳои истеҳсоли ватаниро ба роҳ монад.

Тибқи барномаи ULALA то ин дам дар Ҳиндустон 241 миллион адад фурӯзонаки светодиодӣ ба аҳолӣ тақсим шудааст, ки ин бузургтарин барномаи чароғонкунӣ дар ҷаҳон маҳсуб меёбад. Дар натиҷаи амалишавии барномаи мазкур зиёда аз 6000 мегаватт  неруи барқ сарфа гардид. Ҳамчунин, барнома дар як сол боиси пешгирии истихроҷи 25 миллион тонна гази карбонат ба фазо шуд. Ҳукумати Ҳиндустон тасмим гирифтааст, ки то соли 2019-ум 770 миллион адад фурӯзонаки тасфонро бо светодиод  иваз намояд.

Ҳамаи ин чорабиниро Ҳиндус­тон дар доираи уҳдадориҳояш оид ба Созишномаи Париж дар самти тағйирёбии иқлим амалӣ месозад. Ҳоло дигар кишварҳои минтақа ба Ҳиндустон дар самти истифодаи энергияи барқароршаванда пайравӣ карда истодаанд.

Хуб мешуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон низ узви Эътилофи байналмилалии офтобӣ шавад. Дар он сурат мо метавонистем аз ҳамкории байналмилалӣ дар самти истифодаи неруи офтоб ва шамол манфиат гирем. Неруи офтоб на танҳо барои  тавлиди барқ, балки барои баровардани об ба минтақаҳои беоб, гармкунии обу манзил, хушккунии меваҳо ва ғайра низ истифода мешавад. Ҳамаи ин, албатта, боиси таъсис­ёбии ҷойҳои нави корӣ ва баланд шудани сатҳи зиндагии сокинони мамлакат мегардад.

Сайфиддин СУННАТӢ,

«Садои мардум»